“Меҳргоҳ» дар меҳмонии «Фурӯғ»
Маҷмӯаи лавҳаҳо, ёддоштҳо ва хотираҳои шоираи ширинкалом Гулчеҳра Сулаймонӣ «Меҳргоҳ» дар худ саҳнаҳои ҷолибу таъсирбахш ва гарму ширини дурии дуриҳои хотироти шоираро дар бар мегирад.
Мавзуъ ва мундариҷаи маҷмӯа доираи васеи хонандагони худро дорад. Бо ташаббуси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” барномаи навбатии телевизионии “Фурӯғ” бо иштироки адиби дӯстдоштаи кӯдакон Азизи Азиз баргузор шуд, Дар он хонандагони фаъоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ва ҳамчунин довталабони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат варзиданд.
Адиби маъруф Азизи Азиз маҳфилро оғоз намуда, аз одобу ахлоқ ва дӯстдории китобу мактаб бо хонандагон суҳбат кард. Барномаи маҳфил ба таҳлилу баррасии китоби адиби ширинбаён Гулчеҳра Сулаймонӣ – «Меҳргоҳ» бахшида шуда, мавриди сӯҳбат қарор гирифт. Офаридаҳои адиб ҳар кадоме бозгӯи як паҳлӯи зиндагианд. Бахусус, қиссаҳои ёддоштии шоир дар бораи падари худ Пайрав Сулаймонӣ ҷолиб буда, дар онҳо хотироти рангини Гулчеҳраи хурдакак бо рангу бӯи бачагӣ нақл карда мешаванд.
Агар дар қиссаи «Падарам» риштаи хотироти муаллиф моро ба ҳавлии падар, ба маҳаллаи «Қӯшҳавз» воқеъ дар шаҳри Самарқанди қадим бурда, шоҳиди лаҳзаҳои ширини даврони бачагии шоира созад, пас дар «Дидори вопасин» сухан аз таърихи гум шудани дафтари охирини ашъори Пайрав Сулаймонӣ меравад. Чунин қиссаҳои ёддоштӣ моро на танҳо аз саргузашти Гулчеҳра Сулаймонӣ воқиф месозанд, балки бо баъзе ҳодисаҳои ҳаёти шоир Пайрав Сулаймонӣ низ шинос мекунанд. «Шабҳои дарози зимистони ин ҳавлӣ ҳанӯзам дар ёдам ҳаст. Ҳамин ки рӯз торик шуд, ба хонаи мо хешовандон, ҳамсояҳо – дӯстони оилаи мо ҷамъ мешуданд. Он вақт шеърхонӣ, байтбарак, афсонаҳову сӯҳбатҳои ширин, хандаву шодӣ сар мешуд» – ёд меорад Гулчеҳра Сулаймонӣ.
Дар фароварди барнома иштирокдорон миёни ҳам суолу ҷавоб намуда, аз лаҳзаҳои ҷолиби таронаву ёддоштҳои хотиравӣ порчаҳо хонданд, ки ин барои баланд бардоштани завқи китобхонии кӯдакону наврасон таъсири калон дорад.
Бояд зикр намуд, ки тибқи дастури Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ низ барои иштирокчиёни даври чумҳуриявии Озмун имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст. Мувофиқи он, довталабони даври чоруми Озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ва филологии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе озмун ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.
Махфират Муҳиддинова
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа