Меҳргони Меҳрангез
Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дўстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рўёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дўстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, новобаста аз мушкилоти давраи гузариш, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба рушди фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хирадмандона ва фарҳангии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ташаккули тафаккури бунёдкорӣ, тарбияи ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстӣ, сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва ҳамдигарфаҳмии сокинони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ноил шудан ба ҳадафҳои мазкурро Сарвари давлат тавассути фарҳанги миллӣ, аз ҷумла бо роҳи эҳёи мероси таърихию фарҳангӣ арзёбӣ намудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ аз 21 декабри соли 2021, иброз намуданд, ки ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо-ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад.
Дар самти арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳо Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврўз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Эҳёи ҷашнҳои миллӣ ва ба вуҷуд овардани шароити мусоид ҷиҳати омузиш, таҳқиқ,ташаккул ва таҷлили он вазифаи муҳими фарҳангиёну фарҳангшиносон,санъатшиносон, аҳли зиёи кишвар мебошад. Дар ин ҷода мо вазифадорем, ки дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллӣ ва мероси фарҳангии хешро аз таъсири номатлуби фарҳанги бегона ҳифз намоем, то маънавиёти бузургамон дар ин ҷараён осеб набинад.
Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимтарин ва мероси гаронбаҳои фарҳангии миллати тоҷик мебошад, ки ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дўстию рафоқати одамон ба якдигар, ваҳдату ягонагӣ, меҳроварӣ, накӯкорӣ, тантана ва намоиши ранҷи кашидаи кишоварзон аст, ки ниёкони мо баъди ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекардаанд.
Ин ҷашн баробари инкишоф ёфтани корҳои деҳқонӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст. Меҳргон асосан иди ҳосилот аст ва дар оғози фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад, ки бо ҳисоби милодӣ аз 23 сентябр то 22 октябр давом меёбад. Дар гузашта миёни мардум расм будааст, ки ҳар моҳ, ки номи моҳу номи рӯз баробар меомадааст, он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Ин ҷашн рўзи 16- и меҳр, ки онро рўзи Меҳр меноманд, баргузор мегардад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Митракона ё Митра зикр шудааст ва таърихи чандинҳазорсола дорад. Истилоҳӣ, вожаи «Меҳр» дар забони паҳлавӣ дар шакли «митр» (mitr) омада, маъниҳои дӯстӣ, муҳаббат, офтоб ва хуршедро ифода карда, исми яке аз Худоёни қабл аз замони Зардушт будааст.
Абулқосим Фирдавсӣ дар асари безаволи худ “Шоҳнома” сабаби ба вуҷуд омадан ва таҷлил намудани ҷашни Меҳргонро вобаста ба пирўз гардидани Фаридун бар Заҳҳок нисбат додааст. Мувофиқи гуфтаи ў, дар ин моҳ Фаридун бар Биварасп – Заҳҳоки морон пирўз шуд ва ўро дар ғори бепоён дар кўҳҳои Хуросон партофт ва болояшро пўшонид. Ва тахти ориёӣ боз ба насли Ҷамшед ба Фаридун бозгашт ва ў ин рўзро таҷлил намуд. Чунончи худи Фирдавсӣ мефармояд:
Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,
Надонист ҷуз хештан шаҳриёр.
Ба расми каён тоҷу тахти меҳӣ.
Биёрост бо кохи шоҳаншаҳӣ.
Ба рўзи хуҷаста сари меҳрмоҳ,
Ба cap барниҳод он каёнӣ кулоҳ.
Замона беандўҳ гашт аз бадӣ,
Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ.
Дил аз доварихо бипардохтанд,
Ба оини Кай ҷашни нав сохтанд.
Нишастанд фарзонагон шодком,
Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом,
Maи равшану чеҳраи шоҳи нав,
Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав.
Бифармуд, то оташ афрўхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сўхтанд.
Парастидани Меҳргон дини ўст,
Таносониву хўрдан оини ўст.
Кунун ёдгор аст аз ў моҳи Меҳр,
Бикўшу ба ранҷ эч манмой чеҳр.
Маҳз ҳамин адешаи Фердавсӣ дар сарчашмаи дигари таърихӣ, аз ҷумла “Таърихи Табарӣ” низ дарҷ шудааст. Муаллифи “Таърихи Табарӣ” пайдоиши ҷашни Меҳргонро ба пирўзии Фаридун бар Заҳҳок дар моҳи меҳру рўзи меҳр нисбат додааст ва он рўзро оғози ҷашни Меҳргон номидааст.
Яке аз донишмандони маъруфи асрҳои миёна, ки дар осори худ аз ҳама гуна ҷашнҳои тақвимии мардуми ориёитабор қисса кардааст, Абурайҳони Берунӣ мебошад. Ў дар баробари дигар иду ҷашнҳо пайдоиш ва суннатҳои иди Меҳргонро дар ду асари худ–«Китоб-ут-тафҳим ли авоили саноат-ит-танҷим» ва “Осор-ул-боқия” хеле равшану возеҳ тасвир кардааст. Аз ҷумла, ў дар «Китоб-ут-тафҳим” навиштааст: «Меҳргон чист?-Шонздаҳум рўз аст аз меҳрмоҳ ва номаш Меҳр. Ва андар ин рўз Афридун зафар ёфт бар Биюросби Ҷоду, он-к маъруф ба Заҳҳок. Ва ба кўҳи Дамованд боз дошт. Ва рўзҳо, ки сипаси Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд бар кирдори он чи аз паси Наврўз бувад. Ва шашуми он Меҳргони бузург бувад ва Ромрўз ном аст ва бад ин донандаш».
Пас аз таҳлилу омўзиши сарчашмаҳо ва дигар асарҳои роҷеъ ба иди Меҳргон бахшидашуда маълум мегардад, ки Меҳргон дар баробари идҳои Наврўз ва Сада яке аз ҷашнҳои асосӣ ва қадимии мардумии ориёитабор буда, бар асоси тақвимҳои нуҷумиву мардумӣ ва мавсимӣ аз идҳои дигар тафовут дорад, вале Меҳргон, Наврўз ва Сада дар якҷоягӣ гардиши моҳро ифода мекунанд, ки Меҳргон оғози тирамоҳро нишон медиҳад. Ғайр аз ин, агар Наврўз фарорасии соли навро нишон диҳад, Меҳргон фурўравии он ҳисоб мешавад, ки ҳар ду дар якҷоягӣ як соли комили кишоварзиро нишон медиҳанд. Ёдовар мешавем, ки ин ҷашни авлодии мо дар тўли таърих ба сарзаминҳои Шарқу Ғарб доман паҳн карда буд. Аз таҳлили сарчашмаҳои дастрасшуда маълум гардид, ки яке аз маросимҳои ҷолиби Меҳргон дар дарбор шурўъ шудани таҷлили он буд. Аксари муҳаққиқон ба ин назаранд, ки чун мазҳари оини меҳрпарастӣ Хуршед буд, шоҳон бештар маросими тоҷгузории худро дар ин рўз анҷом медоданд ва дигар тадорукоти муҳимми давлатиро низ ба ҳамин рўз мавқуф мегузоштанд. Масалан, ривоят аст, ки маросими тоҷгузории Анўшервони Одил дар ҳамин рўз сурат гирифтааст.
Ба ҷашни Меҳргон Истиқлолияти Давлатӣ умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гўшаю канори кишварамон бо шукўҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад ва пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ ва рўзгори аҳли фарҳангу гоҳшуморӣ марбут аст, бо дастури Асосугзори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин иди бостонӣ ҳар сол моҳи октябр чун иди миллии давлатӣ дар тамоми кишварамон бо шукўҳу шаҳомат таҷлил мегардад.
Дарвоқеъ, бо ташаббуси Пешвои миллат таърихи пайдоиши ҷашнҳои сегонаи миллӣ, ки ба қаъри асрҳо рафта мерасад ва ин ҷашнҳо инъикосгари расму русум, хулқу атвор ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик мебошанд, аз ҷониби муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ пажўҳиш гардида истодаанд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегўянд: «Гузаштагони тамаддунсозу фарҳангии мо-тоҷикон, аз замонҳои қадим ҷашнҳои бузурги Наврўз, Меҳргон ва Садаро бо риояи расму анъанаҳои куҳан таҷлил менамуданд»”
Дар ҳамин асос, ҷашнҳо ҳамчун намунаҳои фарҳанги миллии гузаштаву ҳозираи таърих ва ҳаёти миллатро мепайванданд. Омўзиши таърихи пайдоиш ва раванди таҳаввулу ташаккули ҷашнҳои миллӣ барои ваҳдату ягонагӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ, арҷгузории таърихи тамаддун ва фарҳанги миллӣ зарурати ҳатмиро метавонад соҳиб гардад.
Замира Ҳомидова, корманди шуъбаи маълумотдиҳию библиогирафӣ