Меҳринисо: Ба ғолибияту пулаш намеандешам, чун китобро барои худам хондаам
Ҳамсуҳбатам Меҳриннисои Исфандиёр, намояндаи шаҳри Душанбе дар номинои хондан ва аз ёд кардани адабиёти классикии озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст». Меҳриннисо дар синфи 10-уми мактаби рақами 99 –и ноҳияи Сино мехонад. Мегўяд ҳар касе озмунро тамошо кунад, ба худ суол медиҳад оё ман дар он ширкат варзида метавонам.
– Чӣ шуд, ки ҳаваси ширкат дар озмунро кардӣ?
– Озмунро тавассути телевизион тамошо намуда пеши худ мақсад гузоштам, ки дар он на танҳо ширкат мекунам, балки пирӯз ҳам мешавам. Дидам, ки метавонам дар озмун ширкат намоям, дастгирии устодону хонаводаам низ назаррас аст. Бо зафар ёфданам даври шаҳрӣ, худамро баранда меҳисобам ва касбамро интихоб намудам: филологи муваффақи тоҷик мешавам.
– Сазовори ҷойҳои намоён гардӣ, маблағашро масрафи чӣ менамоӣ?
– Агар ғолиб шавам, шумори китобҳои китобхонаамро, ки ҳоло 500 адад аст, ба 3000 мерасонам. Ҳоло мақсадам танҳо ширкат аст, ба ғолибияту пулаш намеандешам, чун китобро барои худам хондаам.
– Китобхоният ба хонаводаву ҳамсинфон чӣ таъсир гузошт? Касеро китобхон кардӣ?
– Хоҳарамро, ки довталаби номинои адабиёти муосири тоҷик буд ва то даври шаҳрӣ роҳхат гирифт. Аз он, ки то даврҳои баъдӣ иҷозати рақобатро аз даст дод, ноуме д нашуда, омодагиро аз ҳоло барои соли дигар оғоз кард. Ширкати ў аз он дарак медиҳад, ки ба озмун баҳои баланд бояд дод. Ҳар касе , ки дар озмун ширкат мекунад, дар қатори ў хонаводааш низ ба китоб ҳавасманд мешаваду шавқ пайдо мекунад.
– Агар ғолиб наоӣ, дилмонда мешавӣ?
– Ҳар кас наметавонад, ғолиб биёяд ва бо чунин рақибони сахт набард намояд. Ҳар касе наметавонад дар чунин озмун ширкат карда, ин миқдор шеъру китоб мутолиа намояд. Талабот вазнин аст. Озмун озмун аст. Ҳар кас меҳнат мекунад, мақсади ғолиб шудан дорад. Сабқати шадид рафта истодааст. Рақибони мо, ки аз гӯшаву канори кишвар ҷамъ омадаанд, рақобати солимро таъмин менамоянд. Беҳтаринҳо баъдан муайян мегарданд. Иштирок худаш ғолибият аст. Аммо агар одам бовар дошта бошанд, чаро ғолиб намеояд? Аз мактабамон довталабони озмун то даври ноҳиявиву шаҳрӣ расиданд, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат нагирифтанд. Ман, ки дар даври шаҳрии озмун ғолиб омадам ва то даври ниҳоӣ роҳхат гирифтам, худамро пирўз мешуморам. Мақсадам мукаммал намудани дониш аст.
-Чаро адабиёти классикиро интихоб намудӣ?
– Ҳуте гуфтааст девона мешавам, агар рўзе Ҳофизро нахонам. Адабиёти мо бахше аз адабиёти ҷаҳон аст. Гузаштагони мо асарҳои ҷовидона ба мо мерос гузоштаанд. Он саросар пандомез, ибратомез ва ишқи ирфониву ишқи илоҳиро дар бар мегирад. На лашкаркашиҳои аҷнабиён, на дигарон адабиёти гузаштагони моро аз байн бурда тавонист. Асарҳои класиконамон қиёснашавандаанд. Кишвари моро бо чӣ мешиносанд? Ба адабиёти ғаниямон.
– Барои беҳтар шудани озмуни мазкур дар оянда чӣ пешниҳод дорӣ?
– Мехоҳам озмун аз байн наравад. Дар як сол 4 озмуни баруманду бузург дар кишвар доир гардид.Агар ин озмун 5 соли дигар давом кунад, дар хонаводаи тоҷик касе намемонад, ки ба китоб рў наорад. Миллати тоҷик метавонад дар муддати 10 ё 20 сол якбора саҳмашро ба ҷаҳони мутамаддин гузорад. Кишвари муваффақро аз куҷо мешиносанд? Аз рўи дастовардҳояшон, яъне ба захираи умумии ҷаҳонӣ чӣ гузоштааст. Миллати тоҷикро бо адабиёти ғанӣ мешиносанд.
Ҳоло, ки сомонаҳои иҷтимоӣ одамонро танбал намудааст, ҷавонон аз он ба ҷои манфиат, зарар мегиранд. Аз ин рў беҳтар аст ба сохтани худашон бипардозанд.
Раҳима Бобоева.