«Меҳрнома»-и Комрон Мирзоев аз чоп баромад

МеҳрномаКитоби “Меҳрнома”-и Комрон Мирзоев, унвонҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ба тозагӣ чоп шудаву чанд нусха аз он ба Китобхонаи миллӣ ҳам тақдим шудааст. Дар муаррифии он омадааст, ки китоб ба ҳаёт ва фаъолияти олими номдор, устоди соҳибхирад ва инсони наҷиб Бобо Мирзоев бахшида шудааст, ки тамоми зиндагиашро баҳри таълиму тарбияи ҷавонон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ сарф намуда, дар рушди илми иқтисоди кишвар саҳмгузор мебошад ва кунун ба 70-умин баҳори умри бобаракати хеш расида.

Дар ин китоб таҳти унвони “Меҳрнома” воқеан номаҳои саршор аз меҳру муҳаббат ва дӯстиву садоқати устодону ҳамкорон, шогирдон, дӯстон ва ҳамдиёрон, ки ба табрикоти соҳибҷашн ирсол шудаанд, ҷамъ оварда шудааст.

Инсони комил мисли гавҳарест, ки дар ҳама давру замон дурахши худро ҳифз мекунад. Ин гуна инсон бо ҳама сифоту хислатҳои некаш барои атрофиён намунаи ибрат аст. Имрӯз садҳо шогирдони устод дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии шаҳру навоҳӣ ва деҳот ва дар умум дар пешравию ободӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми муносиби худро мегузоранд.

Дар китоб аз нигоштаҳои соҳибҷашн низ намунаҳо оварда шудааст, ки ин чанд дубайтӣ аз он ҷумла аст:

Биё, ки мову ту пайваста бошем,

Ба ҳам монанди як гулдаста бошем.

Дар ин умри азизу кӯтаҳи хеш,

Ба ҳам аҳду вафо нашкаста бошем.

****

Биё, ки қалби ман ройи ту бошад,

Тамоми манзилам ҷойи ту бошад.

Дар ин дунёи сарду нобасомон,

Умеди ман ба фардои ту бошад.

****

Шамоли нозанин серун вазида,

Чу мушку анбаре бар мо расида.

Зи бӯйи дилхушаш махмур гаштем,

Ҷаҳон то ҳол чунин накҳат надида.

****

Аҷаб абрӯ, аҷаб чашмон, аҷаб лаб,

Рабуда ҳушу ёдам рӯзу ҳам шаб.

Чу ҳурони биҳишт андар фазоӣ

Зи ҳар як лутфи ту боло шавад таб

****

Дар шаҳри Хуҷанд ғариб ҳастем чу Камол,

Чун мурғи ғарибе, ки надорад пару бол,

Аз мо нарасад суд ба ин халқи кабир,

Субҳона насиба кардем аз боду шамол.

Хонандагон китоби Комрон Мирзоев «Меҳрнома»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Фарзона Шарифова
мутахасиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.