Меҳрномаи як омӯзгор. Пешвои маҳбуби мо
Насли Истиқлолу сулҳу ваҳдатем
Пайравони пешвои миллатем
Таърих барои ҳар халку миллат чеҳраҳоеро дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ эҳдо мекунад, то бори сарҷамъӣ, хештаншиносӣ,танзим ва рушди миллатро ба душ дошта бошад. Барои миллати тоҷик ин гуна шахсияти шариф Асосгузори сулху ваҳдатӣ миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Шахсияти барҷастае,ки рӯзгори ӯ, хулқу атвори ӯ ва кору пайкари ӯ сазовори пайгирии ҷавонон буда метавонад. Ба кадом хотир сарвари мамлакатро мо барои ҷавонону наврасон идеал медонем ва ба кадом корҳои ӯ пайравӣ кардани онҳоро тамоно дорем?
Пеш аз ҳама, роҳбари давлати мо марди оқилу доно ва дорои фарҳангу маърифати волост. Ӯ ба хотири амнияти кишвар ба ҳама ҳамсояҳо ва мухолифини дохилӣ дасти дӯстӣ дароз кард ва муваффақ гардид, ки дар мамлакат суботу амният ҳукумфармо бошад. Гуфтори ҳикматомезест, ки “Сад дӯст каму як душман зиёд”. Ба фикри ман сарвари мамлакати мо тибқи ҳамин ҳикмати ниёгон амал мекунад ва моро низ ба дӯст доштани якдигар даъват менамояд.
Хислати дигари Пешвои миллат,ки арзандаи пайравист, ба қавли худ устувор будани ӯст. Сарвари мамлакат дар ибтидои зимаи ҳокимиятро ба даст гирифтан ба халқи Тоҷикистон ваъда дода буданд, ки ”Ман ба шумо сулҳ меорам”ва ба ин ваъдаи худ вафо карданд. Эмоалӣ Раҳмон тавонистанд, ки мардуми аз якдигар нобоварро боз ҳам наздик созанд ва дар Тоҷикистон сулҳу амниятро пойдор намоянд. Бе ваҳдату ягонагӣ кишвари мо ҳеч гоҳ рушту инкишоф намеёбад. Ҳамин иқдоми сулҳпарварии Сарвари мамлакат моро низ водор месозад, ки ҳамеша дар пайи амнияту осоиши мардум бошем, ягдигарро дӯст дорем ва эҳтиром намоем.
Пешвои миллат бораҳму шавқат ва мурувватпешанд. Ҳамин аст, ки миёни ҷомеа соҳиби эҳтирому иззату обрӯянд.
Пешвои мо ятимпарваранд бо борҳо таъкид кардаанд, ки ман ҳамеша дасти ятимонро мегирад. Борҳо шоҳидем, ки шахсан худашон ба ятиммхонаҳо рафтаву бо ятимон суҳбат кардаву ба онҳо сару либос пӯшондаанд. Сарвари меҳрубон ҳамвора ба дигарон рӯ оварда мегӯянд, ки ба ятимон меҳрубону самимӣ бошанд. Чунон ,ки бузургон гуфтаанд.
Ҳарки хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.
Хулоса кору фаъолият ва ахлоқи накуи Пешвои муътабари миллат барои мо ва ҷавонону наврвсони азизи мо ҳамеша намунаи ибрат аст. Тавре,ки шоире аз номи мо гуфтааст:
Зиҳӣ, эй Пешво
Зиҳи ,эй пешво дарёфтам, бешак худо бо туст,
Ҳаводорат на танҳо ин замин, балки само бо туст.
Хуморбӣ ШАРИФОВА, омӯзгори синфи ибтидоии МТМУ №70, шаҳри Бохтар.