МЕНЕҶМЕНТИ КИТОБХОНА: Мафҳумҳо ва категорияҳои асосӣ
Дар ҷараёни инкишофи назарияи менеҷмент муайян кардани асосҳои он мавқеи марказиро ишғол намуда, мафҳуми «менеҷмент» барои тавсифи равандҳои идоракунии ташкилот истифода бурда мешавад. Бо мурури замон, менеҷмент ҳамчун намуди махсуси фаъолияти касбӣ мураккаб гардид.
Айни замон истилоҳи “менеҷмент” дар аксар мавридҳо ҳамчун мафҳуми “идоракунӣ” истифода мегардад.
Системаи муосири назару таҳлилҳо оид ба менеҷменти китобхона зери таъсири тағйироти объективии низоми идоракунии давлатӣ ва рушди таҷрибаи хориҷӣ инкишоф ёфтааст. Солҳои охир мудирияти китобхона ба фаҳмиши мустақили илмӣ ташаккул ва рушд ёфт.
Дар байни вазифаҳои муҳимтарини менеҷменти китобхона чунин вазифаҳоро метавон ном бурд: банақшагирӣ, ташкил, танзим, ҳамоҳангсозӣ, назорат, баҳисобгирӣ, ҳисоботдиҳӣ, ҳавасмандкунӣ ва қабули қарорҳои дахлдор.
Менеҷменти китобхона як соҳаи фаъолияти касбӣ аст, ки бо муайян кардани ҳадафҳо ва таҳияи роҳҳои самарабахши ноил шудан ба онҳо дар муҳити доимо тағйирёбандаи муассисаи китобхонавӣ ва иттилоотӣ алоқаманд аст.
«Менеҷмент ҳамчун санъати амалии идоранамоӣ, санъати ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ тавассути ташкили оқилонаи раванди истеҳсолот, истифодаи самараноки донишу малакаи кормандон низ шарҳ дода мешавад. Зеро ҳар як муассиса, аз ҷумла китобхона системаи мураккаби иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва технологӣ буда, ба мавҷудият ва фаъолияти он омилҳои мухталифи муҳити берунӣ ва дохилӣ таъсир мерасонанд».
Ин самти фаъолият идораи китобхонаро ҳамчун фаъолиятие баррасӣ менамояд, ки ба таъмини беҳбуди кори китобхона, баланд бардоштани самаранокӣ ва рушди он мутобиқи талаботи тағйирёбандаи истифодабарандагон нигаронида мешаванд.
Вобаста ба мавзӯи матраҳшаванда менеҷмент ба соҳаҳои инноватсия, молия, иттилоотонӣ, китобдорӣ, идоракунии кадрҳо, идоракунии сифат ва ғайра иртибот дорад.
Истилоҳи «менеҷменти китобхона» бошад, барои ифодаи соҳаи махсуси фаъолияти китобхона ва ҳам фанни таълимӣ истифода мешавад, ки вазифаи омӯзиши ин соҳа ва таҳияи тавсияҳои амалӣ оид ба такмили онро иҷро мекунад. Менеҷмент ҳамчун фанни таълимӣ бо маҷмӯи донишҳои эмпирикӣ ва доираи васеи мафҳумҳо ифода ёфтааст, ки ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти идоракуниро ошкор менамояд.
Ба андешаи мутахассисон «яке аз вазифаҳои муҳими идоранамоӣ ташаккул додани худи китобхона аст. Зеро ба мақсадҳои стратегӣ ҳамон вақт расидан мумкин аст, ки китобхона барои амалигардонии онҳо шароити заруриро дошта бошад (Аз ӯҳдаи иҷрои функсияҳои худ баромада тавонад)».
Менеҷменти китобхона ҳамчун фаъолияти амалӣ ба таъсис, таъмин ва рушди китобхона нигаронида шудааст.
Менеҷменти китобхона ба се равиш асос меёбад:
- Раванд ё усули ҷараёнӣ, ки дар он менеҷмент ҳамчун силсилаи пайвастаи вазифаҳои ба ҳам алоқаманди идоракунӣ баррасӣ мегардад.
- Муносибати низомӣ (системавӣ), ки дар он менеҷерон бояд китобхонаро ҳамчун маҷмӯи унсурҳои ба ҳам алоқаманд баррасӣ намоянд.
- Муносибати вазъиятӣ. Ба мувофиқ будани усулҳои гуногуни идоракунӣ нигаронида шудааст.
Аз ин рӯ, роҳи ягона ва «беҳтарин»-и идоракунӣ вуҷуд надорад.
Мафҳумҳои бунёдии менеҷмент «низоми идорашаванда» ва «системаи идоракунӣ» мебошанд, ки бо ҳамдигар дар робитаи зич амал карда, механизми ягонаро ташкил медиҳанд.
Менеҷмент ҳамчун самти махсуси фаъолияти китобдорӣ дорои ҷанбаъҳои зиёд буда, қисми асосии он ба фаъолияте нигаронида шудааст, ки ба бунёд, таъмини фаъолият ва рушди китобхона иртибот дорад.
Китобдорӣ соҳаи фаъолияти иттилоотӣ, иҷтимоию фархангӣ ва омўзишие мебошад, ки ба таъсис ва инкишофи шабакаи китобхонаҳо, такмил додани фонди онҳо, ба роҳ мондани хизматрасонии гуногуни китобдорӣ, иттилоотӣ, маълумотию библиографии истифодабарандагони китобхонаҳо, бозомузӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи китобдорӣ ва таъминоти илмию методии рушди китобхонаҳо нигаронида шудааст.
Дар соҳаи китобдорӣ шартан се дараҷаи идоракуниро ҷудо мекунанд: олӣ, миёна, поёнӣ. Мувофиқи он, се категорияи кормандон ба ҳайси кормандони роҳбарикунандаи китобхонаҳо гурӯҳбандӣ карда мешаванд:
- кормандони маъмурӣ ва роҳбарикунанда, ки вазифаҳои маъмурият, роҳбарии умумии китобхонаро иҷро мекунанд;
- менеҷерони функсионалӣ (сардорони шуъбаҳо), ки аз рӯи вазифаашон қарорҳои идоракуниро асосан оид ба равандҳои истеҳсолӣ таҳия ва асоснок мекунанд;
- мудирони бахшҳо.
Вазифаи менеҷмент эҷоди моделҳои мутобиқшаванда, идоракунӣ ва вазифаи менеҷер татбиқи равишҳои ҳамгирошуда ва бонизом мебошад.
Мадина Ҳамидова