”Мероси фарҳангӣ дар Точикистон”. Шумораи 3
Боиси тазаккур аст, ки эътироф гардидани тамаддуни тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои таърихӣ, нишона аз миллати қадима ва таърихию фарҳангӣ будани миллати тоҷик аст. Имрӯзҳо вазъи ҷаҳон дар ҳолати бисёр мураккабу ҳассос қарор дорад ва он ҳар лаҳза тағйир ёфта, ба таъриху тамаддуни миллатҳои дигари олам таъсири худро расонида истодааст.
Аммо дар ҳамин гуна шароит Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъриху фарханги миллатро на танҳо нигоҳ доштанд, балки фарҳанги тоҷиконро ҳамчун нигини тамаддуни ҷаҳон ба оламиён муаррифӣ намуданд. Дар яке аз баромадҳои худ Пешвои миллат таъкид доштанд, ки «Мо бояд мероси гаронбаҳои ниёгонамонро ҳарчи бештару амиқ омӯхта, ба гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик баҳои воқеӣ диҳем, онро ба ҷаҳониён дуруст муаррифӣ кунем ва ба решаҳои таърихиву фарҳангии худ эҳтиром гузорем». Аз ин гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон хулоса кард, ки роҳбари давлати мо воқеан абармарде ҳастанд, ки бо ҳисси баланди миллӣ таъриху тамаддуни чандинасраи миллати тоҷикро зинда карда, маъруфу машҳури олам намуданд.
Бо ташаббуси сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои фарҳангии моддию маънавии тоҷикон ба таври шоиста ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардида истодаанд. Дар Ҷаласаи 47-уми кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж баргузор гардид, 12 июли соли 2025 парвандаи «Хуттали Қадим» расман тасдиқ шуда, ба Феҳристи Мероси ҷаҳонии Юнеско ворид гашт.
Парвандаи «Хуттали Қадим» фарогири 11 ёдгории таърихӣ фарҳангӣ ва бостоншиносии вилояти Хатлон мебошад: Дайри буддоии Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа, Қалъаи Золи Зар, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри буддоии Хишттеппа.
Лозим ба ёдоварист, ки таҳия намудани парвандаи наминатсионии «Хуттали қадим» бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 оғоз шуда, Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул барои омода намудани парвандаи мазкур таъйин гардида буд. Вобаста ба ин гурӯҳи корӣ таъин гардида, барои омодасозии парвандаи номинатсионии «Хуттали қадим» беш аз 200 ёдгории вилояти Хатлонро мавриди омӯзиш қарор дод. Аз онҳо 11 ёдгориро интихоб намуда, парвандаи номинатсиониро таҳия намуд.
Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот тибқи лоиҳаи «Таҳқиқи мероси фарҳанги ғайримоддии марбут ба ёдгориҳои таърихӣ – фарҳангӣ, табиӣ ва мавзеъҳои муқаддаси Тоҷикистон (барои солҳои 2021 – 2025)» пажӯҳишҳои доманадорро дар ин самт ба роҳ монда, аз натиҷааш китоби мазкурро таълиф намуд. Дар чорчӯбаи лоиҳаи фавқ паҳлуҳои гуногуни осори фарҳангии мардуми тоҷик мавриди омӯзиш қарор гирифта, таваҷҷуҳ нисбати онҳо бештар равона гардида шудааст.
Маҷмуа шумораи 3-юми силсилакитоби «Мероси фарҳангӣ дар Тоҷикистон» буда, мақолаҳо дар бахшҳои фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ таълиф гардидаанд. Қобили зикр аст, ки маҷмуа аз 5 бахш иборат буда, ба бахшҳои зерин: анъанаи шифоҳӣ, расму ойинҳои мардумӣ, донишу таҷрибаҳо, ёдгориҳои таърихӣ – фарҳангӣ ва касбу ҳунарҳо табақабандӣ шудааст…
Хонандагон китоби «Мероси фарҳангӣ дар Точикистон»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд