Мероси хатии Бостон. “Дар бораи оини номанависӣ”
Ба номи Яздон
- Акнун навишта мешавад (бо) навишта (е) басазо номае ба якояки фармонравоён, ба подшоҳон ва меҳон ва ашроф ҳаме перузгар, ба ҳама коргузорони фаррухтар, ба онон, ки нисбати ҳар офарине арзанда (лоиқ) ҳастанд, яздонпаноҳ ва ёридиҳандаи кишвар ба фурӯдастони анӯш ёди ҳазор анӯш, ба бандагон ва фурӯдастон ҳазор анӯш ёд (ба онон ки) аз анӯша ёди (он) андак фароз дошта шудаанд, боозармтарин (ва) гиромитарин (афрод) ба падар ё бародарон ё фарзандон ё ба онон, ки ҳам монанди падар ва бародар ва фарзанд ҳастанд.
- Шуморо аз ганҷи фузуниёбандаи Яздон дерзивашӣ бо тандурустӣ, саодат бо эҳтироми комил, ҷовидонфаррухӣ бо тадовум ва саломатии моно ва ромиши ногузар ва офарини бекарони оҷил ва бузургном(-е) бо дурахшандании ҳамешагӣ ва бартарин аҳолӣ бо росткории равон, бартарин эҳтиром ба бегумонӣ ба хеш, ба ин фаррухтан ва ҷонанӯша ба камол бошад. Фарҷом ёфт ба дуруд.
- Бошад, ки эзидон шуморо ҳамвора андар фузунӣ (баракат) бо иззат, рой ва фараҳи бошукӯҳ ва бешумор ва шодмонии порсоӣ, хиради комил ва команҷом бидоранд.
- Бошад, ки шуморо аз Яздон эҳтиром бирасад ба гунаи дилхоҳу рой ва ном, бо пуровозагии ном ва неруи боланда, бо нерумандӣ ва сиришту тақдири бошабоҳат (ба сиришт ва тақдири) эзидон ва ситоиши шукӯҳманд бо озодгавҳарӣ кардаи пок бо баҳраи комил ва бузургкирдорӣ бо ёфтани (ҷазби) беҳон, (тамоми ин маворид) бар ин тан мунтаззаҳ ба камол, ба ком бод.
- Эй бузургумед, бахшоишгар, фарёдраси бисёр касон, (эзидон шуморо) аз ҳар таорузе безор, дур ва дар парҳез бидоранд, эй ҳаме перӯзгар, Баҳмон писари Баҳмон!
- Эй бузургкирдор, роинидори кишвар, фароруни варзанда ва ёридиҳандаи дарвешон ва офаридагон, умеддиҳанда, Баҳмон писари Баҳмон!
- Эй перояҷаҳон, шукӯҳи кишвар ва нигаҳбони устон(ҳо), Баҳмон писари Баҳмон!
- Эй силоҳи эзидон ва неруи ҳунаровандон ва пуштибони фурӯтанон ва паноҳи маздиснон, Баҳмон писари Баҳмон!
- (Эзидон) ҳама (шуморо) андар афроз ҳар фаррухӣ афзун ва дорои ҳама гуна эҳтиром ва (дар) шодмонии щар ду ҷаҳон команҷом бидоранд.
- Эй ба тухма озода ва ситуда ба ҳунар ва дар куниш пок ва комил дар хирад ва номӣ ба ҳар беҳӣ, Баҳмон писари Баҳмон!
- Эй фаротарин дар доноӣ ва ба чеҳр ситуда ва дорои дурахшиши тобон андар замона ва фарёдрас андар ҳар ду ҷаҳон.
- Эй ба гавҳар дуруст ва хим вероста, бахшоишгар андар подшоӣ ва хубварз андар порсоӣ ва ёри ҳар беҳон, Баҳмон писари Баҳмон!
- Шуморо аз эзидон бахшоиши бартар, ҳама гуна рой ва фараҳ ва ҳар фаррухӣ ва эҳтироми монданӣ ва поё бод!
- (Эзидон) шуморо ба дерпой тандуруст ва ба бурзовандӣ сарватманд ва бо камоли эҳтиром, пурфараҳу ҷовидон ва ба пойдорӣ фузунаҳлоӣ бидоранд (ва низ шуморо) аз ҳар (гуна) таоруз безор (ва) ростгор бидоранд.
- Шумо (дорои) ҳама (гуна) эҳтироми фазоянда, аҳлоӣ ва комравову меҳробод ва (низ дорои) пайванди фаршгардӣ бошед.
- Шуморо эзидон дорои ҳама гуна эҳтироми фазояндаи аҳлоӣ ва комраво ба ҳама гуна эҳтироми минуӣ ва модӣ ва фаррухӣ ва баҳраҳои комил ва команҷомӣ ва аз ҳар (гуна) таоруз безор бидоранд.
- (Эзидон) шуморо шоистаи беҳии вежа аз тариқи фазояндагии фарорунӣ ва андар ҳар ду ҷаҳон (дорои) ҳамагуна эҳтиром ва дороии фарох ва аҳлое комил бидоранд….
“Дар бораи оини номанависӣ” иборад аз 44 банд аст, ки то 14 банд ин ҷо бидуни тағйир оварда шуд.
Хоҳишмандон идомаро метавонанд аз китоби “Мероси хаттии Бостон” саҳ. 282-286 бихонанд. Ин китобро соли 2014 Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон зери унвони “Тоҷнома”. Силсилаи тоҷикон дар масири тамаддун чоп кардааст.
Таҳияи Муттахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ» Орипова Шаҳноза
Теги: тоҷикшиносӣ