Мероси хатии Бостон. Модигони чатранҷ (Шатранҷнома)
Ба номи Яздон. Чунин гӯянд, ки дар даврони подшоҳии Хусрави Анӯшервон Девсарм – шаҳриёри бузург, шоҳи ҳиндувон бар озмудани хираду доноии эрониён ва низ андешаи суди хеш ин шатранҷи ҷуфти понздаҳто аз зумруд ва понздаҳто аз ёқути сурхро бисохт ва фиристод. Бо ин шатранҷ ҳазору дусад шутур бор зарру сим ва гуҳару марвориду ҷома, наберад фил дороӣ бо (он) фиристод. Ва Тахтаритусро, ки дар Ҳинд баргузида буд, бо (он) фиристед.
Ба нома чунин навишт, ки Шумо ном ба шоҳаншоҳӣ (доред ва) ба мо шаҳриёред, бояд, ки доноёни Шумо аз они мо донотар буванд. Рози ин шатранҷ таъбир кунед, вагарна суду бож фиристед.
Шоҳаншоҳ се рӯз замон хост ва ҳеҷ кас набуд аз доноёни Эроншаҳр, ки рози ин шатранҷ таъбир кардан тавонад.
Рӯзи севум Бузургмеҳри Бухтагон бар пой истод ва гуфт, ки ҷовидон бодо! Ман рози ин шатранҷ то имрӯз таъбир накардам, то Шумо ва ҳар ки дар Эроншаҳранд, бидонед, ки дар Эроншаҳр ман марди донотарам. Ман рози ин шатранҷ ба осонӣ таъбир кунам ва суду боҷ аз Девсарм ситонам ва ҳамчунин розе кунам ба Девсарм фиристам, ки ӯ таъбир кардан натавонад (ва) аз ӯ дубора суд гирам. Ва ба ин бегумон бошед, ки Шумо ба шоҳаншоҳи сазоворед ва доноёни шумо аз они Девсарм донотаранд.
Шоҳаншоҳ се бор гуфт, ки бизиҳ, Бузургмеҳри мо! Ва ӯ ҳазору дусад дирам ба Бузургмеҳр додан фармуд.
Рӯзи дигар Бузургмеҳр Тахтаритусро ба пеш хост ва гуфт, ки Девсарм ин шатранҷро ба корзор монанд кардааст. Ва ӯ монанд (ба ин) ду фармонраво сохтааст. Шоҳ ба миён, рух ба паҳлуи чапу рост монанд, фарзин ба солори артиш монанд, фил ба солори посбонон монанд, пиёда ба он пиёда монанд, ки пешразм (аст).
Пас Тахтаритус шатранҷ ниҳод (ва) бо Бузургмеҳр бозид. Ва Бузургмеҳр се даст Тахтаритусро бибурд ва аз он хурсандии бузург ба ҳама кишвар расид.
Пас Тахтаритус бар пой истод ва гуфт, ки “ҷовидон бодо, ки Яздон ин шукӯҳу фарр ва тавоноиву пирӯзгарӣ ба Шумо дода. Эрон ва ғайри Эронро подшоҳед, Чанд доноёни Ҳинд ин шатранҷро ҷуфт ниҳоданд ва кӯшишу ранҷ ба ҷой оварданд, (аммо) ҳеҷ кас таъбир кардан натавониста буд. Бузургмеҳри Шумо аз он хиради хеш ба чунин осониву сабукӣ инро таъбир кард ва ӯ ин чанд дороӣ ба ганҷи шоҳаншоҳ афзун кард”.
Шоҳаншоҳ рӯзи дигар Бузургмеҳрро ба пеш хост ва ба Бузургмеҳр гуфт, ки Бузургмеҳри мо: Чист он чиз, ки ту гуфтӣ, ки “кунам (бисозам) (ва) ба Девсарм фиристам?”
Бузургмеҳр гуфт, ки аз шоҳони ин ҳазора Ардашер корозмудатару донотар буд ва нев-ардашер ин (бозии) ҷуфт ба номи Ардашер ниҳам. Тахтаи нев-ардашер ба Спандармад – замин монанд кунам. Ва сӣ мӯҳра ба сӣ рӯзу шаб монанд кунам. Понздаҳи сафед ба рӯз монанд кунам ва понздаҳи сиёҳ ба шаб монанд кунам. Гардонаро ба гардиши ахтарон ва гардиши сипеҳр монанд кунам. Якро ба гардона чунон монанд кунам, ки Ҳурмузд яктост (ва) ҳар некиро ӯ додаст. Ду чунон монанд кунам, ки чун менуву гетӣ. Се чунон монанд кунам, ки ҳумату ҳухту ҳваршт (пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек). Чаҳор чунон монанд кунам, ки чун чаҳор омезиш, ки чун чаҳор омезиш, ки мардум аз онанд. Ва чаҳор сӯи гетӣ: Хуросону Хурбарон ва Нимрӯзу Бохтар (Машриқ, Мағриб ва Шимол). Панҷ чунон монанд кунам, ки чун панҷ рӯшноӣ, чун хуршеду моҳ ва ситораву оташ ва рӯшноие, ки аз осмон ояд. Шаш чунон монанд кунам, ки чун додани бунёд ба шаш гоҳонбор. Ниҳоди нев-ардашер бар тахта чунон монанд кунам, ки чун Ҳурмузд Худоӣ, ки офариниш ба гетӣ дод. Гардиши мӯҳра ба гардуна чунон монанд (кунам) чун мардумони гетӣ, ки банд (ононро) ба менуён пайвастааст. Ба Ҳафту Дувоздаҳ (сайёра ва ахтарон) ҳаме гарданд (ва) бархезанд ва ҳаст, ки яке бо дигар зананд ва барчинанд, чунон ки мардумон дар гетӣ яке бо дигаре зананд. Ва чун ба гардона ин гардиш ҳаме зинда буванд.
Шоҳаншоҳ чун он сухан бишнид, шод шуд ва фармуд, то ҳазору дусад аспи тозии ҳаммуй, лагом бо зару марворид ва ҳазору дусад зину афзори ҳафтқат ва ҳазору дусад зину афрози ҳафтқат ва ҳазору дусад шамшери пӯлодини оростаи ҳиндӣ, ҳазору дусад камарбанди ҳафтчашмак ва дигар ҳар чӣ барои ҳазору дусад марду асп бояд (ва) ҳар чӣ шоистатар (буд), ороста кард. Бухтагонро бар эшон сардор кард ва рӯзгори баргузида ба офариниши нек ва ёрии Яздон ба Ҳинд фиристод.
Девсарм шаҳриёри бузург – шоҳи Ҳинд чун бад-ин оин дид, аз Бузургмеҳри Бухтагон чиҳил рӯз замон хост. Ҳеҷ кас набуд аз доноёни Ҳинд, ки рамзи он нев – ардашер донад. Бузургмеҳр дубора ҳам чандон суду боҷ аз Девсарм ситонд ва пас бо ҳадяи хубу шукӯҳи бузург ба Эроншаҳр боз омад.
Гузориши рамзи шатранҷ ин ки (он) чӣ ба сухан, чунон ки доноён низ гуфтаанд, пирӯзӣ аз он бесилоҳи хирадманд ба хирад баранд, муҳим (бояд) донист.
Баргузиниши шатранҷ ин ки нигариш ва кӯшиш дар нигоҳ доштани афрози хеш беш кӯшидан, то ба бурда тавонистани нерӯи дигаре. Ва ба умеди нерӯи дигареро ба кор (бурд) ва дигареро ба посдорӣ гузошт. Ва (барои) мушоҳида ва андешаи ҳамешагӣ ва дигар он чунон ки дар ин нома ба дурустӣ навишта шудааст.
Фарҷом пазируфт ба дуруду шодиву ромиш.
Аз китоби “Мероси хатии Бостон”, ки аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун” соли 2014 Китобхонаи миллӣ нашр кардааст.
Таҳияи Шаҳноза Орифова,
мутахассиси Маркази
«Тоҷикшиносӣ».