“Мероси хатии бостон”. Шаҳристонҳои  Эроншаҳр

Ба ному нерӯ ва ёрии офаридагор Ҳурмузд ёди нек. Шаҳристонҳое, ки дар сарзамини Эроншаҳр  бунёд шудаанд, дар рӯзҳои ҷудогона кадом шаҳриёр, ки бунёд кардааст, дубора ба ин ёдгор навишта шуд.

Дар сӯи Хуросон шаҳристонҳои Самарқандро Ковуси Каводон бунёд гузошт, Сиёвахши Ковусон анҷом дод. Кайхусрави  Сиёвахшон он ҷо зода шуд ва ӯ оташи пирӯзманди Баҳромро он ҷо нишонд. Пас Зардушт дин овард ва аз фармони Гуштоспшоҳ ҳазору дусад фаргард ба дин дабирӣ ба тахтаҳои заррин канду навишт ва ба ганҷи он оташ ниҳод. Пас гуҷаста Искандар (онро) сӯхт ва ба дарё афканд. Суғди ҳафт ошиён дар (он) буд. Ва ҳафт ошиён ин ки ҳафт шаҳриёрон дар (он) буд. Яке он Йам, яке он Ажи Даҳоқ ва яке он Фаридун ва яке он  Манучеҳр ва яке он Ковус ва яке он Кайхусрав ва яке он Лӯҳросп  ва яке он Гуштоспшоҳ. Пас, гуҷаста Афросиёби Тур ҳар нишемани девонро буткадаи худоён кард.

Дар Балхи Бомӣ шиҳристони Навозакро Исфандиёри Гуштоспон кард. Ва ӯ оташи пирӯзманди Баҳромро он ҷо нишонд ва ӯ найзаи хеш он ҷо бизад. Ва ӯ оташи пирӯзманди Баҳромро он ҷо нишонд ва ӯ найзаи хеш он ҷо бизад. Ва ӯ ба Йабб-хоқону Синҷебик-хоқон ва Ҷул-хоқону Вазургакону Гуҳрам ва Тучопу Арҷосп-шоҳи хиюнон пайғом фиристод, ки найзаи маро бингаред. Ҳар ки ба нерӯи ин найза нигарад, ба Эроншаҳр бишитобад.

Шаҳристони Хворизмро Нарсаҳи Яҳудиён кард. Шаҳристони Марврӯдро Баҳроми Яздигирдон кард. Шаҳристони Марв ва шаҳристони Ҳаройро гуҷаста Искандари Румӣ кард. Шаҳристони Пушангро Шопури Ардашерон кард. Ва ӯ ба Пушанг пуле  устувор кард. Шаҳристони Тӯсро Нузарон (кард), ки (ӯ) 900 сол сипоҳбад буд. Пас аз Тӯс сипоҳбандӣ ба Зарир ва аз Зарир ба Баствар ва аз Баствар ба Каразм омад. Шаҳристони Невшопурро Шопури Ардашерон кард. Бад-он гоҳ ки ӯ Паҳлечаки Турро бикушт  ва дар ҳамон ҷо  шаҳристон фармуд кардан,  Шаҳристони Косенро Каи Лӯҳросп падари Гуштосп кард.

Дар Гургон шаҳристонеро, ки Даҳистон хонанд, Нарсеҳи  Ашконон кард. Шаҳристони Кумисро Панҷ-бури Ажи Даҳок барои шабистон (ҳарамсарой) кард. Монии порсиён он ҷо буд. Ба шаҳриёрии Яздигирди Шопурон кард дар гузаргоҳи Чул: Вируи – Паҳри он канора.

Таҳияи Шаҳноза Орипова, корманди Маркази “Тоҷикшиносӣ”.

Порае буд аз китоби “Мероси хаттии бостон”, бахши  “Шаҳристонҳои Эроншаҳр”.

Ин китобро соли 2014 аз силсилаи “Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун” Китобхонаи миллӣ чоп кард.

Матни электронии китоби мазкурро дар Телеграмканали мо бихонед.

ОН ИН ҶОСТ:

МЕРОСИ ХАТТИИ БОСТОН