Мероси хаттӣ дар таҳияи донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ

Мероси-хаттиКитоби “Мероси хаттӣ”, ки ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид шуд, шашумин китоб аз ин силсила буда, бо талоши донишҷӯёни факултети филологияи тоҷикӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳия ва чоп шудааст.

Дар маҷмуа мунтахаби матнҳои дастнависҳои манзуму мансур: “Ҷамшеднома”-и мансури муалифи номаълум, “Девон” ва “Тазкират-уш-шуаро”-и Мирсиддиқи Ҳашмат, “Девон”-и Абдуфазли Сират (дар ду қисм), “Равзату –л-аҳбоб”-и муалифи номаълум, “Маслаку-л-муттақин”-и Сӯфӣ Оллоҳёр, “Тоҷу-т-таворих”-и муалифи номаълум, дар таҳияи шашумин хатмкунандагони ихтиссоси Мероси хаттӣ фароҳам оварда шудаанд.

Маҷмуа барои матншиносон, мутахассисони соҳаи филология ва доираи васеи  алоқамандон пешниҳод шудааст.

Номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷикӣ факултети филологияи ДМТ Абдулло Юлдошев дар сарсухан ба китоби мазкур навиштааст:

Бино ба маълумоти китоби чаҳорҷилдаи Ҷефри Ропер  “Дастхатҳои арабиҳарф дар олам” то ба соли 1992 дар ҷаҳон наздики панҷсад ҳазор дастнавис, ба ин ё он дараҷа, тавсиф ёфтааст. Қадимтарин ин дастхатҳо порае аз Қуръони Карим мебошад, ки байни солҳои 640 –  670 китобат шудааст. Дастхатҳои арабиҳарф беш аз ҳама дар  Ҷумҳурии Туркия сипас дар Ҷумҳурии Исломи Эрон, сипас дар Ҷумҳурии  Араби Миср ва сипас дар нимҷазираи  Ҳиндустон муайян шудаанд. Аз нигоҳи забон дар мартабаи якум дастхатҳо бо забони арабӣ қарор доранд, ки тақрибан се чаҳоряки дастхатҳои арабиҳарфи ҷаҳонро ташкил медиҳад. Мартабаи дуюмро дар ганҷинаҳои дастнависҳои олам ба истиснои баъзе кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Тимбукту (Малӣ) дастхатҳои форсӣ-тоҷикӣ ишғол мекунанд.

Дар Тоҷикистон дастхатҳои арабиҳарф асосан дар ганҷинаи Инстути мероси хаттии АМИ Тоҷикистон, дар  Китобхонаи  миллии Тоҷикистон, дар баъзе китобхонаҳои Душанбею Хуҷанд нигоҳ дошта мешавад.

Хушбахтона, бо талошҳои устодони зиёдаанд, пеш аз ҳама профессор Шарифҷон Ҳусейнзода, беш аз ҳафтод сол инҷониб дастхатҳо дар китобхонаи факултети филологияи Донишгоҳи  Миллии Тоҷикистон низ гирдоварӣ шудаанд. Шумори дастхатҳои инкитобхона-Ганҷинаи профессор  Ш. Ҳусейнзода –беш  аз  сесад дастхатро  ташкил медиҳад.

Ба фазлу талошҳои  мақомоти дахлдор ва роҳбарияти ДМТ чанд сол аст, ки дар факултети филологияи донишгоҳ шуъбаи меросӣ хаттӣ вуҷуд дорад. Имсол соли шашум мебошад, ки донишҷӯёни ин шуъба Донишгоҳро хатм мекунанд. Имсол низ хушбахтона , ин анъана давом дорад ва донишҷӯён мухтасари ҳафт дастхатро, ки дар Ганҷинаи профессор Ш. Ҳусейнзода  ба сурати асл ё ба тариқаи нусхаи тасвир (фотокопия) нигоҳ дошта мешавад, омода ва ба чоп пешниҳод кардаанд. Матнҳо пешгуфторҳо низ доранд. Ин кор яъне таҳияи мухтасари дастхатҳо  ҷузъи  асосии кори дипломии донишҷуён низ мебошад…

Китоби “Мероси хаттӣ” (6) – шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Гулистон ЛУНДИШОЕВА,
сармутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.