“Методикаи таълими ҳуқуқ”

Дар китоби дарсии Ёдгор Исмоилов “Методикаи таълими ҳуқуқ” доир ба мазмуну мундариҷаи  фанни “Методикаи таълими ҳуқуқ” маълумоти муфассал оварда шудааст. Китоб ба донишҷӯёну омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавсия гардидааст.

Дар муқаддима омадааст, ки методикаи таълими ҳуқуқ дар сисолаи охир баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳамчун фанни таълимӣ ташаккул меёбад ва ба зимаи ҷамъбасткунии маводи назариявию амалӣ мепардозад. Тули ин солҳо дар адабиёти методию таълимии гуногун таҷрибаи ғанӣ ва пурмуҳтавои методистони соҳаи ҳуқуқи ватанӣ ҷамъоварӣ шудааст. Муаллиф кӯшиш намудааст, ки қариб бештари онҳоро ҳамчун дастури таълимӣ рӯйи қоғаз оварад. Омӯзгорони оянда аз курсии донишҷӯйи бо ин таҷрибаҳо – навовариҳо бояд шинос шуда, онҳоро аз худ ва дар амал тадбиқ карда тавонанд. Аз методҳои интерактивии  таълим бохабар бошаду онҳоро дар таълими фанни ҳуқуқ татбиқ намояд. Ба донишҷӯ – омӯзгор донистани сохт, принсипи амал, хусусият ва таъиноти воситаҳои аёнӣ ва техникии таълим зарурии дар раванди таълими фанни ҳуқуқ истифодашаванда шарт аст, то ин ки ҳамаи онҳоро моҳирона дар кору фаъолияти минбаъдаи педагогии хеш истифода намояд.

Китоби мазкур ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии педагогӣ, ки касби ояндаи худро таълим додани фанни ҳуқуқ интихоб кардаанд, пешбинӣ шудааст. Дар он асосҳои методикаи умумии таълими ин фан дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баён гардидааст. Муаллиф саъй бар он намудааст, ки бо таълифи китоби мазкур низоми методикаи таълими муосир, методҳои муосири омӯзиши фанни ҳуқуқ, шаклҳои ташкили навъҳои гуногуни дарсҳои фанни ҳуқуқ, машғулиятҳои беруназсинфӣ аз фанни ҳуқуқ, инчунин асосҳои назариявии раванди таълими фанни ҳуқуқ ва роҳнамоии фаъолияти маърифатӣ, ташаккул додани тафаккур ва қобилияти эҷодии хонандагонро инъикос намояд.

Китоб тибқи барномаи амалкунандаи курси методикаи таълими ҳуқуқ ва таҷрибаи чандинсолаи муаллиф зимни баёни ин мавод дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айни таҳия шудааст.

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.

Шаҳнавоз Акрамова,

мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд