Михаил Андреев: Пажӯҳишгари маъруфи таърихи тоҷикони кӯҳистон
АНДРЕЕВ МИХАИЛ СТЕПАНОВИЧ, таърихнигор, забоншинос ва этнограф, Узви вобастаи АИ СССР (1929), узви вобастаи АИ РСС Ўзбекистон (1943), Ходими хизматнишондодаи илмии РСС Тоҷикистон ва РСС Ўзбекистон. 11-уми сентябри соли 1873 дар шаҳри Тошканд ба дунё омада ва 10-уми ноябри соли 1948 дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) аз олам гузаштааст.
Дар яке аз мактабҳои ибтидоии гимназияи шаҳри Тошканд муддати шаш сол таҳсил мекунад. Аз хурдсолӣ забонҳои тоҷикӣ (форсӣ) ва ўзбекиро меомўзад. Баъди хатми семинарияи муаллимии шаҳри Тошканд (1893), ба пажўҳиши забонҳо ва адабиёти мардуми Осиёи Марказӣ машғул гардид.
Авалини мақолаҳояш зери унвонҳои «Маконе дар водии Ангрен» (1893). «Бозмондаҳои оинҳои парастишӣ дар миёни мардуми маҳаллӣ» (1895) ба чоп расидаанд.
Аз соли 1894 устоди семинарияи муаллимони шаҳри Тошканд буд. Пас аз он муддате чанд дар Кавказ ба сифати тарҷумон ва котиб ифои вазифа кардааст. Баъд аз муддате ба Санкт-Петербург меояд. Дар он ҷо бо шарқшиносони машҳури он замон С. Ф. Олденбург, В. В. Радолв, К. Г. Залеман ошно мегардад ва бо онҳо ҳамкорӣ мекунад.
Ў солҳои ҳаштодуми асри XIX дар кори майдонии омўзиши ғорҳои буддоӣ буд ва аз Сибир ба Муғулистон, Урумчӣ, Турфон, Лучкун ва минтақаҳои дигар меравад. Дар ҳамин сафар дар Ўрумчӣ луғати мухтасари забони кандҷутро таҳия менамояд.
Дар аввали асри ХХ ў ба супориши К. Г. Зелеман ба гирдоварии лаҳча ва расму оинҳои тоҷикони кўҳистон, бахусус Помир машғул мешавад. Аз соли 1925 яке аз муассисон ва фаъолони созмони «Ҷамъияти омўзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун аз он» буд. Ин созмон рўзгори моддӣ ва маънавии тоҷикон ва қавмҳои дигари эронии минтақаро ба таври густурда мавриди омўзиш ва пажўҳиш қарор дод.
Баъдтар китобе зери унвони «Тоҷикистон» (1925) ба нашр расид, ки дар он мақолаи Андреев бо номи «Оид ба этнографияи тоҷикон. Баъзе иттилоот» нашр шудааст.
Солҳои ҶБВ (1941- 45) Андреев дар Тошканд умр ба сар бурда осори меъмориро гирд овард. Аз соли 1943 Андреев ба гирдоварии мавод оид ба забон ва мардумшиносии минтақаҳои назди Помир, бахусус водии Хуф машғул шуд.
Аз соли 1947 ба Сталинобод (Душанбе) омада, дар филиали тоҷикистонии Институти таърих, забон ва адабиёти АИ СССР ба кор шурўъ кард. Мардумшиносони машҳури точик Н. Нурҷонов ва М. Раҳимов аз шогирдони ў мебошанд. Ў бештар аз 50 китобу мақолаҳои илмӣ таълифу нашр намуда, чандин дастнависҳои арзишмандаш дар бойгониҳо маҳфузанд. Дар байни осори боқигузоштаи Андреев «Материалҳо доир ба этнографияи қабилаҳои эронии Осиёи Миёна, Ишкошим ва Вахон», «Забони язғуломӣ», «Оид ба муносибатҳои оилавии тоҷикони қадим», монографияи дуҷилдаи «Тоҷикони водии Хуф» арзиши ниҳоят бузурги илмӣ доранд. Ҷилди аввали«Тоҷикони водии Хуф» соли 1953 ва ҷилди дуюмаш соли 1958 бо шарҳу эзоҳи А. К. Писарчик чоп шудааст.
Андреев бештари умри худро бо омўзиши фарҳанги мардуми эронитабори Осиёи Миёна, бахусус Тоҷикистон, пайваст. Ў дар раванди фаъолияти кории худ дар таълими забон, созмон додани музейҳо, пажўҳишгоҳҳо ҳиссаи арзанда гузошт.
Бо ордени Байрақи Сурхи меҳнат, «Нишони фахрӣ», медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941- 45» қадр карда шудааст.
Ад.: Писарчик А. К. Михаил Степанович Андреев (1873-1948), Сталинобод, (1960);
Акрамов Н. М. Востоковед Михаил Степанович Андреев (Научно – библиографический очерк), Д., 1973.
Памяти Михаила Степановича Андреева. Сборник статей по истории и филологии народов Средней Азии, Сталинабад, 1960.
Акрамова, Х. Ф. С. М. Андреев – тадқиқотчии таърихи тоҷикони кўҳистон, Д., 1977; Р. Раҳмонӣ.
МАНБАЪ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – С. 454.
Муаллиф: Р. Раҳмонӣ
Таҳияи Зафар Ғолибов
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.