Михаил Калашников-бузургтарин тарроҳи силоҳ дар олам

Михаил-КалашниковШуҳрати Калашников  Михаил Тимофеевич дар ҷаҳон ҳамто надорад. Ҳамин автомати сохтаи ӯ, ки ҳудуи 80 сол бо дигаргуниҳо такмил шуду маъруфияти ҷаҳонӣ на танҳо ба худи ӯ овард, балки Иттиҳоди Шӯравиро машҳур кард, кофист, ки исми ӯ дар радифи нобиғаҳои олами ихтирои башар сабт шавад. Донистани тарҷумаи ҳол ва корномаи ӯ барои хонандагон аз аҳамият холӣ нест. Зеро сохтаи ӯ имрӯз дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ аз муҳимтарину коромадтарин силоҳ ба шумор меравад. Онро шуруъ аз мактабҳои миёна то макотиби олӣ меомӯзанд.

Калашников  Михаил Тимофеевич (10.11.1919, деҳаи Куря  кишвари кунунии Олтой-23.12.2013, Ижевск), тарроҳ (конструктор)-и силоҳи тирандозии шўравӣ ва Руссия, доктори илмҳои техникӣ (1971), генерал-лейтенант (1999), ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1958, 1976), Қаҳрамони Федератсияи Русия (2009), ихтироъкори автомати дар ҷаҳон машҳури «Калашников» (АК).

Соли 1938 ба хидмати ҳарбӣ даъват шуд. Пас аз хатми мактаби механик-ронандагони танкҳо дар полки танкии Округи махсуси ҳарбии Киев хидмат карда (1939-41), маҳорати ихтироъкорӣ зоҳир намуд. Барои шуморидани миқдори тирандозӣ аз тупӣ танк ҳисобкунаки хос, барои баланд бардоштани самараи тирандозии таппончаи ТТ ба он лавозимоти махсус, инчунин барои ҳисобкунии манбаи муҳарики танк афзори махсус ихтироъ кард. Сипас, барои дар истеҳсолот ҷорӣ кардани ихтирооташ ба заводи №174-и Ленинград ба номи К. Е. Ворошилов фиристода шуд. Баробари сар шудани ҶБВ дар ҳайати дивизияи 108-уми танки ҷабҳаи Брянск ҳамчун фармондеҳи танк дар муҳорибаҳо иштирок кард. Октябри 1941 дар муҳорибаҳои назди Брянск сахт маҷрўҳ шуда, дар ҳоспитал сохти таппонча-пулемётро ихтироъ намуд.

Солҳои 1942-49 дар Озмоишгоҳи марказии илмӣ – озмоишии аслиҳаи тирандозӣ-миномётӣ (ш. Коломна) хидмат карда, ба ихтирои намунаҳои нави силоҳҳои тирандоз машғул шуд. Соли 1944 намунаи карабини худтирпуркунро ихтироъ кард, ки сохтори ҷузъҳои асосии он барои офаридани автомат замина гузоштанд.

Соли 1947 автоматро такмил дода, дар озмунҳо ғолиб шуд. Баъди такмил ин силоҳ соли 1949 таҳти унвони «Автомати Калашникови қутраш 7,62-мм-и намунаи 1947» (АК) ба қатори муҳиммоти ҷангии Артиши Шўравӣ қабул гардид.

Соли 1948 Калашников ба корхонаи мошинсозии Ижевск (аз 1975 Иттиҳодияи истеҳсолии «Ижмаш», ҳоло ҶСК «Консерии Калашников») фиристода шуд ва дар он ба ҳайси конструктори пешбар (1949-57), сардори Бюрои конструкторӣ (1957-67), муовини сарконструктор (1967-79), сарконструктор-сардори Бюрои  конструкторӣ оид ба силоҳи тирандоз кор кард (аз 1979). Таҳти роҳбарии Калашников дар асоси АК чандин намуди автомат ва пулемёт офарида шуд. Ба ғайр аз ин, Калашников барои варзишгарон ва сайёдон якчанд силоҳ ихтироъ кард, ки на танҳо зоҳиран зебоянд, балки аз ҷиҳати таъйинот ва хусусияти техникӣ фарқ мекунанд.

Калашников узви ИН Руссия, депутати Шўрои Олии ИҶШС даъватҳои 3-4 (1950-58) ва 7-11 (1966-89), дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1947), Мукофоти ленинӣ (1964), Мукофоти давлатии Федератсияи Русия (1997), ҷоизаи Президенти Федератсияи Русия (2003) буд. Бо орденҳои Ленин (1958-1969,1976), Ситораи Сурх (1949), Байрақи Сурхи Меҳнат (1957), Револютсияи Октябр (1974), Дўстии халқҳо (1982), Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 1; 1985), «Барои хидмат дар назди Ватан» (дараҷаи 2, 1994), Андрей Первозваннийи Муқаддас (1998), «Барои хизматҳои ҷангӣ» (2004) ва ғайра  сарфароз гардидааст.

 

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ. 9. – С. 256.                                               

 Муаллиф:  С. Азизуллоев.

Таҳияи: Шаҳноза Садирзода

Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ