Мирзо Ҷалол. “Равзанаи муҳаббат

Мирзо ҶалолИн маҷмуа фарогири ғазалиёти шоир дар чанд соли охир аст ва дар онҳо шўру шари зиндагӣ, ишқи поки инсонӣ васф гардидааст. Китоб соли 2021 чоп шудааст, вале ба тозагӣ вориди Китобхонаи миллӣ шудааст. Корманди шоистаи Тоҷикистон Султонмуроди Одина ба китоб ин сарсуханро навиштааст:

Бо Мирзо Ҷалол (Мирзоев Ҷалолиддин), ки дар ашъораш Ҷалолӣ тахаллус кардааст, дар маҳфили «Истеъдод»-и бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор шинос шудам.   Ҷалолӣ нисбати дигар жанрҳо дилбохтаи ғазал аст ва онро хуб ҳам месарояд.  Барои ифодаи андеша аз таъбиру ибораҳои сода, ташбеҳу истиора ва дигар санъатҳои бадеии барои таъбу завқи хонанда дастрас истифода намуда, маънии фикри худро ифода мекунад.  Маълум шуд, ки ў бо шоири ҳамдеҳааш Зубайдулло Шарифӣ (охираташ обод бод!) ҳамкорӣ доштаасту аз маслиҳату марҳамати ў истифода кардааст.

Ҷалолӣ, тавре, ки аз суханаш ва гуфтаи ҳамдеҳагонаш маълум мешавад, аз айёми ҷавонӣ бо сухан, шеър дилбохтагӣ доштааст ва бештар андешаҳояшро дар қолаби ғазал рўи қоғаз овардааст.   Ў соли 1950 дар деҳаи Хирманаки шаҳри Ҳисор таваллуд шуда, чун кулли ҳамзамонаш мактабро хатм карда, солҳои 1968-1970 дар хидмати ҳарбӣ будааст. Сипас муддати дароз аз соли 1974 ҳаёташро ба таълиму тарбияи насли наврас пайвастааст. Соли 1982 ба Донишкадаи давлатии омўзгории Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1987 бо баҳои аъло хатм мекунад. Ҳар дарси ў омехтаи сухани ноб ва шеър буд, хоса ғазал.

Ғазалҳои ў равон, чун ашъори шоирони сўфимазҳаб содаю дилчаспанд. Ў шеър намебофад, барои ў шеър худ аз худ тавлид мешавад.  Азбаски аз мактаби шоирии ҷиддӣ нагузаштаасту устоди комиле раҳнамояш набудааст, дар риояи қавонини шеърӣ, хоса қофияи вазн гоҳо калавишҳое ба чашм мерасанд, аммо гуфтаҳояш самимӣ, андешаҳояш пухта, навиштаҳояш равонанд.  Дар ашъори ў таъбирҳои зебои шоиронаро дучор меоем, ки аз маҳорати ў шаҳодат медиҳанд.

Султонмуроди Одина – адиб,
Корманди шоистаи Тоҷикистон

Хоннадагони азиз “Равзанаи муҳаббат”-и Мирзо Ҷалолро метавонад дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Фарҳоди САЛИМ,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.