Мирзо Содиқ Муншӣ “Девони ашъор”

Матни илмии оммавӣ бо муқаддима луғоту тавзеҳот зери назари Раҳматкарим Давлатзода ва таҳрири умумии Алии Муҳаммадии Хуросонӣ соли 2022 чоп шудааст.

Дар мачмуа нахустин бор ашъори гуногуннавъи дар авроки нусхаҳои мухталифи қаламии маҳфуз дар ганҷинаи дастнависҳои шарқии Маркази мероси хаттии  назди Раёсати Акамдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон (№765,№1047,№1235,) сабтгардидаи суханвари хушбаён ва хушнависи пуртавони тоҷик Мирзо Содиқи Муншй (1752-1820) бо муққаддима ва шарҳи луғоту тавзеҳоти лозим фароҳам оварда шудаанд.

        Ашъори пурмуҳтавои мавсуф, ки дар қолаби ғазалу қасида, мухаммасу рубоӣ, латифаву марсия ва қитъаву маснавй рехта шудаанд, бешубҳа, барои куллияи хонандагону омӯзандагони адабиёту фарҳангу таърихи ғановатманди халқи азизамон, алалхусус, толибилмони макотиби оливу мутаввассита ва аспиранту магистру унвонҷуён, муфид хоҳанд буд.         

ИН ҒАЗАЛ АЗ ҲАМИН КИТОБ АСТ:                

Илоҳо, рангу бу бахшой гулзори баёнамро,

Бидеҳ пайванд дар чанги асар тори фиғонамро!

Ба ҳамди зоти бечуни Ту гарми гуфтугӯ гаштам,

Ки оби гавҳари ҳастӣ диҳӣ бехи забонамро!

Ба мурдан ҳам нагардад доғи савдоят зи дил  берун,

Ҳумо шамъи мазори хеш созад устухонамро!

Агар донам, ки бо авғон муяссар мешавад васлат,

Чу най дар нола кардан бандам аз сад ҷо миёнамро!

Ҷаҳон дар ханда шуд, Содиқ, зи ранги заъфарони ман,

  Надорад навбаҳорон равнақи фасли хазонамро!

Китоби Мирзо Содиқи Муншӣ «Девони ашъор»-ро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд. 

Таҳияи Назира Раҳимова,

сармутахассиси шуъбаи нигоҳдории китоб