Мирзо Турсунзода. Ғазалсарои бузурги Машриқ

Ман аз овони бачагӣ ба шеърҳои азизтарин шоири форсизабонон Ҳофизи Шерозӣ дилбастагӣ дорам. Шеърҳои ин устоди назм зеҳни маро ҳанӯз дар айёми ҷавонӣ бо сеҳру ҷоду асири худ гардонидаанд, шабҳо хоби маро аз дида рабуда, рӯзҳо сабру ороми маро ба чанги яғмо додаанд.

Аз хурдӣ дар ёд дорам, ки мардуми тоҷик дар байни ҳамаи китобҳо девони Ҳофизро китоби муқаддастарин шуморида, ҳатто дар гаҳвора онро ба зери сари тифли навзод мегузоштанд, то ки фарзанди онҳо хушбахт ва ҳамчун одами назаркарда бузург шавад ва монанди Ҳофиз азизи мардумон гардад.

Маълум аст, ки дар гузашта дар деҳоти Тоҷикистон одамони саводнок хеле кам буданд, ва ҳар касе, ки дар мактаби кӯҳна мехонд, кӯшиш мекард,  ки ҳар чӣ зудтар Ҳофизхон шавад, то аз ошъори ин шоири бузург баҳраманд гардад. Одамони бесавод ҳам бештар шеърҳои Ҳофизро аз бар намуда, дар ҳар анҷумане ва ҷамъомаде онҳоро таблиғ ва талқин мекарданд. Аксаран ҳеҷ коре надоштанд ба он ки Ҳофиз аз куҷост. Дар кадом замон зиндагонӣ карда ва ному насаби аслии ӯ чист. Танҳо пеш аз ҳама ба ғазалиёт, ба маънавияте, ки дар ашъори  Ҳофиз вуҷуд дорад, бо рӯҳи бузурги ин шоири озодфикр сару кор доштанд ва аз китоби ӯ ҳикоятҳои меҳру вафоро чустуҷӯ мекарданд.

Дар айёми баччагӣ дар мактаби кӯҳнаи деҳаамон худи ман ҳам шеърҳои Ҳофизро мисли “булбул”  қироат мекардам ва ғарқи хаёлоти аҷоиб ва ғароиб мегаштам, вале аз касе намепурсидам, ки Ҳофиз куҷоист, кай ба дунё омада ва кай аз дунё гузаштааст ва гумон доштам, ки ӯ ҳамчун пири хирадманд омӯзгори ман аст, ӯ як муршиду ман як муриди вай ҳастам, ки ҳамеша бо ду дасти адаб дар ҳузураш бо таъзим истодаам. Панди ӯ ҳамеша ба гӯшам мерасид.

Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,

Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.

Куллиёти Ҳофизро ман дар болои лавҳае гузошта, ҳиҷҷа мекардам ва одамони калонсоли деҳа бошанд, онро ҳамчун тилисм, тумор, воситаи фолбинӣ ва қуръапартоӣ ҳифз мекарданд ва номи Хоҷа Ҳофизро ҳамчун “лисонулғайб”, “тарҷимон-ул-асрор”,  ё шоири малакутӣ ба забон мегирифтанд….

Ба Эрон чандин маротиба сафар кардам, зиёрати мақбараҳои Фирдавсӣ (дар Тӯс), Хайём (дар Нишопур) ва Абуалӣ ибни Сино (дар Ҳамадон) хушбахтона маро муяссар  гардид. Вале афсус, ки ба ҷануби Эрон ба Шероз ягон маротиба ҳам сафари ман иттифоқ наафтода буд. Ниҳоят соли 1968 бо тавсияи нависандагони СССР ҳамроҳи шоири шаҳири Доғистон Расул Ғамзатов ба саёҳати Эрон рафтем, ки ин сафари мо хеле пурсамар ва хурсандибахш гузашт. Моро ҳам дар шаҳрҳои шимоли Эрон ва ҳам дар сарзамини Форс, яъне дар Шероз пазироӣ ва меҳмоннавозӣ карданд. Ба зиёрати оромгоҳи ҳам Саъдӣ ва ҳам Ҳофиз шарафманд гардидем ва аз бӯи гулҳои Шероз машоми худро муаттар сохтем. Мо акнун аз рӯи ривоятҳо ва нақлу афсонаҳо сурати ӯро дап пеши назар ҷилвагар месохтем, аз рӯи шеърҳояш тасвири ӯро қиёс мекардем…

Дар тазкираҳо порча-порча саргузашти пурошӯби шоирро хондаем: Бобои шоир аз Исфаҳон будааст. Падарш Баҳоуддин ё Камолуддин ном доштааст, ки бузургони давлатманд буда, аз вай ба фарзандонаш мероси бисёре боқӣ мемонад. Вале зуд мероси падар тамом шуда, се фарзанди ятим ба нодорӣ меафтанд. Ду бародари бузург ба ҷустуҷӯи маоши рӯзгор ба шаҳрҳои дигар мераванд, вале Шамсиддин Муҳаммад  – писари аз ҳама хурдӣ бо модараш мемонад.

Вақте ки шоири нобиғаро пурра ном мегиранд, Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ ё мухтасаран дар халқ Хоҷа Ҳофиз мегӯянд. Аз рӯи баъзе ривоятҳо таваллуди Ҳофиз соли 1326 ва вафоташ 1391 мебошад, ки ҳамагӣ 65 сол умр дидааст, ки ин он қадар умри  казоие нест. Дар айёми тифлӣ бори гарони рӯзгор ба зиммаи Шамсиддин Муҳаммад меафтад. Ӯро модараш ба як нонвойхона ба шогирдӣ медиҳад, ки дар он ҷо аз субҳ то шом, кор карда дар соатҳои фароғат ё рӯзҳои ҷумъа дар китобхонаи наздикии ҳамон нонвойхона таҳсили улум мекардааст. Дар паҳлуи китобхона дӯкони баззозие буда, дар он ҷо марди шеъргӯе гоҳо шеърҳо ва достонҳоро ба овози баланд мехондааст, то мардуми атроф ҷамъ шуда, шунаванд ва бараҳманд гарданд. Ин гуна шеърхонӣ ва шеършунавӣ ба Ҳофиз хуш меояд, таваҷҷуҳи ӯро ба назм рӯз аз рӯз меафзояд ва шоири ояндаи мо ҳам бар замми таҳсили улум ва фан аз овони ҷавонӣ ба табъозмоӣ шурӯъ карда, ба шеърнависӣ мепардозад.

Ба ҳамин тариқ, аз рӯи ривояти муаррихон Ҳофиз дар синни бистсолагӣ ба пояе расида буд, ки ашъори худро мавриди таваҷҷуҳ ва илтифоти бузургони аср қарор диҳад, дар назари уламо ва орифони замон, аз ҷумла Қавомиддин Абдуллоҳ дар мутолиа ва донишварзӣ дар куллияи фунуни адабӣ ва масоили фиқҳу ҳикмат ва ирфон, усули мазоҳиб ва тасаввуф, улум ва маорифи замон марди азиз гардад ва Қуръонро бо чаҳордаҳ ривояташ ҳифз намояд,чунон ки худаш мефармояд:

Ишқат расад ба фарёд аз худ ба сони Ҳофиз,

Қуръон зи бар бихонӣ дар чордаҳ ривоят.

Одатан, аксари бузургони адабиёти классикии форсу тоҷик, чӣ Фирдавсӣ ва чӣ Саъдию Ҷомӣ, хеле дер хонадор шуда, нисфи зиёди умри худро ба касби илму ҳунар, таҳсили фазлу камолоти замона бахшидаанд. Зиндагии шахсии Ҳофиз низ ҳамин тавр будааст. Овардаанд, ки ӯ дар куҳансолӣ издивоҷ карда ва соҳиби ду фарзанд гардид, ки яке ба номи шоҳ Нуъмон дар сафари Ҳиндустон вафот ёфт ва дигаре дар синни кӯдакӣ дар Шероз даргузашт. Ин мусибат ва доғи фарзанд дар ашъори Ҳофиз акс ёфтааст. Ҳамсари Ҳофиз низ пеш аз худи шоир бо ҷаҳон падруд гуфт.

Соли 1968 ки ба сафари Эрон рафта будем, пеш аз ҳама ақлу ҳуши ман ба Шероз, побанди дидани оромгоҳ ва хоки муқаддаси устоди бузурги назм, илҳомгоҳи марди қаламкаш ва сеҳрнигори асри XIV Ҳофизи Шерозӣ буд ва ин байтро мунтазам худ ба худ замзама мекардам:

Фиганда замзамаи ишқ дар Ҳиҷозу Ироқ

Навои бонги ғазалҳои Ҳофизи Шероз

Нуфузи Ҳофизро аз остонаи Теҳрон ҳис кардам, китобхона ё магазини китобфурӯшие набуд, ки он бо китобҳои Ҳофизи Шерозӣ ва Саъдӣ зиннат наёфта бошад. Дар хиёбонҳо дар ҳар қадам писари духтаронеро медидем, ки дар даст китоби Ҳофизро доштанд ва фарёд мезаданд: “бахт озмоед”, “дар ғафлат намонед” ва ғайра. Касе мехост, ки бахташро озмояд, ба назди бачаи фолбин мерафт ва арзи ҳол мекард. Фолбин девони Ҳофизро тахминан мекушод ва ҳар ғазале, ки рост ояд,бо овози баланд мехонд ва маънои ва маънии он ғазал қуръаи фоли он шахс буд.

Ҳангоми ба ҷануби Эрон сафар кардан аввал дар шаҳри Исфаҳон қарор гирифтем. Исфаҳон на бо сарои қадимӣ ва меҳмонхонаи имрӯзаи пурнақшу нигори “Шоҳ Аббос”, на ба қасри Чиҳил Сутун, ки гӯё дар замони Ҳофиз сохта шудааст, на ба манзилгоҳҳои давраи салҷуқиён на бо катиба ва кшоикориҳои олии худ, балки ба ҷараёни рӯди Исфаҳон – Зиндарӯд, ки шояд як вақтҳо Ҳофиз дар канори он хомӯшона истода ғазалҳои худро зери лаб замзама карда бошад, маро ба фикру андешаҳои сеҳрнокаш ғарқ гардонид. Охир Ҳофиз, ки дар умри худ танҳо ду бор ба сафар баромада, то Язду Ҳурмуз рафта омада буд, ба хотири бобои исфаҳонияш ҳангоми пиронсолӣ боре ба ин шаҳр меҳмон гардида, дар боғҳо, дар кӯчаҳои пуршӯру пурғавғои шаҳр гардиш карда, боз ба Шерози азизаш баргашта, гуфтааст:

Агарчӣ Зиндарӯд оби ҳаёт аст,

Вале Шерози мо аз Исфаҳон беҳ.

Бо ин баҳона ба зиёрати марқади Сойиб шарафманд гардидем ва шеърҳои дар санги мазораш навишат шударо ба дафтарам кӯчонидам, ки ду байти он ин аст:

Солҳо гирди замин чун осмон гардидаам,

То чунин равшандилу софиравон гардидаам.

Сояи ман гарчӣ мебахшад саодат халқро,

Аз ҷаҳон қонеъ ба мушти устухон гардидаам.

Ҳар қадар ки мо ба Шероз наздиктар мешудем, ҳамон қадар дили ман бештар ба тапиш медаромад, мехостам ҳар чӣ зудтар аз оби Рукнобод ҷуръае бинӯшам, аз ҳавои Мусалло нафасе кашам. Шаҳри Шероз маҳди ду шоири бузург Саъдӣ ва Ҳофиз мебошад. Акнун медонистам, ки онҳо шоирони “малакутӣ”, “лисонулғайб” ва “тарҷимон-ул-асрор” танҳо бо маънои маҷозӣ буда, дар асл шоирони заминӣ, шоирони азиз ва маҳбуби халқҳо мебошанд, ки дар дили инсонҳо ошён гузоштаанд. Ҳофиз чунон як шоири закитабъ ва ринде будааст, ки дар вақти зиндагиаш шеърҳои ӯ дар авроқи парешон миёни мардум мегаштаанд, дар базмҳои ошиқон, дар шабҳои арӯсӣ дар сӯҳбати ёрон машъалаи фурӯзон будаанд:

Суруди маҷлисат акнун фалак ба рақс орад,

Ки шеъри Ҳофизи ширинсухан таронаи туст.

Аз рӯи баъзе ривоятҳо Муҳаммад Гуландом ном шахсе будааст, ки замоне ҳамроҳи Ҳофиз таҳсили илм карда, дар зиндагӣ ҳамеша пайрави ӯ шудааст. Баъди вафоти шоир ин марди ҳофиздӯст авроқи парешони назми ӯро ҷамъ карда, куллиёташро тартиб додааст, ки аз ҳамон дам то кунун ҳамаи форсизабонон ва мухлисони шеър дар тамоми ҷаҳон бо ин ровии фидоии шоир аҳсанат мехонанд. Эрониён ва тоҷикон бошанд аз гавҳора то лаби гӯр шеърҳои Ҳофизи розгӯ вадардшиносро месароянд ва ҳар байти ӯро калимаи шаҳодати ишқ ва муҳаббат мешуморанд.

Вақте ки мо вориди шаҳри Шероз шудем, гумон мекардем, ки аз ҳар дару девори он садои Ҳофиз шунида мешавад, дар сари ҳар тоқи он бо хатти заррин настаълиқ аз куллиёти шоир иқтибосе оварда шудааст:

Ҷои ҳузуру маҷлиси унс аст ин сарой,

З-ин дар ба шодмонию айшу тараб дарой!

Ғазалсарои Шероз чун мафқуд гашт, тани ӯро дар маҳалли зиндагӣ ва маъвои дӯстоштааш дар мавзеъи Мусалло, дар зери сояи сарви лаби ҷӯй ба хок супурданд. Дар замони Ҳофиз манзилгоҳи ӯ хеле фақирона ва ба кунҷи вайронае монанд будааст, ки худи шоир мегӯяд:

Мақоми аслии мо гӯшаи харобот аст,

Худош хайр диҳот он, ки ин иморат сохт.

Ҳарчанд Ҳофиз дар вақти зиндагиаш барои мардуми диёри худ ва хоириҷи он, яъне дар сар то сари мамолики форсизабонон азиз  ва мукаррам шуда буд, ҳаводорони назм ҳозир буданд, ки хоки қадами ӯро ба чашми худ тӯтиё кунанд, вале ӯ тавъам дар дил санги қаноат баста, ганҷи илму адабро ба ганҷи зар, хишти зери сарро ба тоҷи шоҳӣ, як лаҳзаи фориғи дили осударо ба ҳаёҳуи як умр ҷаҳондорӣ иваз намекард. Ва ҳатто ҳотамии шоир ба дараҷае расида буд, ки бо як холи ҳиндуи кунҷи лаби маъшуқаи нозофарин Самарқанду Бухороро бахшид, ки ин гуна марҳамати олиҳимматона танҳо аз тарафи шоири бузург ба амал меояд. Ба нодорӣ ва муфлисии шоир чунин байти ӯ гувоҳӣ медиҳад:

Ҳурмати дастори Ҳофизро бидор, эй майфуруӯш,

К-ӯ ҷуз ин кӯҳна надорад ҳеҷ дастори дигар.

Идомаи ин мақолаи хуби устод Мирзо Турсунзодаро метавонед дар толори хониши матбуоти даврӣ аз маҷаллаи адабии “Садои Шарқ, соли 1971, №4 бихонед.

Таҳияи Шавқинисо Носирова,

мутахасис пешбари шуъбаи

матбуоти даврӣ    

теги: матбуоти даврӣ