Мирзоди Маонӣ: “Фуруғи Хуршед”. Сарсухани академик Лутфуллоев ба ин китоб
Китоби Мирзода Маонӣ (Тӯйчӣ Миров) “Фурӯғи Хуршед” соли 2010 чоп шудааст ва аз рӯзгори Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳикоят мекунад. Ин дуюмин романи адиби маъруф дар бораи Исмоили Сомонӣ буда, романи аввал бо номи “Тулуи Хуршед” пештар аз он нашр шуда буд.
Ба ин китоб Академики Академияи илмҳои педагогии Тоҷикистон М.Лутфуллоев сарсухан навиштааст, ки онро комил меорем:
Ёд кардан рўзгори рангин ва амалҳои неку шоистаи бузургони миллат кори хайр ва савоб аст. Дар байни ин абармардон Исмоили Сомонӣ мисли ситораи тобон дурахшон аст. Аз ин ҷост, ки Раиси Ҷумҳур ўро доҳии тоҷикон гуфтааст. Ба ҳамин хотир дар бораи Исмоили Сомонӣ асарҳои таърихию бадеӣ иншо гардидаанд. Аз ҷумла ба майдон омадани романи сегонаи «Исмоили Сомонӣ»-и Мирзоди Маъонӣ боиси хурсандист.
Ҳанўз соли 2003 китоби аввалини «Исмоили Сомонӣ» бо номи «Тулуи Хуршед» дастраси хонандагон гардид. Ман онро бо камоли майл хонда будам. Асар писандам омад ва шод гардидам. Инак, китоби дуюми «Исмоили Сомонӣ», «Фурўғи Хуршед» низ дастраси хонандагон гардид.
Офаридани романи таърихӣ кори басо душвор ва меҳнатталаб аст, бояд нависанда аз доираи ҳодисоту воқиоти таърихӣ чандон канорҷўӣ накунад, онҳоро таъриф нанамояд. Вале дар зимни баёни ҳодисаҳо ба масъалаҳо ва проблемаҳои муҳими ҳамон давр бояд диққати ҷиддӣ дода шавад. Ҳамин масъалаҳо, аз тарафи дигар, ба замони имрўза бояд мусоидат кунанд ва хонандаи имрўза гузориш ва ҳалли масъалаҳоро дар қиёс бо ҳаёти кунунӣ дарк намояд. Ана дар ҳамин маврид тири нависанда ба ҳадаф хоҳад расид. Масалан, имрўз пас аз мутолиаи китоб бисёр роҳбарону сарварони вилояту кишварҳо барои худ аз ин асар панде мегиранд ва роҳбарию давлатдориро меомўзанд. Масалан, метавонанд дар масаълаи тарзу услуби роҳбарӣ ба кор пешбари намудани соҳибмансабон, мубориза алайҳӣ ришвахурӣ ва амсоли ин барин масъалаҳоро аз роман дарёфт намоянд ва дар кори хеш амалӣ гардонанд. Кору рафтори Исмоили Сомонӣ дар ҳаллу фасли ҳамин гуна масъалаҳо ибратомўз аст. Махсусан, дар роман симои Исмоил дар рафти ҳодисоту воқеъот табиӣ ва равшану возеҳ ба қалам дода шудааст. Дуруст аст, ки нависанда дар роман баъзе амалҳои ношоистаи қаҳрамони марказии асарро ба таври ҳақонӣ нишон медиҳад ва худи ў камбудиҳояшро дарк намуда, ислоҳ мешавад. Чуноне ки мегўянд инсон бекамбудӣ намешавад ва мард он аст, ки аз камбудиҳояш хулоса барорад. Исмоили Сомонӣ ҳам дар рафти ҳодисаҳо задухурди воқеаҳо боз ҳам рушду камол меёбад.
Бахусус, Исмоили Сомонӣ дар поёни романи «Фурўғи Хуршед» ҳангоми ба намояндагони хулафо, ки барои табрик ва додани унвони «Амир Ғозӣ» ба Бухоро омада буданд, аён мегардад. Меҳмонон дар маҷлис, ки ба ин муносибат баргузор гардида буд, иштирок мекунанд. Онҳо забони тоҷикӣ-дариро намедонистанд. Бо вуҷуди ин Исмоил бо забони модариаш суханронӣ намуд. Ин амал барои меҳмонон ва бахусус ба сарвари онҳо Мақсуд ибни Сабо мақбул наафтод ва аз Исмоил хоҳиш кард, ки мо забони шуморо намедонем ва шумо забони арабиро хуб медонед, бинобар ин шоиста он бошад, ки бо забони мо ҳарф занед. Исмоил ба ў чунини посух дод: «Шукри Худо, ки забони мо истиқлол ёфт, забони мо аз қафаси танг раҳо гардид ва мисли шоҳин баландпарвоз шуд ва акнун забони мо ҳам мисли забони шумо дунёгир хоҳад шуд». Аз суханони Исмоил ибни Сабо нороҳат шуд ва малоли хотир гардид. Аммо лаб накушод ва ба тақдирашон тан доданд.
Бубинед гузориши ин масъала ба замони имрўзаи мо чӣ қадар монанд аст. Саъю талошҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамон кирдору рафтори Исмоили Сомониро пеши назар меорад.
Хулоса романи «Фурўғи Хуршед» асари хонданӣ буда, дар тарбияи худшиносӣ ва ватандўстии хонанда саҳми калон гузошта метавонад.
Дар охир мо ба муаллиф Мирзоди Маонӣ дар субути ин кори хайр барору комёбӣ мехоҳем ва орзумандем, ки дар ин ду соли охир иншои қисми сеюми романи «Исмоили Сомонӣ», «Ғуруби Хуршед»-ро низ ба итмом расонад. Ба камоли боварӣ метавон гуфт, ки романи таърихии сегонаи «Исмоили Сомонӣ» ба ҷашни 20-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тўҳфаи арзандааст.
Академики Академияи илмҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Лутфуллоев.
Нусхае аз ин китобро шумо, хонандагони азиз, метавонед дар толори хониши шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд бихонед.
Таҳияи Рисолат ШЕРАЛИЕВА,
мутахассисиси пешбари шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.