Мирзонасриддин: “Нони шарикӣ” (Сад сол бо Русия). Порча аз роман
Колхоз ба Авазхон замин дод. Ҳамсояҳо ёрӣ карданд, дар як ҳафта ду хонаю як ошхона пўшида гирифт. Ба тақдир тан дода, ба кори колхоз рафта меомад. Аммо занаш як сол истода, “ дар ин гармӣ наметавонам” гуфта баргашта ба Ҳоит меравад. Баъд Алёна омад, насибашон будааст, зану шавҳар шуданд.Ҷовид ҳар гоҳе аз ҳаёти Алёна фикр кунад, як нуктае ҳаст, ки ҳисси хиҷолату мунфаилӣ гиребонгираш мешавад…
Алёна зани зебои гармрўй буд. Ўро бисёриҳо нағз диданд. Дар дили Ҷовид ҳам ҳасрати васлаш нишаст. Алёна низ ба Ҷовид таваҷҷуҳ доштанашро пинҳон намекард. Гоҳе ки ба колхозчиён ғизои чошт омода мекард ва Ҷовид он ҷо як – як аспсавор меомад. Алёна беибо наздаш омада, ба гапаш мегирифт: “Ҷовид Мансурович, шуморо бинам, суҳбат карданам меояд. Чунки шумо ба русӣ хуб ҳарф мезанед”- мегуфт. Ба Ҷовид ҳам хушоянд буд, ки назди колхозчиҳо рисодониашро ҷилва диҳад. Бибӣ суҳбати онҳоро дида, аз кайфияти ҳоли ҳарду пай мебарад. Боре саҳаргоҳ, ҳангоме ки Човид кор мерафт, Бибӣ дар беруни дарвоза ҷорўб дар даст бо бо ҷабини гиреҳандохта гуфт: “Аваз нияти Алёнаро зан кардан доштааст. Занак ҳам розигӣ додааст. Тавонед, ёришон кунед!”.
Ҷовид назди Бибӣ худро бепарво вонамуд кард. Бо ризоят сар ҷунбонда равон шуд, ки Бибӣ бо оҳанги нармтар илова кард: Пиракиҳои мо як сухана ҳар вақт мегуфтанд: “Лаззати зиндагиро дар некномӣ шинос” . Мансуров албатта донист, ки бибӣ ба кадом кораш ишора дорад. Вале боз ҳам худро бетавофут вонамуд кард. Аммо нисбат ба Аваз хашм гирифт: ”Ин пойлучро бинед, аз худ рафтааст!”.
Аз байн ҳафтае гузашт, боре бегоҳи рўз аз кор бармегашт, ки Авазу Алёнаро дид, онҳо гуфтаю хандида мерафтанд. Қадамашро суст кард ва ба кўчаи дигар даромад. Минбаъд аз Алёна худро дур мегирифтагӣ шуд. Баъд аз он, ки бибӣ аз роҳи бадномӣ гардондаш, ўро ба некӣ ёд мекард. Агар кор “дарунтар” мерафт, шармандаи ду олам шуданаш муқаррар буд.
Ҷовид, чунин фикрҳо дар зеҳнаш, банди аспашро мекушод, ки Аваз аз пас садо баланд кард: “Раис, масти хоб бошам ҳам, овози пойи шуморо мешунавам!”
Ҷовид, аспро кашиду худро аз хоби онҳо бехабар вонамуд карда гуфт:
- Аваз, ман надонистам ин ҷо буданатро. Заминро об мондӣ?
Аваз , чуноне ки одаташ аст, ҳарфҳоро як – як талаффуз карда гуфт:
– Раис, чӣ хеле ки фармудед, баъди шоҳздаҳ рўз имшаб оби дуюмро додам.
– Пеш дору дода будӣ?
– Оре, силитра дода, пас об мондам.
– Офарин! Акнун бист рўз тоқат мекунӣ. Ин давраи ҳосилбандии ниҳол аст. Минбаъд ниҳол обталаб аст ё не, худаш нишон медиҳад. Рангаш тору тоза бошад, маълум, ки ҳанўз ба об майл надорад.
– Эҳ, кори пахта чӣ қадар мушкил аст! – Аваз сар такон дод.
– Бале, мушкил аст. Ниҳоли пахта феъли зани зеборо дорад. То меҳрубониш накунӣ, обу доруяшро дар вақташ надиҳӣ, самар намедиҳад, – гуфт Човид ва боз чанд заминро давр зада баромаду қаноатманд шуда баргашт. Карор дод мактаберо, ки дар шафати мактаби куҳна мепўшанд, хабар гирифта гузарад. Наздики мактаб омаду суханони муаллими ҷавон Абдураҳмон Сабуриро, ки ба гурўҳи донишомўзони дар саҳн қароркарда мегуфт, шунид: “Шумо ҷавони хушбахт мебошед. Шумо дар замони коммунизм зиндагӣ хоҳед кард. Замоне ки ҳар кас мувофиқи тавоноиаш кор мекунад, мувофиқи талабаш чизе хоҳад, мегирад”.
Байни донишомўзҳо ғалмағал шуд. Сабурӣ бо ҳамон қатъият илова кард: “ Аз рўйи барномаи партия баъд аз понздаҳ, дераш баъд аз бист сол , он замони орзу фаро хоҳад расид”. Ҷовид аспашро маҳмез зада, ба худ савол дод: Оё ҳамин ваъдаро, ки дар маъракаҳо гўшрас мекунанд, “мувофиқи тавоноияш кор мекунад”фаҳмо: Аммо “мувофиқи тавоноияш кор мекунад”фаҳмо: Аммо “мувофиқи талабаш мегирад” – ро дар тасвавураш ғунҷондан натавонист…
Ин порча аз китоби нави адиби маъруф Мирзонасриддин “Нони шарикӣ” (Сад сол бо Русия) иқтибос шуд. Дар атрофи ин романи нави муаллиф баҳсҳо зиёданд. Аммо кас танҳо баъди мутолиаи пурраи роман метавонад қазоват кунад.
Роман дар бораи рӯзгоре нақл мекунад, ки Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд. Муаллиф талош кардааст бо истифода аз маводҳои бойгониҳо ва суҳбату мутолиаи китобҳои то кунун чопшуда дар бораи Иттиҳои Шӯравӣ, ҳизби коммунист ва даврони сотсиалистӣ асари худро нависад.
То куҷо муваффақ шудааст, шумо баъди хондани роман метавонед ба хулоса оед.
Таҳияи Саодат Набиева, сармутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ.