Мизи гирд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Рӯнамоии китоби “Ваҳдати миллӣ (феҳристи адабиёт)”
Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи мизи гирд таҳти унвони “Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ” китоби “Ваҳдати миллӣ (феҳристи адабиёт)” рӯнамоӣ шуд.
Дар ин нишаст, ки баъд аз зуҳри 21-уми июн баргузор шуд, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, академики АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Кароматулло Олимов, номзади илмҳои фалсафа, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Мирзошорух Асрорӣ, роҳбарону кормандони Китобхонаи миллӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Чорабиниро директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода оғоз намуд ва аз нақши Ваҳдати миллӣ дар осоиштагии Тоҷикистон ва таъмини оромию субот ҳарф зада, аз ҷумла гуфт: “Сокинони шарафманди Тоҷикистон имсол аз 26-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои орому осоиштаи Ватан истиқбол менамоянд. Таърих ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳад кард, ки 26 сол қабл кишвари офтобрӯяи Тоҷикистон дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхту кишвар ба порчаҳо тақсим мешуд ва ҳазорҳо шаҳрванд тарки ватани аҷдодии худ мекард. Ба бахти миллати фаррухболи тоҷик фарзонафарзанде дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсату давлатдорӣ омад ва Ватанро аз нобудшавӣ раҳонид”.
Профессор Файзализода бо таваҷҷуҳ ба ин ки ин 26 сол ба кишвари мо ободӣ оварду ба хонадони сокинон сулҳи бебозгашт, афзуд: Бо гузашти бештар аз ду даҳсола шоирону нависандагон, донишмандону таърихшиносон доир ба сабабу омилҳо, натиҷаву паёмад ва паҳлуҳои мухталифи ваҳдати тоҷикон китобу мақола, суҳбату гузориш ва садҳо достону шеъру қиссаро эҷод намудаанд. Бисёрии маводи пажуҳишӣ, китобу асарҳо ва мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар мавзуи ваҳдат ва сулҳу суботи тоҷикон зарурати дар як маҷмӯа ҷамъ овардани онҳо–яъне ташкили феҳристи адабиёт оид ба мавзуи ваҳдатро ба миён овард, то ин ки пажӯҳишгарони имрӯз маводи заруриашонро дар фурсати андак ва бо хиёли роҳат пайдо намояд. Бо ин мақсад соли 2014 дастури библиографии “Ваҳдати миллӣ: китобнома” бо саъю талоши Шариф Комилзода дар ҳаҷми 342 саҳифа аз чоп баромада буд, ки барои муҳаққиқон сарчашмаи хуби иттилоотӣ ба ҳисоб меравад.
Директори Китобхонаи миллӣ дар идомаи суханронии худ зарурати чопи навбатии ин китобро шарҳ дод ва афзуд: Ҳамакнун бо гузашти 8 соли дигар аз чопи дастури зикршуда ва рӯйи кор омадани таҳқиқот, интишори мақолаҳои илмӣ ва пажӯҳишҳои тоза зарурати нашри мукаммалу муфассал бо дарбаргирии дастовардҳои тозаи илмӣ ба миён омад. Хушбахтона, Китобхонаи миллӣ бо иқдоми навбатии худ ба ифтихори ҷашни 26-солагии Ваҳдати миллӣ дастури нави “Ваҳдати миллӣ: феҳристи адабиёт”-ро омода ва аз чоп баровард. Феҳристи мазкур дар асоси китобномаи қаблан интишор ёфта, захираи Китобхонаи миллӣ, нашрҳои библиографии Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон тартиб дода шуда, 3831 маводи чопии солҳои 1991-2022-ро дар бар мегирад.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам дар идомаи чорабинӣ дар бораи “Нақши Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ” суханронӣ намуда, ин ҳаракатро ҳамчун як ниҳоди воқеан зарурӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон муарифӣ намуд ва аз таърихи ташкил ва сарварони ин ниҳод ҳарф зада, ба нақши онҳо барои устуворӣ ва пойдории Ваҳдати миллӣ баҳои баланд дод. Вай гуфт:
– Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон зиёда аз 3,5 миллион аъзо дорад ва ин ягона ниҳодест, ки аъзои он аъзоҳақӣ намесупоранд, ин нишони он аст, ки мо барои Ваҳдату субот дар кишварамон, барои ободию устувории истиқлол бояд аз як гиребон сар барорем, якҷоя ин Ватан, ин Тоҷикистонро ободтару зеботар гардонем.
Академики АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Кароматулло Олимов дар мавзуи “Масъалаи Ваҳдати миллӣ ва раванди ҷаҳонисозӣ дар асарҳои Пешвои миллат” суханронӣ кард ва аз ҷумла гуфт, ки бо пешниҳоду дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Ваҳдати миллӣ дар радифи ҷашнҳои миллии мо қарор гирифтааст ва он дар рушду инкишофи тафаккури ҷавонони метавонад таъсири мусбат гузорад.
Тоҷикистони мо солҳои навадуми асри гузашта ба вазъи ногувор гирифтор шуда буд ва хатари аз байн рафтани давлат низ вуҷуд дошт. Даҳҳо ҳазор гурезагон тарки Ватан кардаву ин мулки соҳибистиқлолро ба нестӣ месупориданд. Аммо дар ин миён маҳз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли иттифоқ уфтод, тавонист дар ин лаҳзаҳои воқеан мушкилу ҳассос миллатро аз нестӣ наҷот диҳад. Эмомалӣ Раҳмон – наҷотбахши миллати тоҷик корро дар ин рӯзҳои сахт аз баргардонидани гурезаҳо оғоз кард ва то охирон паноҳандаро ба ватан баргардонид, ором набуд ва мо худ шоҳиди ҳамаи ин ҷонфидоиҳои беназири Пешвои миллатамон ҳастем.
Сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Мирзошорух Асрорӣ дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди сулҳу Ваҳдати миллӣ” маърузаи пурмуҳтавое карда, қайд намуд, ки Ҳаракати Ваҳдати миллӣ аз ҳамон шиори Пешвои муаззами миллат, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ҳамчун раиси Шӯро “Ман ба шумо сулҳ меоварам” гуфта буданд, оғоз гардид.
Он шабу рӯз мо хуб дар хотир дорем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қубодиёну Шаҳртус шахсан сафар карда, пеши роҳи фирори мардумро гирифтанд. Дар муроҷиат ба шаҳрвандон гуфтанд, ки ин ҷо Ватани шумост ва беҳтар аз ин маконе нест. Якҷоя онро обод мекунем ва дар фазои сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ хоҳем кард. Ва ҳамин гуна ҳам шуд, ки мо имрӯз дар чунин Ватани ободу ором ва соҳибистиқлол умр ба сар мебарем. Ваҳдати миллӣ воқеан давоми 26 сол мешавад, ба кишвари мо пешрафту тарақиёти гуногунҷабҳаеро ба бор овардааст, ки самари он кушоду равшан аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки боварию самимияти мову Шумост, ки сулҳу оромӣ пойдор аст, бояд онро мисли гавҳараки чашм ҳифз кард.
Шариф Комилзода, мураттиби феҳристи “Ваҳдати миллӣ” корманди Китобхонаи миллӣ дар мавзуи “Рисолаҳои ваҳдатофарии фарҳанг дар андешаҳои Пешвои миллат” сухан кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки Пешвои миллат дар ҳар як баромадашон аз сулҳу ваҳдат якпорчагии диёр ҳарф мезананд ва таъкид мекунанд, ки ин неъмати бебаҳо лутфи Илоҳӣ барои миллати тоҷик аст.
Шариф Комилзода ҳамчунин чанде аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос оварда, бисёр пурмуҳтаво эзоҳ дод.
Вай дар робита ба рӯнамоии феҳристи “Ваҳдати миллӣ” ибрози ақида намуда гуфт, ки дар ин феҳрист номгӯи осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масоили ваҳдат ва ваҳдатшиносӣ, асару мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавии олимону донишмандон перомуни масоили сулҳу ваҳдати миллӣ ва барқароршавии он дар Тоҷикистон ва ҳамзамон осори бадеию адабиётшиносӣ дар ситоиши сулҳу субот ва ваҳдату дӯстӣ, ҷамъоварӣ шудааст.
Дар поёни нишаст профессор Ҷумахон Файзализода иброз дошт, ки Китобхонаи миллӣ дар оянда низ барои нашри дастурҳои методӣ-библиографӣ ва феҳристномаҳои шахсиятҳо ва санаҳои муҳимми ҷашнӣ саъю талош намуда, рисолати меҳварии худ – иттилоърасонӣ ва пешниҳоди мавод барои хонандагонро ба таври бояду шояд иҷро хоҳад кард.
Маврид ба таъкид аст, ки китоби “Ваҳдати миллӣ (феҳристи адабиёт” зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода омода ва нашр шудааст.
Дар пажӯҳиши библиографӣ ва ҷамъоварии мавод Наргис Валиева, Азиза Раҷабова, Марзия Зардодхонова, Таҳмина Иброҳимова, Мадина Валиева ва Оксана Титова саҳм гирифтаанд.
Наргис НАЗАРЗОДА