Мизи гирд дар Китобхонаи миллӣ. Нигаронии профессор Файзализода аз кундии вуруди нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхона

direktorМатни комили суханронии директори Китобхонаи миллӣ дар мизи мудаввар таҳти унвони “Нусхаҳои ҳатмӣ – асоситарин роҳи пуррагардонии фонди китобхона”, ки баъд аз зуҳри рӯзи 9-уми июни соли 2023 дар бинои Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.

Меҳмонони арҷманд!

Муҳтарам намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, намояндагони муассисаҳои нашриявии мамлакат!

Ҳозирини гиромӣ!

Нусхаҳои ҳатмӣ асоситарин ва муҳимтарин сарчашмаи такмили фонди китобхонаҳо ва таъмини саривақтиву беминнати истифодабарандагон бо маводи чопӣ дар китобхонаҳо мебошад. Дар баробари дигар сарчашмаҳо ва манобеи пуррагардонии фонд аз қабили харидорӣ аз шахсони алоҳида, аз ҳисоби муаллифон ва туҳфа аз шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, нусхаҳои ҳатмӣ сарчашмаи боъэтимод ва муҳимми мукаммалгардонии фонд ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ин хотир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2011 №792 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо”-ро ба тасвиб расонида, дар ин замина 31-уми августи соли 2012 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо” таҳти №453 ба тасвиб расонида шуд. Қонун ва қарори болозикр заминаҳои ҳуқуқии воридоти нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳоро фароҳам оварда, номгӯйи муассисаҳои дорои ҳуқуқи гирандагии нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатро муайян намудааст. Инчунин, талаботи санадҳои мазкур муассисаҳои нашриявиро муваззаф месозад, ки тибқи талаботи бандҳои қонуни зикргардида аз тамоми маводи чопии банашррасонидааш 3 нусхаи ҳатмии ройгонро ба муассисаҳои дорои ҳаққи гирандагии нусхаи ҳатмӣ аз ҷумла Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоранд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ айни замон фонди Китобхонаи миллӣ дорои бештар аз 3 миллион нусха китоб ва дигар маводи чопӣ мебошад, ки тавре зикр гардид, роҳи асосии пуррагардонии фонд нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо мебошад, яъне нақши муассисаҳои нашриявӣ дар такмили фонди Китобхонаи миллӣ ниҳоят бузург мебошад.

Бо вуҷуди он ки Китобхонаи миллӣ бойгонии ягона ва бузурги миллат буда, рисолати ҳифзу нигаҳдорӣ ва ба ин восита интиқоли китобу маводи чопӣ ба наслҳои ояндаро дораду дар баланд бардоштани сатҳи донишу маънавиёти наслҳои имрӯзу фардои Ватан нақши калидӣ дорад, мутаассифона, раванди супоридани нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо аз ҷониби муассисаҳои нашриявии кишвар хеле суст ва нигаронкунанда мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки раванди воридоти нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллӣ боиси ташвиши ҷиддист ва ҷараёни такмили фонди Китобхона аз ҳисоби ин сарчашмаи муҳим хеле ташвишовар гардидааст.

Китобхонаи миллӣ бо мақсади беҳтар намудани раванди супоридани нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо ва иҷрои саривақтиву пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо пайваста тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, бо муассисаҳои нашриявӣ ҳамкориҳои зичро ба роҳ мондааст. Давоми се соли охир, ҳар сол муҷаддадан аз тарафи Китобхонаи миллӣ ба унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва нашриёти алоҳидаи давлативу хусусӣ мактубҳои расмӣ ирсол шуда, иҷрои талаботи қонуни зикршуда тақозо шудааст, аммо мутаассифона, аз ҷониби иҷрокунандагони қонун бепарвоӣ зоҳир гардида, ҳанӯз ҳам ба таври зарурӣ талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур иҷро карда намешавад.

Мавриди зикр аст, ки соли 2021 дар доираи иҷрои лоиҳаи “Бунёди захоири электронии библиографии Пешвои миллат барои солҳои 2019-2021”, ки аз тарафи Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда буд, кормандони Китобхонаи миллӣ давра ба давра ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон сафарҳои корӣ анҷом дода, дар натиҷа иҷрои талаботи қонун ва қарори болозикр аз масъулини шаҳру ноҳияҳо талаб карда шуда буд. Ногуфта намонад, ки пас аз анҷоми сафарҳои корӣ раванди супоридани нусхаҳои ҳатмӣ то андозае беҳтар гардида, чанде аз муассисаҳои нашриявие, ки тамоман нусхаи ҳатмӣ намесупориданд фаъол гардиданд, аммо ин раванд дер давом накард ва боз ҳам бепарвоӣ ба ин масъала бештар гардид.

Ҳамчунин, 11 июли соли 2022 бо ташаббуси Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-машваратӣ таҳти унвони “Медиатека – ганҷина ва бойгонии нодири миллат” баргузор карда шуд, ки дар он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муовинони соҳавии раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони муассисаҳои нашриявии пойтахт иштирок намуданд.

Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, пас аз баргузории чорабинии мазкур як давраи муайян воридоти нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллӣ беҳтар гардид, аммо боз ҳам ин раванд рӯ ба коҳиш ниҳодааст, то ҷое ки таъмини саривақтии истифодабарандагон бо маводи чопии тозанашр мушкил гардидааст ва хонанда китоби мавриди ниёзашро пайдо карда наметавонад.

Ҳозирини арҷманд!

Ин ҷо ба унвони мисол раванди воридшавии нусхаҳои ҳатмии китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳоро давоми се соли охир яъне солҳои 2020-2023 ба таҳлил мегирем, ки чунин аст.

Масалан дар соли 2020 аз ҳисоби ҳафтаномаҳои “Ваҳдат”, “Дунё” “Имрӯзнюз”, “Инсон ва қонун”, “Паёми Душанбе”, “Городок”, “Известия”, “Культура”, “Независимая газета” маҷаллаҳои “Авҷи  зуҳал”, “Бонкдорӣ, Тараққиёт, Ҷаҳонишавӣ”, “Давлатшиносӣ  ва  ҳуқуқи  инсон”, “Илм ва техника”, “Қонуният”, “Маорифи Тоҷикистон”, “Нигаҳдории  тандурустии  Тоҷикистон”, “Садои  шарқ”, “Сафинаи  умед”, “Фарҳанг  ва  санъат”, “Ҳамшираи  тиб  ва  момодоя”, “Ҳаёти  ҳуқуқӣва “Чашма аз ягон шумора нусхаи ҳатмӣ ба Китобхона ворид нагардидааст.

Ҳамин тавр давоми солҳои 2021-2022 аз ҳисоби ҳафтаномаҳои “Мароми пойтахт”, “Нақлиёт”, “Паёми Душанбе” маҷаллаҳои Авҷи  зуҳал”, “Давлатшиносӣ  ва  ҳуқуқи  инсон”, “Кино” (нашрияи  “Тоҷикфилм”), “Қонуният”, “Маорифи Тоҷикистон”, “Родмардони  ватан”, “Садои Шарқ”, “Сафинаи  умед”, “Симурғ: (маҷалаи  илмии  тиббӣ)”, “Тибби Буалӣ”, “Фарҳанг  ва  санъат”, “Ҳаёт  ва  қонун”, “Ҳаёти  ҳуқуқӣ” ва чанде дигар низ тамоман нусхаи ҳатмии ройгон ба Китобхона ворид нашудааст.

Мавриди зикр аст, ки баъзе аз рӯзномаву маҷаллаҳое, ки ворид нашудаанд аз лиҳози илмӣ арзишманд буда, хонандагони зиёд низ доранд. Масалан маҷаллаи “Садои Шарқ”, ки яке аз маҷаллаҳои арзишманд ва бонуфузи соҳаи адабиёти кишвар мебошад ва хонандагони зиёд низ аз маводи он истифода мебаранд, вале давоми се соли охир ягон нусха аз ин маҷалла ҳамчун нусхаи ҳатмӣ ба Китобхона ворид нашудааст.

Ҳамчунин раванди воридоти нусхаҳои ҳатмӣ аз ҷониби муассисаҳои нашриёвӣ, яъне чопхонаҳо низ хеле нигаронкунанда буда, аз тарафи баъзе нашриёт аққалан 10% маводи чопиашон ба Китобхонаи миллӣ супорида намешавад.

Метавон гуфт, ки раванди супоридани нусхаҳои ҳатмии ройгон аз ҷониби нашриёти “Донишварон”, “Лавҳ, “Истеъдод”, “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик”, “Промэкспо” маҷаллаҳои “Адаб” “Амнияти  озуқаворӣ”, “Аноҳито”, “Ахбори  маҷлиси  олии ҶТ”, “Ахбори суди конститутсионии ҶТ”, “Даво”, “Илм ва ҷомеа”, “Истиқбол”, “Иқтисодчӣ”, “Илм ва ҳаёт”, “Каломи  табиб”, “Кишоварз”, “Маърифати  омӯзгор”, “Меъморӣ” ҳафтаномаҳои “Нақлиёт”, “Самак”, “Ҷаҳони паём”, “Агро информ”, “Парвин”, “Пайк”, “Олами ҳунар”, “Инсон ва қонун”, “Минбари ҳуқуқшинос”, “Қонун ва ҷомеа”, “Мароми пойтахт”, “Новый Хатлон” ва чанде дигар хеле нигаронкунанда мебошад, зеро қариб 20 дарсад маводи чопиашон ба Китобхона ворид намешавад.

Бояд гуфт, ки раванди воридоти нусхаҳои ҳатмӣ аз ҷониби муассисаҳои нашриявии вилоятӣ ва минтақавӣ тамоман ғайриқаноатбахш ва нигаронкунанда мебошад.

Албатта, дар ин баробар баъзе аз нашриёт ва рӯзномаву маҷаллаҳои фаъол низ ҳастанд, ки Китобхонаи миллӣ аз ҳамкории онҳо изҳори сипос менамояд.

Дӯстони азиз!

Мехоҳам таъкид намоям, ки иҷро накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо амали қонуншиканӣ буда, тибқи талаботи қонуни мазкур ҷавобгарӣ низ пешбинӣ шудааст. Дар модаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо” зикр шудааст, ки: “Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”.

Бинобар ин риояи талаботи қонуни зикршуда вазифа ва масъулияти ҷонии муассисаҳои нашриявӣ ба ҳисоб рафта, риоя накардани он хилофи меъёрҳои санадҳои ҳуқуқӣ ва зарар ба халқу миллат хоҳад буд.

Бо умеди ҳамкориҳои мусбат ва ояндаи дурахшони илми тоҷик шумо ҳозирини гиромиро ба Китобхонаи миллӣ хайрамақдам гуфта, ба кори мизи мудаввар барору кушоиш таманно менамоям.