Мизи гирд дар Китобхонаи миллӣ. Зодрӯзи академик Муҳаммадулло Лутфуллозода

Зодрӯзи академик  Муҳаммадулло ЛутфуллозодаУстоди аввалини мову Шумо». Зери ин унвон нимаи аввали имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мизи гирд бахшида ба солгарди таваллуди академик Муҳаммадулло Лутфуллозода доир гардид.

Мизи гирд бо ҳузури гарми зумрае аз донишмандон, шогирдон, аз ҷумла директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумъахон Хол, Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Саломиён Муҳаммаддовуд,  узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Саидамир Аминов, доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саъдуллоҷон Неъматов, доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон Бибиҳафиза Маҷидова, кормандони китобхона, намояндагони расонаҳои хабарии кишвар баргузор шуд

Зодрӯзи академик  Муҳаммадулло Лутфуллозода

Нишастро директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол оғоз намуда, иброз дошт: “Иқдоме, ки имрӯз сурат гирифт, ба хотири шинохти бештари мақому манзалат ва пос доштани заҳматҳои пурсамару пурбаракати чандинсолаи педагоги маъруф, олими саршиноси кишвар, устоди аввалини мову Шумо Лутфуллозода Муҳаммадулло мебошад”.

Профессор Файзализода инчунин аз хидматҳои шоёни ин фарзонафарзанди миллат, ки «як умр бо тамоми тавон аз забон, адабиёт ва фарҳанги халқаш дифоъ намуда, дар ҳама маврид бо нигоҳи хосса, диди нав, талоши беминнату беиллат, бо заҳматҳои шабонарўзӣ афкори қавӣ пеша сохта, баҳри рушди мактабу маориф, илми педагогика ва тарбияи насли наврас кардааст», суҳбат кард.

Зодрӯзи академик  Муҳаммадулло Лутфуллозода

Директори Китобхонаи миллӣ дар идомаи суханрониаш афзуд: Дарахти андешаи устод Лутфуллозода Муҳаммадулло се шохаи барўманд дорад: омўзгор, муҳаққиқ, сардор. Ба ҳосили ҳар яке аз ин шохаҳо равшан назар меандозем, аз баргу бораш завқу ҳаловат меёбем, дарахти тафаккурашонро Парвардигор он чуноне офарида, ки коми ҳазорон бинанда ва чинанда ширин мегардад.

Вай ҳамчунин гуфт, ки дар «Толори академикон ва докторони илм»-и Китобхонаи миллӣ гўшаи Лутфуллозода Муҳаммадулло ташкил шудааст ва донишманди маъруф зиёда аз 900 нусха китобҳояшонро ба китобхона туҳфа кардаанд.

Узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Саидамир Аминов гуфт, ки устод Лутфуллозода Муҳаммадулло ҳеҷ гоҳ барои ҳаққи худашон талош накарданд, дар зиндагӣ пеши касе сар хам накарданд. Ба манфиати халқу миллат бисёр хидмат кардаанд.

Зодрӯзи академик  Муҳаммадулло Лутфуллозода

Бибиҳафиза Маҷидова, доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ иброз дошт:  «Аз оғози солҳои 1980 вақте масъалаи ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ ба ба миён омад, устод яке аз аввалинҳо буданд, ки   ташкили таълим бо забони модарӣ дар ҳамаи муассисаҳои зинаҳои таҳсилотӣ аз мактабӣ то касбиро ба миён гузоштанд. Дар арафаи қабул шудани қонунҳо конфронсҳо доир мегардид, устод диққат ва таваҷҷўҳи худро ба инкишофи нутқ ва таълими забони модарӣ ҳанўз аз давраи томактабӣ оғоз карданд».

Дар поёни нишаст академик Лутфуллозода ба кулли касоне, ки ин ҳамоиши хотирмонро созмон доданд ва аз заҳматҳои устодашон самимона ёд намудаву сутуданд, изҳои сипосу қадрдонӣ намуд.

Директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода устодро бо Сипосномаи Китобхонаи миллӣ қадрдонӣ намуд.

Зодрӯзи академик  Муҳаммадулло Лутфуллозода

Устод Муҳаммадулло Лутфуллозода муаллифи зиёда аз 230 асари илмию таҳқиқотӣ, бештар аз 620 мақолаи илмию методӣ ва оммавӣ мебошад. Воқеан ба қалами устод рисолаю китоб ва дастуру мақолаҳои зиёде мансубанд, ки барои ҳамаи онҳоро ном бурдан чандин соатҳову саҳифаҳо лозим аст. Хидматҳои бенуқсону бисёрсолаи устод Лутфуллозода бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудааст.

Муҳаммадулло Лутфуллозода як умр бо тамоми тавон аз забон, адабиёт ва фарҳанги халқаш дифоъ намуда, дар ҳама маврид бо нигоҳи хосса, диди нав, афкори қавӣ баҳри рушди мактабу маориф, илми педагогика ва тарбияи насли наврас хизматҳои шоён кардаанд.

Раҳима БОБОЕВА,
шуъбаи тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.