Мизи гирд: Китоб муаллими бепул ва беминнат

Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун боргоҳи маънавӣ барои гирд овардани осори фарҳангиву таърихӣ ва сарчашмаҳои илмӣ пайваста талош меварзад. Ҳадаф аз гирдоварӣ ва нигаҳдориву маҳфуз доштани чунин маводи пурарзиш ҳамоно ба наслҳои оянда, фарзандони фарзонаи имрӯзу фардои миллат ва башарият бурда расонидани он мебошад.

Дар ин раванд Китобхонаи миллӣ амалҳои шоиста ба анҷом расонида истода, чандест дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаҳои ҳатмӣ” китобҳо ва маҷаллаҳоро ҷамъоварӣ менамояд. Илова ба ин, аз ҷониби шахсиятҳои фарҳангӣ ба Китобхонаи миллӣ китобҳо тақдим карда мешаванд. Ҳамзамон дастхатҳо ва китобҳои нодир аз ҷониби Китобхона харидорӣ карда мешаванд. Мисоли рӯшани он харидорӣ намудани бойгонии азиме, ки фарогири муҳимтарин сарчашмаҳои таърихии аввали қарни ХХ аст, барои ғанӣ гардонидани фонди электронии Китобхонаи миллӣ ва фароҳам овардани дастрасӣ ба сарчашмаҳои таърихии илмиву адабӣ ба муҳаққиқону олимони ҷавон мебошад. Ин амал як тиру ду нишон аст, зеро Китобхона ҳам китобҳои суннативу сарчашмаҳои анъанавиро дастраси ҳаводорон мегардонад ва ҳам мутобиқ ба хидматрасониҳои муосир дар дастрас намудани сарчашмаҳои нави илмиву таърихӣ корҳои мондагорро анҷом медиҳад.

Дар робита бо ин хонандаи доимии Китобхонаи миллӣ, муҳаққиқи ҷавону ҷӯё Бахтовар Темирзода ба Китобхонаи миллӣ ҳадяи пурарзише тақдим намуд. Ба ин муносибат дар Китобхонаи миллӣ таҳти унвони “Китоб муаллими бепул ва беминнат” бо иштироки Бахтовар Темирзода ва кормандони Китобхонаи миллӣ мизи гирд доир гашт.

Ҷаласаро муовини директори муассиса Муҳаммадиқбол Атозода ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба Китобхонаи миллӣ хайрамақдам гуфт. Зимни баромади худ Муҳаммадиқбол Атозода аз кӯмак ва мусоидати муҳаққиқи ҷавон Бахтовар Темирзода ба Китобхонаи миллӣ сухан ронда, иброз дошт, ки мавсуф баҳри бозёфти сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ҳамеша талош дорад. Бахтовар Темирзода бастаи ҳуҷҷатҳову сарчашмаҳои таърихиро, ки дорои беш аз 12 ҳазор маълумоти электронӣ мебошад, ройгон  ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд.

Сипас , Бахтовар Темирзода сухан аз илму адабиёт гуфта, иброз дошт, ки барои ҷамъоварии нусхаҳои хаттии дорои аҳамияти илмиву адабӣ талош варзида, дар баробари дарёфти ин сарчашмаҳо шакли электронии онҳоро барои Китобхонаи миллӣ омода созад. Зумрае аз  дастхатҳое, ки дарёфташон ба муҳаққиқи ҷавон муяссар гашт, инҳоянд: “Нусратнома”(дастнавис. Нусхаи нодири асри XVIII), “Таърихи Мирзо Салимбек”(нусхаи нодири дастнависи худи муаллиф, вобаста ба таърихи Аморати Бухоро дар охирҳои асри XIX ва аввалиасри XX), “Рисолаи тиббӣ. Китоб ал шифо” (асари Абуалӣ ибни Сино, ки аз тарафи котиби маҳаллӣ китобат шудааст), “Таърихи Ҳумулӣ” (мутааллиқ ба асри XVIII), “Дастур ал котиб фи таин ал маротиб” (нусхаи камёфти дастнавис дастрасшуда аз Туркия), “Девони Маъдани Понғозӣ” (дар пайравӣ ба адибони классики тоҷику форс), зиёда аз 160 тазкира, ки ин бастаро муаллиф “Тазкираҳо” унвон додааст, наздики 23 адад қитъа, ки ба Аҳмади Дониш ва шогирдони ӯ мансуб аст (асрҳои XIX-XX) бо номи “Қитъаҳо”, “Маҷмӯи фонди Муҳаммадризои Хӯқандӣ” (маорифпарвари машҳури охири асри XIX  ва аввали асри XX ба забонҳои форсиву туркӣ), ки зиёда аз 8 ҳазорро ташкил медиҳанд. Асосан ин ҳуҷҷатҳо ба мавзуъҳои гуногуни робитаҳои дипломатӣ бахшида шуда, аз ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии Аморати Бухоро бо Хӯқанд, Хива, Туркия ва Русия маълумот медиҳад. Бояд гуфт, ки ин маҷмуи ин ҳуҷҷатҳо дар Осиёи Марказӣ калонтарин фонд мебошад. Муҳаммадризои Хӯқандӣ коргоҳи ноширӣ низ доштааст ва қоғаз истеҳсол мекардааст. Аз ин рӯ гирдоварии китобҳои нодиру гаронбаҳоро ба худ пеша карда будааст.

Ба ҷуз дастхатҳову сарчашмаҳои нодир Бахтовар Темирзода нусхаҳои аслии баъзе рӯзномаву ҳуҷҷатҳоро низ аз шаҳри Тошканди Ӯзбекистон дастрас кардааст, ба мисли: 70 адад ҳуҷҷатҳо вобаста ба таърихи Аморати Бухоро, “Туркестанские ведомости” (1870-1895), “Военный сборник”, “Русская воля”, “Бедории тоҷик”, “Тоҷикистони Сурх”, “Тоҷикистони Сурх”, “Колхозчӣ”, “Пролетори Хуҷанд”, “Овози тоҷик”. Муҳаққиқ тавонистааст нусхаҳои аслеро, ки танҳо дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ маҳфузанд, гирд оварад.

Дар қатори маводи электронии гирдовардашуда, муҳаққиқ дафтаре., ки  бо ҳусни хати хеле зебову хоно хаттотӣ шудааст, тӯҳфа намуд. Ин дафтар моли Очабибӣ бинти Муҳаммадризо (духтари Муҳаммадризои Хӯқандӣ) аст. Гуфтан бамаврид аст, ки дар дасти пайвандони ин зани хаттоту босавод дар қатори ҳазорҳо нусхаҳои нодир як нусхаи камёфти девони Ҳофиз низ мавҷуд аст. Ба ғайр аз ин 12 дастнависи Очабибӣ бинти Муҳаммадризо, ки солҳои 1937-1938 бо хатти хеле зебо хаттотӣ шудааст, арзи вуҷуд дорад. Ин гувоҳи босаводии ин бонуи тоҷик аст. Миёни занони тоҷик занони шеърдӯсту ғазалсаро ва ҳатто занони хаттот низ будаанд. Яке аз чунин занон Очабибӣ бинти Муҳаммадризо буд, ки то ҳол дар дасти пайвандонаш дафтарҳои хаттотии ӯ нигоҳ дошта шудаанд. Яке аз ҳамин дафтарҳоро Бахтовари Темирзода, ки соли 1950 дастхат шудааст, тақдими Китобхонаи миллӣ намуд.

Дар идомаи ҷаласа дастпарвари мактаби Абдуллоҷон Юнусзода, дастхатшинос ва муҳаққиқ Ҷумақулов Рамзиддин андешаҳои худро иброз дошт. Вай роҷеъ ба моҳияти дастхатҳои манзурнамуда сухан карда, аз Бахтовар Темирзода ҷиҳати ҳамкориҳои судмандаш ташаккур намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Китобхонаи миллӣ шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир ва ҳамчунин шуъбаи матбуоти даврӣ вуҷуд дорад ва ҳуҷҷатҳои аз тарафи Бахтовар Темирзода ба Китобхонаи миллӣ тақдимшуда ба ин шуъбаҳо ирсол ва нигаҳдорӣ мешаванд.

Муҳиддинова Махфират,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.