Мизи гирди Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи парчами давлатӣ

Рӯзи парчами давлатӣПарчамат бодо парафшон Тоҷикистон ”-таҳти ҳамин унвон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ дар Китобхонаи миллӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Дар кори он олимону муҳаққиқон, кормандони Китобхона ва намояндагони воситаҳои ахбори умум иштирок намуданд.

Дар ифтитоҳи ҳамоиш Ҷалолуддин Нурзода – муовини директори Китобхонаи миллӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба рӯзи Парчами миллӣ шодбош гуфт. Ҳамчунин таъкид гардид, ки Парчам ҳамчун муқаддасоти миллӣ рукни асосии давлатдории миллати мо ба шумор рафта, эҳтиром ба он эҳтиром ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азиз маҳсуб меёбад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Ҷонибек АсрориёнДар идома Ҷонибек Асрориён– муаррих ва фарҳангшиноси тоҷик  оид ба паҳлуҳои гуногуни парчам ва рисолати ҳар як ватандор дар эҳтиром ба ин матоъи муқаддас суханронӣ карда, иброз дошт, ки агар мо ҳамчун парчамдорон ба ин матоъ ҳамчун муқаддасоти миллиамон эҳтиром нагузорем, нишони соҳибдавлатии худро ба ҷаҳониён собит карданамон душвор мегардад. Дар робита ба таърихи пайдоиши парчам ва интихоби рангҳои он сурх, сафед ва сабз ҳамчун нишони сулҳу ваҳдат, бахту саодати комил ва сарсабзии ватан андешаҳои худро ирои намуданд.

Давлатшо Маҳмудов   – устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамоиш иштирок намуда, маърузаи бисёр пурмуҳтавое дар иртибот ба қабули парчам ва баҳсҳову мунозираҳо то интихоби он ҳамчун рамзи давлатдори миллӣ суханронӣ кард.

Гуфта шуд, ки то қабул гардидани парчам дар шакли имрӯза дар Қасри Арбоб  тамоми вакилону намояндагон аз минтақаҳои гуногуни кишвар ҷамъ омаданд, то дар як шакли арзанда онро интихоб намоянд.

Рӯзи парчами давлатӣДар такя ба он ки дар миёнаи се ранги парчами миллӣ рамзи тоҷ ва ҳафт ситора гузошта шавад, баҳсҳои зиёде пешорӯ омада буд, вале яке аз аввалин нафароне назди ҳамин парчам рафтанд ва онро бӯсиданд, Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд ва бо ҳамин мо муваффақ шудем ҳамчун давлати соҳибистиқлол соҳиби парчами миллии худ бошед.

Дар анҷоми ҳамоиш як гурӯҳ хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар порчаҳои шеърӣ дар васфи парчам қироат намуда, хотири ҳозиринро болида намуданд.

Наргис Назарзода