Мизи гирди “Рушди тафаккури техникӣ- асоси рушди ҷомеа” дар Китобхонаи миллӣ
Рӯзи 30-уми июни соли равон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ мизи гирд таҳти унвони “Рушди тафаккури техникӣ – асоси рушди ҷомеа” баргузор гардид.
Дар чорабини намояндагони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, кормандони шуъбаву бахшҳои Китобхонаи миллӣ ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.
Ҷалолуддин Нурзода – муовини директори Китобхонаи миллӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз нақш ва мақоми фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар рушди ҷолмеаи муосир сухан кард. Вай аз ҷумла гуфт:
– Тараққиёт ва инкишофи рӯзафзуни техника ва технология дар ҷаҳони муосир ниёзмандиҳои башариятро ҷиҳати омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ бештар намуда, мардумро водор ба он менамояд, ки ба фароҳам овардани шароит ва омӯзиши улуми табиатшиносӣ ва риёзӣ беш аз пеш таваҷҷуҳ дошта бошанд. Зеро рушду инкишоф ва тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҳаёти башарӣ бе омӯзиши дақиқ ва ҳамаҷонибаи илмҳои табиатшиносӣ имконпазир нест.
Дар идомаи суханронии худ Ҷалолуддин Нурзода гуфт, ки зарурат ва муҳиммияти ин масъаларо ба инобат гирифта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 дар Паёми солонаашон солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудаанд. Вобаста ба амалӣ намудани бистсолаи мазкур ниҳодҳои марбута як қатор барнома ва чорабиниҳоро ҷиҳати ҷалби насли наврас ба омӯзиши илмҳои табии ва рушди соҳаи зикргардида ва дар истеҳсолот ворид намудани ихтирооти анҷомёфта, таҳия ва амалӣ намуда истодааст.
Маҳмадзоир Қаюмов – мудири шуъбаи инноватсия ва нашрияҳои илмии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ вобаста ба рушди тафаккури техникии мардум дар замони муосир сухан карда, пешравии ҷаҳонбинии техникӣ ва тафаккури техникии мардум, махсусан ҷавононро ба инкишофи техника вобаста донист. Вай гуфт, ки дар ҳоле агар мо кашфиёти нав дар ин самт кам дошта бошем, чи гуна метавонем тафакурамонро дигар кунем. Бояд бештар ба ин гурӯҳи илмҳо рӯ овард.
-Дар интихоби касби ояндаи фарзандон низ бояд бетаваҷҷуҳ набуд. Мо озмунҳо ташкил намудем “Илм фурӯғи маърифат” аз ҷумлаи беҳтарин намунаҳост, вале ин кифоя нест, бояд ғолибонро ҳаматарафа ҳавасманд намоем, ки ба кашфиёт рӯ оваранд фақат бо ғолиб омадан қаноат накунанд. Дар мактабҳо низ ба равияҳо ҷудо намудан аз синфҳои болоӣ бояд ҳаматарафа назорат карда шавад. Дар ин сурат мо метавонем аз “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” натиҷаи дилхоҳ ба даст орем.
Саврибегим Гулмамадовна – дотсенти кафедраи химияи тадбиқии Донишгоҳи милии Тоҷикистон дар суханронии худ иброз дошт: “Пайвастагиҳои комплексии биометалҳо бо лигандҳои органикӣ”- яке аз мавзуҳои хеле ҷолиб дар ин самт мебошад, ки дар он олимону пажӯҳишгарон кор кардаанд ва мо низ вобаста ба ҳамин мавзуъ тадқиқот анҷом додем.
Маҳз дар натиҷаи таҳқиқ мо метавонем ба кашфиёт расем. Агар мо таҳқиқ кунем, омӯзем, вале натиҷаро нишон дода натавонем, ин як кори хом боқӣ мемонад. Ҳамчунин зикр намуданд, ки илмҳои дақиқ бе факт ягон асос надоранд ва бояд исбот кунем. Аз ҳамин лиҳоз кор дар ин соҳа каме заҳматталаб аст, вале мо кӯшиш менамоем шогирдонро дар ин роҳ хуб омӯзиш диҳем, то оянда барои миллату давлат хидмат намоянд.
Мудири кафедраи “Усули таълими химия”- и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муқаддас Қурбонова низ дар чорабинӣ маъруза намуд ва дар мавзуи “Истифодаи хулаҳои алюминий дар соҳаи мошинсозӣ”, ки шахсан дар ин мавзуъ кор кардаанд ба иштирокдорон маълумотҳои ҷолиберо бо факту далелҳо пешкаш намуд.
– То ҳол ба Тоҷикистон беш аз 90 дарсади доруворӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад, ки сифати он дуруст муайян карда намешавад. Моддаҳои дорувории дарёфтнамудаи мо Молбеникат ва дигар пайвастагиҳои маҷмуъӣ буда, аз маводе, ки аз хориҷ ворид мешавад, фарқ мекунад, зеро ки заҳрнокии паст ва хосияти муолиҷавии баланд доранд- қайд намуд ӯ.
Дар анҷом ҳамчунин Файзулло Фатҳуллоев – намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Иновации и их роль в процессе развития нацианальной экономики” баромад намуд. Аз кашфиётҳои олимони бузурги ҷаҳони ҳарф зад, ки чи гуна онҳо ба ин муваффақ шуданд…
Миёни иштирокдорони мизи мудаввар дар анҷом вобаста ба мавзуҳои кашфиёт ва инкишофи техногияҳои нав дар Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт. Меҳмонон ба кори чорабинӣ баҳои баланд доданд ва изҳори миннатдорӣ ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намуданд, ки дар баргузории ин гуна маҳфилу нишастҳо саҳм мегузоранд.
Барои иштирок ба намояндагони Вазорату донишгоҳҳо аз ҷониби Китобхонаи миллӣ туҳфаи хотирмон супорида шуд.
Дар ҷамъбасти мизи мудаввар чанде аз иштирокдорон назару андешаҳои худро дар робита ба чорабини баён намуданд. Аз ҷумла, Бибираъно Ҷӯразода – мудири бахши китобҳои махсуси Китобхонаи миллӣ дар робита ба кори маҳфил ба шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ миннатдори намуда, гуфт ки, “ин гуна чорабиниҳо дар воқеъ метавонанд сатҳи тафаккури моро баланд бардоранд ва барои саҳм гузоштан дар соҳаи илм ва кашфиёт замимаи хубе гардад. Мо низ ҳамин рисолатро бар уҳда дорем ва Китобхонаи миллӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» корҳои зиёдеро анҷом хоҳад дод.
Наргис Назарзода