Мизи мудаввар бахшида ба ҷашни Сада дар Китобхонаи миллӣ

Дирӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» мизи мудаввар бахшида ба бузургдошти ҷашни миллии Сада баргузор гардид. Дар он намояндагони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ, ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ва ВАО-ву кормандони китобхона ҳузур доштанд.

 Маҳфилро муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода ҳусни оғоз бахшида, аз таъриху фазилатҳои ин ҷашни бостонӣ мисолҳо овард. Аз ҷумла ў гуфт:

-Пайдоиши ҷашни Сада пайдоиши оташ аст. Ҷашнҳои Наврўзу Садаву Меҳргон ба ягон дину мазҳаб рабт надошта, соф идҳои миллиянд. Чуноне ки аз таърих огоҳем, вақте санг ба санг бархурд, аз он оташ ҷаҳид ва он рўзро ҷашн гирифтанд. Яъне, оташро гузаштагони мо кашф карданд. Ин барои мо ифтихор аст. Хушбахтона, дар замони Истиқлол ба идҳои мо ҷомаи нав пўшонданд, шукуҳу шаҳомати нав бахшиданд, иброз дошт ў.

Ба гуфтаи Абдулфаттоҳ Аминов, муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ мо то имрўз шеваи баргузории ҷашни Сада ва тафовутҳои ҳамин ҷашни миллиро аз дигар ҷашну маросимҳо дарк накардем. Бояд мо мутахассисони соҳа таҳқиқотҳое, ки хусусиятҳои ҳамин ҷашну маросимҳои миллиро  муайян карда тавонем. Мо то имрўз бо афрӯхтани оташ гумон мекунем як решае дорад ба ойини зардуштӣ ё шояд оташпарстӣ. Ирўз фаҳмишу дарки мо дигар аст.

Абдулфаттоҳ Аминов, ки дар мавзуи “Тафовути дастурхони ҷашни Сада аз дигар ҷашну маросимҳои миллӣ” маърӯза кард ва дар идомаи суҳбаташ афзуд:

– Танҳо бо оташафрўзӣ, ки арҷгузорӣ ба фарҳанги мо аст, ягон нафар оташпараст намешавад. Мақсади афрўхтани оташ ҳам як навъ нишон додани он аст, ки ҳамин қувваҳои аҳриманӣ ё қувваҳои некӣ бар бадӣ бошад пирўз, – гуфт дар идомаи суҳбаташ Абдулфатто ҳ Аминов.

Давлатшоҳ Маҳмудов омӯзгори факултаи таърихи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯӣ “Сада дар масири таърих” суханронӣ намуда, зикр кард, ки калимаи Садаро муҳаққиқон таҳлил карданд, ки аз калимаи санди авастоӣ аст. Санд ба маънои равшаноӣ аст. Шояд ин як андоза дуруст бошад, ки ҷавҳари ҷашни Сада оташ, гармӣ, равшанӣ дар он мавқеъи асосӣ дорад. Имрўз моро бо ин суннатҳои зебоямон мешиносанду эътироф мекунанд. Ҳуҷумҳое, ки болои милати мо омад, то андозае тавонист, ки хотираи таърихии моро зудуда  кунад.

Маънои Сада  сад рўз аст, ки то Наврўз 50 рўз боқӣ мемонад ва онро ба ду тақсим мекарданд, ҳам шабро мешумурданду ҳам рўзро 50 шабу 50 рўз, ки мешавад сад. Мардум хушҳолӣ мекарданд ки сад рўз ба гармӣ мемонад. Ин ривоятҳои омиёна аст, ки дар эҷодиёти шоирону адибони мо ҷо ёфта буданд. Бинед дар Наврўз ҳам ин ойинҳоро мебинем.

Зоҳири Сайфулло, пажӯҳишгари тоҷик ба ин назар аст, ки ягон мероси миллиямон моли шахсии мо нест, моли башарият аст. “Арзишҳои миллие, ки мо имрўз дорем арзишҳои умумибашарист. Бузургии мо дар он аст, ки мо онро аз дигарон барвақттар кашф кардем. Аввал мо ба сӯи бадиву зиштӣ, яъне мор ба воситаи санг оташ афкандем.

Ба андешаи ў инсонро хушбахт кардан осон нест. Ин пайғомҳое, ки аз Садаву Наврўз ва Меҳргон ба инсоният мерасад, пайғом аз фардост, яъне инсоният хурсанд аст, ки ба фардо мерасад.”

  Сада яке аз омилҳоест, ки мо ба фардои нек ва  рушноӣ бовар кунем ва ба оянда бо як нерўи тоза  бирасем. Аҳамияти ҷашнҳо ба вижа Сада ва ҳувияти он барои инсонҳо меҳрварзӣ ва инсондўстист.

Маврид ба зикр аст, ки Садаро дар кишвари мо расман рўзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн мегиранд. Тоҷикистон ягона кишварест, ки ҷашни Сада ва Меҳргонро расман рўзҳои муайян таҷлил мекунанд.

 Ба ақидаи ширкаткунандагон ҷашни Сада, ки онро Обонрўз низ меноманд, омилест, ки мо инсониятро дўст дорем, ба инсоният  арҷ гузорем.

Раҳима Аъзам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабинҳои фарҳангӣ.