Мизи мудаввар: “Нусхаҳои ҳатмӣ – асоситарин роҳи пуррагардонии фонди китобхона”

direktorИмрӯз, 9-уми июни соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаҳои илмӣ-методӣ ва тадқиқотӣ ва мукаммалгардонии фонд мизи мудаввар таҳти унвони “Нусхаҳои ҳатмӣ – асоситарин роҳи пуррагардонии фонди китобхона” баргузор гардид. Дар мизи  мудаввар роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони муассисаҳои нашриявии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони корхонаҳои табъу нашри шаҳри Душанбе, кормандони Китобхонаи миллӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Мизи мудавварро директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педадгогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода оғоз намуда, оид ба вазъи воридшавии нусхаҳои ҳатмии китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳо ба Китобхона суханронӣ намуд. Профессор Файзализода аз ҷумла қайд кард, ки нусхаҳои ҳатмӣ асоситарин ва муҳимтарин сарчашмаи такмили фонди китобхонаҳо ва таъмини саривақтиву беминнати истифодабарандагон бо маводи чопӣ дар китобхонаҳо мебошад. Дар баробари дигар сарчашмаҳо ва манобеи пуррагардонии фонд аз қабили харидорӣ аз шахсони алоҳида, аз ҳисоби муаллифон ва туҳфа аз шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, нусхаҳои ҳатмӣ сарчашмаи боъэтимод ва муҳими мукаммалгардонии фонд ба ҳисоб меравад.

Мизи мудавварҲамчунин дар идомаи маърӯзаи худ директори Китобхонаи миллӣ иброз дошт, ки Китобхонаи миллӣ бо мақсади беҳтар намудани раванди супоридани нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо ва иҷрои саривақтиву пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо” пайваста тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, бо муассисаҳои нашриявӣ ҳамкориҳои зичро ба роҳ мондааст.

Директори Китобхонаи миллӣ бо изҳори нигаронӣ аз вазъи вуруди нусхаҳои ҳатӣ гуфт: Масалан дар соли 2020 аз ҳисоби ҳафтаномаҳои “Ваҳдат”, “Дунё” “Имрӯзнюз”, “Инсон ва қонун”, “Паёми Душанбе”, “Городок”, “Известия”, “Культура”, “Независимая газета” маҷаллаҳои “Авҷи  зуҳал”, “Бонкдорӣ, Тараққиёт, Ҷаҳонишавӣ”, “Давлатшиносӣ  ва  ҳуқуқи  инсон”, “Илм ва техника”, “Қонуният”, “Маорифи Тоҷикистон”, “Нигаҳдории  тандурустии  Тоҷикистон”, “Садои  шарқ”, “Сафинаи  умед”, “Фарҳанг  ва  санъат”, “Ҳамшираи  тиб  ва  момодоя”, “Ҳаёти  ҳуқуқӣ” ва “Чашма” аз ягон шумора нусхаи ҳатмӣ ба Китобхона ворид нагардидааст.

Ҳамин тавр давоми солҳои 2021-2022 аз ҳисоби ҳафтаномаҳои “Мароми пойтахт”, “Нақлиёт”, “Паёми Душанбе” маҷаллаҳои “Авҷи  зуҳал”, “Давлатшиносӣ  ва  ҳуқуқи  инсон”, “Кино” (нашрияи  “Тоҷикфилм”), “Қонуният”, “Маорифи Тоҷикистон”, “Родмардони  ватан”, “Садои Шарқ”, “Сафинаи  умед”, “Симурғ: (маҷалаи  илмии  тиббӣ)”, “Тибби Буалӣ”, “Фарҳанг  ва  санъат”, “Ҳаёт  ва  қонун”, “Ҳаёти  ҳуқуқӣ” ва чанде дигар низ тамоман нусхаи ҳатмии ройгон ба Китобхона ворид нашудааст.

Мавриди зикр аст, ки баъзе аз рӯзномаву маҷаллаҳое, ки ворид нашудаанд аз лиҳози илмӣ арзишманд буда, хонандагони зиёд низ доранд. Масалан маҷаллаи “Садои Шарқ”, ки яке аз маҷаллаҳои арзишманд ва бонуфузи соҳаи адабиёти кишвар мебошад ва хонандагони зиёд низ аз маводи он истифода мебаранд, вале давоми се соли охир ягон нусха аз ин маҷалла ҳамчун нусхаи ҳатмӣ ба Китобхона ворид нашудааст.

Ҳамчунин раванди воридоти нусхаҳои ҳатмӣ аз ҷониби муассисаҳои нашриёвӣ, яъне чопхонаҳо низ хеле нигаронкунанда буда, аз тарафи баъзе нашриёт аққалан 10% маводи чопиашон ба Китобхонаи миллӣ супорида намешавад.

Метавон гуфт, ки раванди супоридани нусхаҳои ҳатмии ройгон аз ҷониби нашриёти “Донишварон”, “Лавҳ, “Истеъдод”, “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик”, “Промэкспо” маҷаллаҳои “Адаб” “Амнияти  озуқаворӣ”, “Аноҳито”, “Ахбори  маҷлиси  олии ҶТ”, “Ахбори суди конститутсионии ҶТ”, “Даво”, “Илм ва ҷомеа”, “Истиқбол”, “Иқтисодчӣ”, “Илм ва ҳаёт”, “Каломи  табиб”, “Кишоварз”, “Маърифати  омӯзгор”, “Меъморӣ” ҳафтаномаҳои “Нақлиёт”, “Самак”, “Ҷаҳони паём”, “Агро информ”, “Парвин”, “Пайк”, “Олами ҳунар”, “Инсон ва қонун”, “Минбари ҳуқуқшинос”, “Қонун ва ҷомеа”, “Мароми пойтахт”, “Новый Хатлон” ва чанде дигар хеле нигаронкунанда мебошад, зеро қариб 20 дарсад маводи чопиашон ба Китобхона ворид намешавад.

Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Масрур Абдуллозода дар масъалаҳои вобаста ба китобдорӣ ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат зери таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз соҳаҳои инкишофёфта, табдил ёфтааст, андешаҳои худро баён намуд.

Мусаллам аст, ки бо зиёд гардидани корхонаҳои табъу нашр фонди китобхонаҳо низ бояд ғанӣ гардонида шавад. Ин танҳо дар он сурат иҷро мегардад, ки муассисаҳои дахлдор нусхаҳои ҳатмии китоб, рӯзнома ва маҷаллаҳои худро ба китобхона ва дигар муассисаҳое, ки номгӯи онҳоро қонун муайян намудааст, супоранд. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавлидгарони нусхаҳои ҳатмӣ бояд намунаи онро ба муассисаҳои дахлдори соҳа то 3 шумора дар муҳлати муайянгардида супоранд.

Хонаи китоби Тоҷикистон яке аз муассисаҳои асосие маҳсуб меёбад, ки бояд нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо ба он супорида шаванд, вале солҳои охир вазъи дастрасӣ ба нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷату китоб, рӯзнома ва дигар маҷаллаҳо хеле  нигаронкунанда шудааст. Дар ин мавзуъ директори Хонаи китоби Тоҷикистон Сайзароб Нодирзода, суханронӣ намуда,  аз ҷумла гуфт, ки Хонаи китоби Тоҷикистон фонди асосии нигоҳдории нусхаҳои ҳатмии ҳуҷатҳо маҳсуб ёфта, он ҳамчун муассисаи сабти дастуру  методҳои таълимӣ мебошад, ки дар асоси ин библиографияҳо таҳя шуда, пешкаши истифодабарандагон мегардад. Аммо вазъ солҳои охир хеле нигаронкунанда аст, ки бисёре аз рӯзномаву маҷаллаҳо тамоман масъулият ҳис намекунанд ва ҳатто нусхаҳои ҳатмӣ ба мо омада намерасад.

Ҳамчунин аз ҷониби директори Хонаи китоби Тоҷикистон Сайзароб Нодирзода пешниҳод шуд, ки бояд ба баъзе аз бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо” тағйиру илова ворид карда шавад. Аз ҷумла ба банди 1 моддаи 6 – и қонуни мазкур метавонем номгӯи ташкилотҳои полиграфиро мушаххасан оварем, чунки дар раванди супоридани нусхаҳои ҳатмӣ ба муассисаҳои дахлдор баъзе ташкилотҳо худро масъул намеҳисобанд.

manonzodaАбубакр Манонзода, сардори Медиатекаи Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон дар миззи мудаввар иброз дошт, ки Медиатекаи Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани фонди алоҳидаи ҳуҷҷатҳои расмӣ, ки марбут ба асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардидааст, бояд ҳама гуна маводу мақолаҳое, ки вобаста ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп мешаванд, бо мақсади ҳифзу нигаҳдорӣ ва таҳияи маводи библиографӣ дастрас кунад. Аз ҳамин лиҳоз пешниҳоди нусхаҳои ҳатмӣ ба Медиатетаи Президенти Ҷумҳурии Т оҷикистон  шарт аст ва мо онро аз ҳама ташкилоту муассисаҳои талаб мекунем.

Мизи мудавварНамояндаи нашрияи расмии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” Бузургмеҳри Баҳодур низ доир ба масъалаҳои мавриди баҳс ибрози назар намуда, аз ҷумла гуфт, ки ҳар чизе ки хаттӣ навишта мешавад барои он хуни дили нависанда мерезад, аслан гирем ӯ барои худ не барои миллаташ барои зинда нигоҳ доштани таърихаш менависад ва ин хеле ва хеле арзиши бузург дорад. Мо бояд ҳар як нафарамон масъул бошем, ки ин ганҷинаҳоро зинда нигоҳ дорем ва бешубҳа ҷойи беҳтаре аз Китобхона пайдо наметавон кард. Китобу рӯзнома маҷалла умуман дастхатҳо хазинаи бебаҳои ҳар як миллат маҳсуб меёбанд, ки фарҳангу ҳастии мо дар он барои ояндагон ба мерос гузошт мешавад. Хеле нигаронкунанда аст, ки имрӯзҳо нухаҳои ҳатмии китобҳои беҳтарини миллати мо , ки аз таърихи як минтақа ё як ҷамоат ё деҳот навишта мешаванд ба Китобхонаи миллӣ намерасанд.

Ва дар анҷом пешниҳод кард, ки чаро шахсе, ки чароғаки роҳро сурх гузарад, ҷарима мешаваду оне ки нусхаҳои ҳатмии ба таърихи миллат дахлдоштаро намесупорад, ҷарима нашавад ё дар телевизионҳо танқид намешавад. Пешниҳод мекардам, ки барномаҳои махсус дар мавриди ноширон ва муалифони бепарво низ таҳия ва пешниҳод гардад.

Бузургмеҳри Баҳодур, мудири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи “Ҷумҳурият”  дар охир нусхаҳои ҳатмии ду китоби охире, ки ин нашрия чоп кардааст, ба Китобхонаи миллӣ супорида, қайд намуд, ки мо худамон бояд намуна бошем, то аз дигарон талаб карда тавонем.

Дар охир миёни иштирокдорони мизи мудаввар оид ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо” баҳсу мунозираҳо сурат гирифт.

 

Дар анҷом аз тарафи Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чанде аз нашриёт ва рӯзномаву маҷаллаҳои фаъол “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-ҳо тақдим гардид.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.