Мизи мудаввари байналмиллалӣ бахшида 100-солагии Китобхонаи адабиёти хориҷии ба номи М. И. Рудомино
6-уми апрели соли равон бо иштироки роҳбарони китобхонаҳои миллии кишварҳои ИДМ дар доираи ҷашни 100-солагии Китобхонаи адабиёти хориҷии ба номи М.И.Рудинои шаҳри Москав мизи мудаввар баргузор шуд. Дар он директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Ҷумахон Файзализода ширкат ва суханронӣ намуд.
Мавзӯи ин мизи мудаввар «Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии китобхонаҳои миллии кишварҳои узви ИДМ: дурнамои ҳамгироӣ» буд ва дар ҷараёни он вазифаҳо, самтҳо ва шаклҳои муосири гузарондани таҳқиқотҳои илмие, ки китобхонаҳои миллии кишварҳои ИДМ амалӣ мегардонанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин барасии дастовардҳо дар самти адабиётшиносӣ, таърихи китобҳо, бехатарии махзани китобхонаи чопӣ ва рақамӣ, китобхонашиносӣ, информатика, забоншиносӣ, таҳқиқоти аудиторияи корбарон, ҳамзамон масъалаҳои нашри натиҷаҳои таҳқиқотҳои китобхонаҳои миллӣ аз дигар масъалаҳои матраҳ буд.
Ширкаткунандагон бештар ба чашмандози лоиҳаҳои илмӣ- таҳқиқотии муштарак дар партави кишварҳои муштаракулманофеъ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Ҳамзамон ин мизи мудаввари байналмиллалӣ намоиши китобҳои китобхонаҳои миллии кишварҳои ИДМ-ро ба ҳамроҳ дошт.
Маврид ба ёдоварист, ки Китобхонаи адабиёти хориҷии ба номи М.И. Рудомино моҳи апрели соли 1922 бо ҳамагӣ 4500 китоб ва 5 коргар барҳои худро ба рӯи хонандагонаш боз кардааст.
Раҳима Аъзам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.