Мо ба озмун омодаем

Мо ба озмун омодаем Таҳти ин унвон  субҳи имрӯз шуъбаи адабиёти  кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ маҳфили “Фурӯғ” доир кард.

Дар маҳфил хонандагони шуъбаи мазкур ҳамчунин  довталабони даври ниҳоии озмуни ҷумҳурияии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат карда, бо  Азизи Азиз, адиби кӯдакон суолу ҷавоб намуданд. Дар ҷараёни маҳфил хонандагон доир ба иштирокашон дар даври ниҳоӣ ва чи гуна посух додан ба суолҳои ҳакамон, тарзи баёни фикр, қироати шеър ва порчаҳои насрӣ суолҳо пешниҳод намуданд. Гуфта шуд, ки ба фарқ аз озмуни солҳои қаблӣ имсол барои ҳамаи номинаҳои озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  “Шоҳҷоиза” муаяйян гардида, рақобат ҷиддитар ва омодагии беҳтарро талаб мекунад.

Азизи Азиз дар ҷараёни суҳбат зикр кард, ки  аксари иштирокдорони озмун ба суолҳо мушаххасан посух надода, ба пургӯйи майл мекунанд, ки ин ҳакамонро зиёд хаста мекунад. Ӯ ҳамчунин ёдовар шуд, ки довталабони даври ниҳоии озмун дар вақти суханронии худ қариб 5 дақиқа саломнома мегӯянд, ки ин аслан хушоянд нест. Барои довталабони озмун, ки то даври ниҳоӣ расидаанд, омодагии ҷиддӣ ва пайваста бо худ назди оина ҳамчунин назди дӯстону хонавода суханронӣ кардан мебояд, то ки ҳамон шарму ҳаяҷони табиӣ дар онҳо кам гардад ва онҳо  фикру ақидаи худро озода баён карданро омӯзанд.

Азизи Азиз бо мисолҳои мушаххас ба иштирокдорон фаҳмонд, ки масалан агар ҳакамон ба шумо аз “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ суол диҳад, ки кадом сол Айнӣ ба ҷустуҷӯи ҳуҷраи нав мебарояд, шумо бояд мухтасар соли 1912 гуед. Дар ҳолате, ки шумо посухро аз навиштани ин асар оғоз намуда, то сарнавишти Айнӣ мебареду баъд бо кадом сабабҳо ӯ ба ҷустуҷуи ҳуҷраи нав баромад мегӯед, ин доноии шуморо нишон намедиҳад. Баръакс ҳакамонро маҷбур мекунед, ки бо ишораҳо шуморо аз сухангӯӣ боздорад, ки ин алакай хуб намешавад.

Дар робита ба қироати порчаҳои шеърӣ таъкид дошт, ки  бо овози табии худ хонед ва ҳеҷ гоҳ аз имову ишораҳои бемавқеъ истифода набаред. Нависандаи маъруф дар хтима маслиҳат дод, ки  агар ба суолҳи ҳакамон посухи мушаххас надошта бошед, бе ҳеҷ тарс намедонам гуед, ин беҳтар аст аз оне, ки посухи нодуруст дода вонамуд кунед, ки гуё медонистед. Ин ва даҳҳо суоли дигар дар маҳфили навбатии барномаи “Фурӯғ” баррасӣ гардиданд.

Дар қисмати ҷамъбастии маҳфил барои ҳамаи иштирокдорони даври ниҳоӣ барору мувафақият таманно намуданд.

Бояд зикр намуд, ки маҳфили мазкур ҳар ҳафта бо мақсади тарғиб ва ташфиқи бештари озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ташаббуси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” доир гардида, ҷараёни он аз тариқи ин шабака пешкаши тамошобинон гардонида мешавад.

Наргис НАЗАРЗОДА, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа