“Мо ба озмун тайёрем!”

23 – юми июли соли 2026 бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон телевизионии “Мо ба озмун тайёрем” баргузор гардид.
Дар маҳфили мазкур иштирокчиёни даври аввали Озмун бо устодон ва олимони шинохта, кормандони Китобхона ва хонандагони фаъоли толори “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” иштирок карданд.
Мақсад аз роҳандозии маҳфили Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими Ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат миёни қишри ҷавони аҳолии кишвар, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мебошад.

Дар маҳфил устодон ва олимони шинохта доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики АМИТ Носирҷон Салимӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Ализода Баҳриддин Пирмуҳаммад, номзади илмҳои филология, дотсент, директори Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” Назира Амирбекзода, номзади илми филология, адабиётшиноси маъруф, адиб, мунаққид, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафиз Раҳмон ва номзади илмҳои таърих ва дотсенти кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Мирзошарифзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин, ғолибони даври аввали Озмун аз Донишгоҳи миллӣ, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат, коллеҷи техникии Донишгоҳи технекии Тоҷикистон ба номи академик А. Осимӣ, коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ иштирок намуданд.
Бунафша РАҲМОНОВА,
Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон