«Мо ба озмун тайёрем»

Мо-ба-озмун-тайёремУнвони мизи гирди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон буд, ки бо ширкатииштирокчиёни даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ, китоб аст” дар Китобхонаи миллӣ доир гардид.

Маҳфилро муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода оғоз намуда, ҳадафи онро омода намудани иштирокчиён ба даври ҷумҳуриявӣ  донист ва изофа намуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани даври ниҳоии озмуни мазкур Китобхонаи миллӣ 5 толори махсус барои ҳар як номино омода кардааст.

Дар маҳфил муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ва директори литсейи хонандагони болайёқат дар шаҳри Душанбе Асҳобиддини Шералӣ суханронӣ намуда, иштирокчиёни озмунро, ки барои ширкат ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд таҳният гуфтанд ва барои иштирокашон дар ин даври ниҳоӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ин нишаст ҳамчунин таъкид гардид, ки масъулон ҳоло ба ороиши толорҳо ва дигар корҳои муҳим машғуланд. Қарор аст сабқати ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ, китоб аст” дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ доир гардад.

Абдуғаюр САЛОМОВ, мудири шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.