Мо чанд кабки дарӣ дорем?

Кабки-дариПосух якест: мо ду кабки дарӣ дорем: яке паранда ва дуюмӣ оҳанг. Аммо чаро ин паранда кабки дарӣ ном дорад?

Кабки дарӣ – парандаест аз қатори мурғшаклҳо, оилаи тазарвиҳо. Дар “Ғиёсу-л-луғот” омада, ки “Кабки дарӣ мансуб ба дараи кўҳ аст. Агарчи кабки дарӣ навъи алоҳида аст аз кабк, ба ҷусса аз дигар кабкон калонтар ва бузургу беҳтар бошад. Чун ин навъи кабк дар дараи кўҳ бисёр ёфт мешавад, онро дарӣ мехонанд”.

Кабки дарӣ дар шарқи Туркия, Арманистон, Афғонистон, шимоли Эрон (доманакўҳҳои Албурз) дучор меояд. Кабки дарӣ 2 зернамуд дорад: Кабки дарии қафқозӣ (арманӣ; Т. с. taиricиs) ва Кабки дарии хазарӣ (мозандаронӣ; Т. с. caspiиs).

Дарозии наринааш 58 см, модинааш 55 см. Фарқи сар, пасу паҳлуҳои гардан ва рухсорааш хокистарранги жола-жола; зерманаҳу гарданаш сафед. Қисми пеши тахтапушташро парҳои хокистарранг фаро гирифтаанд. Қисми дигари тахтапушт ва рўи болҳояш хокистарии сиёҳтоб буда, нақшҳои дарозрўяи тира дорад; сандуқи сина ва шикамаш хокистарранг.

Кабки дарии нарина дар по пих ё маҳмиз дорад. Зистгоҳи кабки дарӣ нишебрўя ва дараҳои минтақаҳои алпӣ ва субалпӣ (дар баландии 2400-4000 м аз с. б.) мебошад.

Каки дарӣ парандаи тарсу буда, баробари эҳсоси хатар якбора ва тез ба ҳаво мехезад. Ҷуфт-ҷуфт зиндагӣ мекунанд. Дар миёни сангҳо лона сохта, 6-9 (баъзан 12) тухми сабзи рўшан мегузорад. Ғизояш мева, барг ва гули рустаниҳост.

Кабки дарӣ аз парандаҳои бумии Эрон аст. Дар гузашта саршумори он хеле зиёд буд, ҳоло бино бар бисёр шикор кардан ва чарондани рамаи гўсфандон зери хатари нестӣ қарор гирифтааст.

Кабки дариро ба “Китоби сурх”-и байналмилалии ҳифзи табиат дохил кардаанд. Тангаи нуқраи арзишаш 500 манати туркманӣ акси кабки дарӣ дорад.

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С.184. Муаллиф: А.Раҷабов.

Ва кабки дарии дигар:

“Кабки дарӣ” оҳанг ва таронаи мавсимию маросимии форс-тоҷик: 1) аз таснифоти сигонаи Борбади Марвазӣ, ки ба муносибати ҷашни Наврӯз барои шоҳони Сосонӣ, аз ҷумла Хусрави Парвиз (590-628) эҷод кардааст.

“Кабки дарӣ” дар аҳди Сосониён ҳамчун суруди маъмулӣ баҳориявию наврӯзӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон (бахусус Бухоро, Самарқандва Эрон  (Рай, Исфаҳон, Шероз, Сиистон) шуҳрат дошт ва мутрибон дар давраҳои гуногун дар тазмини он суруд ва оҳангҳо тасниф кардаанд.

Дар баъзе маъхазҳои хаттӣ, аз ҷумла “Таърихи Сиистон”  чун таснифоти ҳамосӣ зикр шудааст; 2) дар асрҳои 13–14 шуъбаи тараннумӣ дар таркиби мақоми  “Наво” (“Дувоздаҳмақом”).

Дар адабиёти мусиқии асрҳои баъдӣ “Кабки дарӣ”  ба сифати гӯша ё шуъбаи тараннумӣ дар мақомҳо зикр нашудааст. Дар маъхазҳои хаттӣ бо номи “Панҷаи кабки дарӣ”, “Ғунчаи кабки дарӣ”  низ  омадааст.

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тољик. – Душанбе, 2020. – Љ.9. – С.184.

Муаллиф: А.Раҷабов.

Таҳияи Киром Муҳаббат ва
Замира Давлатова,
кормандони
шуъбаи библиографияи миллӣ.