Мо тавоноем! Медали тиллои Насиба дар бозиҳои Олимпиадаи байналмилалӣ
Ин шиорро Насиба Маҳмадова, маъюби гурӯҳи дуюм ва яке аз фаъолтарин хонандагони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба шиори зиндагии худ табдил додааст. Солҳост, ки ӯ бо боварӣ ба тавоноии худ зиндагии хешро сохтаву барои худ ба сӯи комёбиҳо роҳ кушодааст.
Чуноне яке аз мураббиёни ӯ Асадулло Нарзуллоев хабар дод, дар бозиҳои зимистонаи Олимпиадаи зимистонаи махсус дастаи мунтахаби Тоҷикистон пас аз анҷоми мусобиқаҳои квалификасионӣ тавонист 5 медал ба даст орад: 2 медали тилло, 2 нуқра, 1биринҷӣ.
Дар мусобиқаи лижаронӣ Насиба Маҳмадова ба дарёфти медали тилло мушарраф шуд. Ин бозиҳо ах 8-ум то 13-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Турини Италия бо иштироки бештар аз 1500 варзишкор аз кишварҳои олам баргузор шуд.
Дастаи Тоҷикистон баъди анҷоми мусобиқаҳои кваликатсионӣ соҳиби 5 медал гардид.
Дар лижаронӣ ба масофаи 50 метр Насиба Маҳмадова ва Фаришта Мерганова, медали тилло, Равшан Ятимов медали нуқра ва Меҳробиддин Ҳафизов медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Имомназар Таваккалов дар намуди давидан дар болои барф бо пойафзоли махсус ба масофаи 50 метр соҳиби медали нуқра шуд.
Насиба дар хонавода бо синдроми Даун ба дунё омад ва ҳамзамон бо меҳру муҳаббати бештари волидон фаро гирифта шуд.
Боре навишта буданд: Ба дунё омадани кӯдакони хос низ хушбахтӣ аз пирӯзии ҳаррӯза ва ғалаени ҳиссиёт нисбатба рӯйдодҳои атроф дар пай дорад. “Кудакони офтобӣ” ва ё кӯдакони дорои синдроми Даун меҳрубонтарин инсонҳои рӯйи замин ҳастанд.
Дар бораи Насиба филме сохтаанд бо номи “Холниссо”. Холниссо исми дигари Насиба аст, ки аҳли хонадон бинобар шӯх ва соҳибандеша буданаш бо меҳру навозиш ба ӯ гузоштаанд. Ин филм моро бо комёбиҳои азим, шодмониҳо ва муҳаббату самимияти беканор ошно месозад.
Насибаро самимона муборакбод мегӯем ва ифтихор дорем, ки дар миёни фаъолтарин хонандагони шуъбаи хизматрасони ба шахсонӣ имконияташон маҳдуд ҳоло шахсеро дорем, ки дар суобиқоти байналмилалии варзиши аз Италия бо медали тилло бармегардад!
Саодат Набиева, сардори шуъбаи хизматрасони ба шахсонӣ имконияташон маҳдуд.