Модар чароғи рўзгор ва оинаи зиндагӣ
Олитарин ҳадяи Худованд туӣ-модар! Зиндагӣ зи ту сарчашма мегирад, олиҳаи ҳастӣ, ки ба мо ҳаёт бахшидӣ. Модар қиматтарин неъмати рўи дунё, сарчашмаи муҳабатти беканор, чашмаи мусаффо ва маҳзани ганҷи фарзанд, ҳиммат баландтарин шахси башарият аст.
Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарўзӣ, бедорхобӣ пурбардории ў танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо канори модар бо олами рангини кўдакӣ ба воя мерасему аз ў дарси одамгарию ватан дўстиро меомўзем. Канори модар худ биҳишти аввалини ҳаёти мост. Зан-модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад.
Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷўшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин Модар мебошад.
Бузургии мафҳуми модар ва гиромӣ доштани он фақат як бузургдошти хаёлӣ ва рамзӣ ва эҳтиромӣ нест, балки модар дар ҳақиқат аз офаридаҳо ва неъматҳои бузурги Худованд аст. Дар як баррасии куллӣ метавон гуфт, ки тамоми ҳаёти як модар ҳама қаҳрамонӣ, нисор ва аз худ гузаштагист.
Дар вуҷуди модар муҳаббати фитрие ниҳода шудааст, ки новобаста ба муносибати фарзанд нисбати модар, дар ҳар сурат ҷорӣ ва боқист. Ин муҳаббати фитрии бепоён боис мешавад, ки модар омода аст, то барои фарзанд тамоми сарвату дороӣ ва қуввату тавоноии худро сарф намояд ва аз ҷумла, ҷони худро барои рушду саодату наҷоти фарзанд фидо кунад. Ҳатто агар тамоми шароити зиндагӣ муҳайё бошад, боз ҳам модар орзу дорад, балки ниёз дорад, ки фарзанд дар канораш бошад.
Модарам, ту ягона вуҷудаму рафиқам, дастгирам дар парешонҳолию шарикам дар ғаму андўҳ, лаззатам дар ҳаёту роҳатам дар мамот, ту табассуми ҳаётбахши сари гаҳвораю суруди ҷаҳонгири саҳаргоҳам.
Ту худ ҷон ба каф гирифта, маро ба дунё овардӣ, ҳаммаслаки ситораҳо гардида, дар сари гаҳвораам бо хоби ширин даст ба гиребон шудӣ, бо чашмони хастаат бониям кардию бо дили афсурдаат ҳимояам.
Азизе фармудааст: «Дар хонае зан — модар нест, хушӣ ва рўшноӣ вуҷуд надорад, бинобар ин занон шамъу чароғи хонадонанд». Бале, агар модари азизи мо дар хона шамъу чароғи хонадони мо бошанд, сипас бонувони азизамон ҳамчун чароғи фурўзон ва равшангари дилҳои мо мебошанд.
Аз ин ҷониб тамоми бонувони Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро бо иди пуршарафашон табрику муборакбод гуфта, хушиҳои зиндагиро таманно дорем.
Валиев Ҷамил, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон.