“Модар-ҷавҳари ҳастӣ”-чорабинии идона дар Китобхонаи миллӣ

Имрӯз, 7-уми март бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ дар ҳамбастагии Шӯрои бонувони Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи модар таҳти унвони “Модар-ҷавҳари ҳастӣ” чорабинӣ баргузор гардид.

Ин чорабиниро Директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ифтитоҳ намуд ва дар бораи нақш ва мақоми зан-модар дар ҷомеаи Тоҷикистон суханронӣ намуд. Сарвари Китобхонаи миллӣ иброз дошт, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои гиромии миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боло бурдани мақоми бонувон зиёд аст ва ҳеч нишастеву ҷаласае нест, ки Президенти муҳтарам дар ин бора таъкид накунанд.

Вай бо ишора ба суханони охирини табрикии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи модар иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он то ба 30 фоиз расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва ба 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат пешбинӣ гардидааст, андешидани тадбирҳои зарурӣ идома дорад.

Профессор Ҷумахон Файзализода дар идомаи суханронии худ афзуд:  “Дар Китобхонаи миллӣ ба маърифати занону бонувон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад, зеро зан ва бонуи маърифатнок ҷомеаро  тарбия менамояд”.

Баъдан, муҳаққиқ ва шоир Абдуллои Раҳнамо  доир ба паҳлуҳои эҷодӣ ва масъалаҳои маърифати занону бонувон ҳарф зад. Ӯ таъкид кард, ки занону бонувон новобаста аз ҳар чиз дар ҷомеаи мо мавқеи муҳим доранд, мо ба нерӯи занон бовар дорем ва онҳоро ҳаматарафа дастгирӣ мекунем.

Шоир Хайриддини Хайрандеш занону бонувонро ба иди модар шодбошт гуфта, дар ситоиши зан модар шеърҳо қироат намуд.

Дар поёни ҳамоиш чанд нафар аз ҳунармандони маъруфи кишвар бо таронаҳои дилнишин хотири ҷамъомадагонро шод карданд.

Наргиси Ҷумахон
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа
.