Моҳи сентябр бойгонии Китобхонаи миллӣ бо ду ҳазор нусха китоб ғанӣ шуд

Китобхонаи-миллӣМоҳи сентябр аз муассисаҳои чопии кишвар, донишгоҳҳо, вазоратҳо ва муаллифони китобҳо, шахсони алоҳида ба Китобхонаи миллӣ  2000 – адад китоб ворид гардид. Аксари ин китобҳо нусхаҳои ҳатмӣ мебошанд, ки маъмулан аз 3 то 5 нусха супурда мешаванд.

Бино ба омори шуъбаи мукаммалгардонии фонд моҳи сентябр Китобхона ба ин тартиб аз муассисаҳо ва шахсони алоҳида китоб қабул кард: аз  нашриёти “Дониш” 16 – нусха,  “Маориф”  59 – нусха, “Садои қалб” 3 – нусха, “Меҳроҷ Граф” 26 – нусха, “Абдулло ва  Искандар Ко”  3 –  нусха,   Донишгоҳи миллӣ-и Тоҷикистон  5 – нусха, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 13 – нусха, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон            5 – нусха,  Вазорати  Корҳои  Дохилӣ  240 – нусха,  аз  ошёнаи     6 – уми  Китобхонаи миллӣ  1,380 – нусха,  Ҳамчунин муаллифони алоҳида  153 – адад  китобҳои худро тўҳфа карданд.

Дар ин моҳ тариқи почта аз Ҷумҳурии Узбекистон  4 – нусха китоб расид.  Инчунин аз Федератсияи Русия  13 – нусха китобҳо тўҳфа гардиданд.

Ҳамчунин моҳи сентябр 313 – нусхаҳои ҳатмии рӯзномаҳо ва 51 – нусхаҳои ҳатмии маҷаллаҳо, сарчашмаҳои гуногун 12 – нусха, нусхаҳои ҳатмии рӯзномаҳои ноҳиявӣ 122 – нусха. Моҳи сентябр бойгонии диссертатсияҳои Китобхонаи миллӣ боз бо 41 – нусха диссертатсияҳо ва  41 – нусха авторефератҳо  пурра  шуд.

Наргис НАЗАРЗОДА