Монография дар бораи нақши мукаммалгардонии низоми банақшагирии стратегӣ
Муаллифи китоби «Нақши мукаммалгардонии низоми банақшагирии стратегӣ дар ташаккули сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Восидиён Фарҳод Саъдулло буда, соли 2025 чоп шудааст.
Ин монография ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи низоми банақшагирии стратегӣ ҳамчун ҷузъи калидии мудирияти рушди иҷтимоию иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар шароити муосири иқтисоди ҷаҳонӣ, ки бо ноустуворӣ, хавфҳо ва тағйироти босуръат тавсиф меёбад, банақшагирии стратегӣ ба яке аз воситаҳои муҳимтарини таъмини рушди устувори миллӣ табдил ёфтааст.
Монографияи мазкур се боби бо ҳам алоқамандро муттаҳид месозад.
Дар муқаддимаи монография моҳият ва муҳиммият, мақсаду вазифаҳо ва асосҳои назариявӣ ва амалии таҳқиқот дарҷ карда шудааст.
Дар боби якуми таҳқиқот асосҳои назариявию илмии низоми банақшагирии стратегӣ, усулҳо ва принсипҳои банақшагирии стратегӣ ва арзёбии таҷрибаи байналмилалӣ дар ин самт мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуданд.
Дар боби дуюм марҳалаҳои ташаккули низоми миллии банақшагирии стратегӣ, дастовардҳои иқтисодӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, арзёбии ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тавассути банақшагирии стратегӣ аниқ ва муайян карда шудаанд.
Боби сеюми монография ба таҳлили такмили раванди танзими давлатии низоми банақшагирии стратегии рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сенарияҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар давраи миёнамуҳлат, такмили низоми мониторинг ва арзёбии нақшаҳои стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Муаллиф бар ин назар аст, ки мақсади асосии ин монография аз таҳқиқи ҷанбаҳои асосии назариявӣ ва методии низоми банақшагирии стратегӣ, баҳодиҳии низоми миллии амалкунанда ва нақши он дар таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, муайян намудани механизм ва модели миллӣ барои такмили минбаъдаи низоми банақшагирии стратегии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар иборат аст.
Хонандагон китоби Восидиён Фарҳод Саъдулло «Нақши мукаммалгардонии низоми банақшагирии стратегӣ дар ташаккули сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» – ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Анўшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд