Муқаддимаи  “Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон”

КонвенсияАссамблеяи Генералиӣ, ба қарори худ 56/168 аз 19 декабри соли 2001 оид ба таъсис додани Кумитаи махсуси он дар назди Созмони Милали Муттаҳид, ки барои иштирок ба ҳамаи давлатҳои аъзо ва нозирон озод мебошад, барои баррасии масъалаҳои вобаста ба конвенсияи байналмилалии фарогири ҳама ва ягона оид ба ҳавасмандгардонӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва эътибори маъюбон дар асоси муносибати маҷмўӣ ба кори соҳаи рушди иҷтимоӣ, ҳуқуқи инсон ва табъиз накардан такя намуда, бо ба инобат гирифтани тавсияи Кумита оид ба ҳуқуқи инсон ва Комиссияи рушди иҷтимоӣ, инчунин ба қарори дахлдори пешинаи худ, ки охирини он қарори 60/232 аз 22 декабри соли 2005 мебошад, такя намуда, инчунин мутобиқи қарори Комиссияи рушди иҷтимоӣ ва Комиссияи оид ба ҳуқуқи инсон,

Саҳми арзандаи созмонҳои байниҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ ва муассисаҳои  ҳифзи ҳуқуқи  миллиро дар кори Кумитаи махсус маъқул дониста,

  1. барои ба итмом расонидани таҳияи лоиҳаи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ва лоиҳаи протоколи иловагии он ба Кумитаи иҷтимоӣ изҳори сипосгузорӣ менамояд;
  2. Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ва Протоколи иловагии Конвенсияро, ки ба қарори мазкур замима гардидаанд ва онҳо барои имзо дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк аз 30 марти соли 2007 кушода мебошад, қабул менамояд;
  3. давлатҳоро даъват менамояд дар навбати аввал масъалаи ба имзо расонидан ва тасдиқ намудани Конвенсия ва Протоколи иловагиро баррасӣ намоянд, ки онҳо оянда эьтибор пайдо менамоянд;
  4. аз Котиби генералӣ хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати иҷрои вазифаи судманди Конференсияи давлатҳои иштирокчӣ ва Протоколи иловагӣ баъди эътибор пайдо кардани Конвенсия, инчунин барои паҳн намудани иттилоот дар бораи Конвенсия ва Протоколи иловагӣ таъмини ҳайати кормандон ва бино заруриро таъмин намояд;
  5. инчунин аз Котиби генералӣ хоҳиш менамояд, ки стандартҳо ва нишондиҳандаҳои дасткориро, ки дастрас будани объектҳо ва хизматрасонии сохтори Созмони Милали Муттаҳидро бо ба инобат гирифтани низоми дахлдори Конвенсия, аз ҷумла ҳангоми гузаронидани корҳои таъмирӣ пешбинӣ мекунанд, тадриҷан амалӣ намояд;
  6. аз муассиса ва ташкилотҳои сохтори Созмони Милали Муттаҳид хоҳиш менамояд ва ба созмонҳои байниҳукуматӣ ва ғайридавлатӣ пешниҳод менамояд, ки барои паҳн намудани итилоот дар бораи Конвенсия ва Протоколи иловагӣ саъю кўшиш намояд, дар фаҳмонидадиҳии он мусоидат намоянд;
  7. аз Котиби генералӣ хоҳиш менамояд, ки ба иҷлосияи шасту дуюми Ассамблеяи Генералӣ оид ба вазъи Конвенсия ва Протоколи иловагӣ ва амалӣ намудани қарори мазкур бо зербанд таҳти унвони «Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» маърўза пешниҳод намояд.

Касоне, ки мехоҳанд бо ин Конвенсия шинос шаванд, метавонанд китоби “Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон”-ро, ки соли 2029 чоп шудааст, дар толори хониши шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд бихонанд.

Таҳияи Ситора Расулова