Муҳаммад Фаҷрул Раҳмон: Ман миёни нимпайкараҳои адибон пайкараи Мавлоно Ҷалодиддин Румиро ҷустам  

 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Фаҷрул Раҳмон гуфт, ки дар кишвари ӯ Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ мақому мартабаи хос дорад ва тоҷикон хушбахтанд, ки ин гуна нобиғаҳои калому адаб ҳамзабони онҳост. Вай ҳамчунин гуфт, ки дар конфронси байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки қарор аст моҳи сентябри соли ҷорӣ бахшида ба 815 – солагии Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ баргузор гардад, ширкат ва суханронӣ хоҳад намуд.

Рӯзи 8 – уми июни соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқомат дар шаҳри Нур – Султон) ҷаноби Муҳаммад Фаҷрул Раҳмон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф овард.

Ҷаноби Сафирро сардори шуъбаи иттилоот, фарҳанг ва  иҷтимоии Сафорат хонум Дармиа Диму, ёвари Сафир Анди Зулқарнайн, корманди шуъбаи иқтисод Шарифҷони Сафариён ва муовини сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Умед Назаров ҳамроҳӣ намуданд.

  Ҷаноби Муҳаммад Фаҷрул Раҳмонро Директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол дар толори пазироӣ ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози суҳбат Директори Китобхонаи миллӣ ба меҳмон аз таърихи ташаккулу фаъолияти имрўзаи кори Китобхона, фаъолияти гўшаҳои китоби кишварҳои ҷаҳон, имзои як қатор санаду созишномаҳои ҳамкорӣ миёни кишварҳои мухталиф нақл намуд.

 Профессор Файзализода аз ҷумла гуфт, ки Китобхонаи миллӣ бо кишварҳои зиёде созишномаҳо имзо кардааст ва ҳамкориҳои густардаро дар боби табодули китоб ва омӯзиши таҷрибаи якдигар ба роҳ мондааст. Вале мутаассифон, ин гуна ҳамкорӣ миёни Китобхонаи милли Тоҷикистон ва китобхонаҳои кишвари Индонезия то кунун роҳандозӣ нашудааст. Профессор Файзализода изҳори умед кард, ки дидори ҷаноби Сафири Кабир дар боби ҳамкориҳои китобхонаӣ миёни ду кишвар саҳифаи тоза хоҳад кушод.

 Муҳаммад Фаҷрул Раҳмон бо изҳори ташаккур барои пазироии гарм иброз дошт: «Сараввал, сипоси беандоза аз роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунам, ки дар ин конфронси байналмилалии вобаста ба об моро бевосита ба кишвари худ даъват намуданд. Баъдан, ташаккурии худро аз пазироии гарму самимии шумо мекунам. Баробари ворид гардидан ба ин бинои зебову мўҳташам, ки номаш Китобхонаи миллии Тоҷикистон аст, диққати маро нимпайкараҳои адибони классики форсу тоҷик ҷалб намуд. Ва ман миёни он нимпайкараҳо пайкараи Мавлоно Ҷалолуддини  Румиро ҷустам. Ва хушбахтона, онро пайдо ҳам намудам. Шумо воқеан инсонҳои хушбахтед, ки шахсиятҳои барҷастаи форсу тоҷик амсоли Ҷалолуддини Балхиро доред. Дар кишвари мо эҷодиёти ин шахсияти барҷаста бисёр шуҳрату шукўҳ дорад. Мо китобҳои Румиро ба забони индонезӣ зиёд дорем.  Ва мардуми мо зиёд онро мутолиа мекунад. Ман зиёд хушҳолам, ки дар Осорхонаи китоб ва толори китобҳои ҷадиди шумо эҷодиёти адибони барҷаста Ҷалолуддини Румӣ, Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад. Ва ваъда медиҳам, ки дар конфронси байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки қарор аст моҳи сентябри соли ҷорӣ бахшида ба 815 – солагии Мавлоно Ҷалолиддин Румӣ баргузор шавад, ширкат ва суханронӣ намоям.

 Ростӣ, зиёд хушҳол аз он шудам, ки дар як китобхонаи зебову барҳаво гўшаи китобии Индонезия фаъолият мекунад. Барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ваъда медиҳам, дар кўтоҳтарин фурсат санади ҳамкорӣ миёни китобхонаҳои ду кишвар тартиб хоҳад ёфт».

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба ҳамдигар тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Баъдан меҳмонон аз мусаввараи таърихӣ, ки дар ошёнаи сеюми Китобхона ҷой гирифтааст, дидан намуданд. Таваҷҷўҳи ҷаноби Сафирро бештар Осорхонаи китоб, ки онҷо китобҳои қадима ҷой доранд, бахусус китоби Мавлоно Ҷалодуддин Балхӣ, «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва ашъори Ҳаким Умари Хайём ҷалб намуд. Ҳамзамон, ҷаноби Сафир ба хатҳои қадима аз қабили хатти авастоӣ ва паҳлавӣ таваҷҷўҳ зоҳир  намуд.

Баъд аз толори намоиши китоб, меҳмонон аз толори адабиёти хориҷӣ, ки онҷо гўшаи китобии Ҷумҳурии Индонезия ҷойгир аст, дидан намуданд. Дар умум, дар фонди шуъбаи адабиёти хориҷӣ ҳудуди 250 нусха китобҳои ҷадид нигаҳдорӣ карда мешаванд.

 Ёдовар мешавем, ки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқомат дар шаҳри Нур –Султон) ҷаноби Муҳаммад Фаҷрул Раҳмон дар ҳошияи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», ки дар шаҳри Душанбе мегузарад, ҳузур дорад.

Гуфтанист, ки ин дуюмин боздиди намояндагони дипломатии Ҷумҳурии Индонезия аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Чунончӣ, 25 октябри соли 2019 ҳайати парлумони Ҷумҳурии Индонезия бо роҳбарии муовини Раиси Палатаи намояндагон Фахрӣ Ҳамза аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварда, беш аз 250 нусха китоб ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуда буд.

 

Фарзонаи МИРЗО

Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ.