Муаллим Қучқоровро кӣ мешиносад?

Муаллим ҚучқоровДар бораи муаллим Аҳмад Ҳасанович Кучқоров дар аввали соли 80 асри гузашта зиёд мегуфтанду менавиштанд. Ин таълимдидаи мактаби педагогии Макаренко ва Сухомлинский замоне дар маркази шаҳри Душанбе мактаберо бунёд гузошт, ки дар он бачаҳои душвортарбияро таълим медод. Аз миёни ин бачаҳо баъдҳо чандин нафар ҳатто ба сафи олимон пайвастанд, ихтирокор шуданд, рӯ ба пажӯҳиш оварданд. Вале аксаран чун беҳтарин насли ҷавон мактабро хатм карданд

Овозаи мактаби ӯ беандоза буд. Аммо умраш хеле кутоҳ. Ман дақиқ ёд надорам, вале мегуфтанд анҷоми ҳаёташ фоҷеавӣ буд. Он замон дар ин бора хеле кам мегуфтанду менавиштанд…

Ва ин матлабро шахсан худам хуб дар хотир дорам. Соли 1983 А.Петровский, академики Академияи илмҳои педагогии Иттиҳоди Шӯравӣ дар маъруфтарин нашрияи чопи Москав “Литературная газета”  дар бораи ӯ бо номи “Муаллим Қучқоров” очерки муфассал навишт. Онро “Комсомоли Тоҷикистон” пурра чоп карда буд.

Бо гузашти чиҳил сол, чанде пештар вақте бойгонии матбуоти давриро варақ мезадам, ин мақола ба чашмам расид ва дар як лаҳза симои гарми устоди шодравон Аҳмад Қучқоров пеши назарам пайдо шуд. Аз ҳамкорон дар шуъбаи матбуоти даврӣ хоҳиш кардам пораеро аз ин очерк рӯи коғаз оранд, то дар сомона гузорем.

Бо ин як ҳадаф дорем: Шояд касе донад, ки ин мактаб ҳоло ҳаст ё на ва сарнавишти муаллим Қучқоров чӣ шуд?

Бобоҷон Шафеъ
******     ******     ******

Аҳмад Ҳасанович Қўчқоров …

Оё одаме, ки ҳар рўз, дар як ҷои кор бо одамон вомехўрад, дар назари онҳо шахси фавқулодда барҷаста буд метавонад?…

Бале, ин хел одамон ҳастанд!

Дар бораи Қўчқоров дастпарварони собиқ ба гўши шогирдони нав пичиррос зада мегӯянд: «вай ҳама чизро медонад, ҳама корро метавонад», «вай ба мо мисли падар аст». «Вай одамшиноси ҷудо ҳам зўр аст,аз ҳеҷ чиз наметарсад, ҳатто ҳангоме, ки бо колонияи ҷинояткорони хурдсол кор мекард, симҳоро тамоман канда партофту манораи посбониро сўхт, лекин ҳеҷ кас, ақаллан ягон кас нагурехт…».

Ба фикрам, бо чунин одам кор карданд (ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, котиби ташкилоти партиявии мактаб Валентина Николаевна Безрукова, сармураббӣ Валентина Павловна Садовская ва дигарон ёрдамчиёни олиҷаноби ў мебошад) ҳам шавқовар ва ҳам душвор аст.

– Ман мураббиёнро аз бачаҳо ҷудо намекунам, – мегуяд Қўчқоров.- Ва агар ман аз бачаҳо ягон чизро талаб кунам, аз мураббиён ду баробар бештар мепурсам. Зеро калонсолон ҳамон вақт ҳурмату эхтиром пайдо мекунанд, ки хама корро нисбат ба шогирдони худ чандин карат беҳтару хубтар ба сомон расонанд. Мураббиёни мо якҷоя бо бачаҳо ҳам кор мекунанд, ҳам суруд мехонанд ва ҳам мерақсанд. Мураббӣ шавқу завқи худро бояд бо бачаҳо гузаронида тавонад. Бачаҳо шахсияти мураббии худро бештар ба воситаи шуғли писандидаи ў дарк мекунанд. Онҳо алакай бовар карданд, ки Аҳмад Ҳасанович дар лагери меҳнату истироҳат аз ҳама хубтар кор мекунад, ҳангоми футбол моҳирона туб меронад, асбоби мусиқии миллии тоҷикӣ – торро ба таври дилхурўш менавозад, ба сурудҳо оҳанг мебанданд, хулоса ҳама корро бо баҳои аъло иҷро мекунад.

Ба фикрам, акнун дигар ҳоҷате нест, ки нодурустии баҳсро роҷеъ ба истифодаи таълимоти Макаренко ва Сухомлинский дар алоҳидагӣ исбот намоем. Таҷрибаи мактаби махсуси Душанбе исботи бевоситаи он аст. Ба фаъолияти ҳақиқатан ҳам эҷодкоронаи педагогӣ тақлиди рўякӣ ба ин ё он ҳикматҳои назариявӣ, ки дар асарҳои омўзгорони барҷастаи гузашта оварда шудааст, бегона ва ночаспон аст, дар сурате, ки фаъолияти амалии назариётчиёни охирин аксар ба акси хулосаҳои дар китобҳои дарсӣ зикршуда будааст.

Вақте ки Макаренко ба ҷинояткори дирўза бовар карда, маблағи калони пулро месупурд, вай «педагогикаи ҷуфт»-ро дар амал ҷорӣ мекард – маро барои анахронизм бубахшанд – «Мисли Сухомлинский» рафтор менамуд. Сухомлинский бошад, дар бисёр ҳолатҳо тарбияро  маҳз «дар колектив ва ба воситаи колектив» ба роҳ мемонад, ё бо ибораи дигар «Мисли Макаренко» рафтор карда, принсипи «таъсиррасонии дутарафа»- ро ҷорӣ менамуд.

Тарбия ҳамчун санъат ва ҳамчун илм тақозо мекунад, ки маҷмўи воситаҳои педагогӣ эҳтиёткорона, эҷодкорона, чун ҳунарманд зебою зубда истифода бурда шаванд. Манфиати бакорбарии ин усулҳо ба шахсияти омўзгору талаба, алалхусус дараҷаи ташаккули коллективе, ки устоду шогирд кор ва зиндагӣ мекунанд ва ниҳоят ба хусусияти замони таърихӣ вобастагии зич дорад. Аз ҳама асосӣ он аст, ки ба натиҷаҳои аввалин фирефта нашуда, манфиати тарбияро дар фосилаҳои давраҳо не, балки пас аз давраи тўлонӣ мувофиқи тағйиротҳои амиқ ва устувор муаян кардан лозим аст.

Пас аз ин гуфтаҳо ман мехоҳам аз нав ба мактаби махсуси Душанбе баргардам. Маълум, ки хонанда роҷеъ ба ин Донишгоҳ алакай тасаввуроти олӣ дорад. Дар воқеъ, боз аз ҳаёти дастпарварони мактаб, аз мактубҳои сершумор, ки саршори меҳру миннатдориянду аз сафҳои Армияи  Советӣ ва заводу фабрикаҳои ба унвони Қўчқоров ва нахустин директору таъсискунандаи мактаб профессор Д. И Фелдштейн навишта шудаанд, чандин мисолҳои фараҳбахш оварда, ин тасаввуроти некро пурқувваттар кардан мумкин аст.

Ғайр аз ин муқоиса бо дигар мактабҳои махсус нишон медиҳад, ки дар байни дастпарварони ин донишгоҳ, ки 16 сол вуҷуд дорад, миқдори ҷинояткорон хеле ва хеле кам аст. Бо вуҷуди ҳамаи ин суханони нек як вазъияти ҳузнангезро зикр накардан номумкин аст, ки  он дар баъзе мавридҳо заҳматҳои чандсолаи коллективро барбод дода метавонад.

Шогирд ин мактабро дар синни понздаҳсолагӣ хатм мекунад. Аксаран вай ба ҳамон оилае  меояд, ки ўро ба ҷиноят тела дода буд ва хоҳ нохоҳ бо дуздону майзадаҳо ва безориён ҳамнишин мешавад. Оё дар чунин вазъият вай боигарии дар мактаб ғункардаашро пурра ҳифз карда метавонад?

Пас роҳи халоси куҷост? «Илоҷаш ҳаст!»- мегўяд Аҳмад Ҳасанович. Ва андозае, ки ман медонам, он ташкилотҳои шаҳрию республикавӣ, ки проблемаҳои мактаби махсусро медонанд ва ин мактабро доимо дастгирӣ мекунанд, ба директор ҳамфикранд. Дар Душанбе омўзишгоҳи ҳунарие вуҷуд дорад, ки он ҷо наврасони ҷинояткори аз 15 – сола калон таҳсил мекунанд. Қўчқоров пешниҳод мекунад, ки мактаби махсус ва омўзишгоҳи махсус дар асли принсип ва анъанаҳои дар коллективи ў вуҷуддошта муттаҳид карда шуда, роҳбарияти ягона ба вуҷуд оварда шавад, то ки фарзандони оилаҳои вайрон ҳатто ягон лаҳза ба ҳукми тақдир вогузор нашаванд.

– Агар мо навраси душвортарбияро аз се зинаи тарбия – мактаб омўзишгоҳ, армия (артиш) гузаронем, – мегўяд директор – нуран алонур мешавад. Он гоҳ мо ба ў дониши амик, ҳам касбу кори аниқ, ҳам обутоби ҳаётию интизоми қатъӣ дода метавонем. Ба иҷрои ин фикр чӣ халал мерасонад? Монеаи идоравӣ! Мактаби махсус тобеи Вазорати маориф асту омўзишгоҳи махсус тобеи Комитети оид ба маълумоти касбию техникӣ. Аёнро ҳоҷати баён нест. Зарар ошкоро намоён аст. Наход, ки вазъият ҳамин хел бетағйир монад ва мо Қўчқоровро дар вазифаи ба ў хеле муносиб – директори иттиҳодияи махсуси тарбиявию таълимӣ дида натавонем?…

А. Ҳ. Қўчқоров – омўзгори олиҷаноб, аммо пеш аз ҳама шогирди педагогҳои барҷаста А. С. Макаренко ва В. А. Сухомлинский аст. Дар ҳақиқат дуруст гуфтаанд, ки бузургонро бузургон зинда медоранд!

Душанбе – Москва  Аз «Литературная газета» 25 маи соли 1983
«Комсомоли Тоҷикистон» 5 июн. саҳ 4. Соли 1983

Таҳияи Баргигул НАБОТОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи
матбуоти даврӣ
.