МУАРРИФӢ: “Библиографияи забоншиносӣ”

Дастури “Библиографияи забоншиносӣ”, ки ахиран чоп шуд, қонунҳо дар бораи забон, асарҳо, суханрониҳо ва паёмҳои табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба забони тоҷикӣ, китобҳои таҳқиқотӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ барои хонандагони мактабҳои миёна ва олӣ, барномаҳои таълимӣ, роҳнамо ва дастурҳо барои омўзгорон, мақолаҳо ба забони тоҷикӣ ва адабиёт ба забони русиро дар бар мегирад.

 

Дастур раҳнамоест барои муҳаққиқоне, ки дар илми забоншиносии тоҷик корҳои илмиву пажӯҳишӣ анҷом медиҳанд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар таҳияи “Библиографияи забоншиносӣ” асосан маводи махзани Китобхонаи миллӣ аз соли 1985 то соли 2019 истифода шудааст ва он бо саъю талоши кормандони Маркази “Конуни забони тоҷикӣ” ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мураттаб шудааст. Дар кори таҳияи он ҳамчунин кормандони шуъбаҳои библиографияи миллӣ ва феҳристнигорӣ низ саҳм гирифтаанд.

Ин дастур зери назари директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Файзализода Ҷумахон Хол чоп шуда, муовини Директори КМТ Гадобек Маҳмудов онро муҳаррирӣ кардааст.

Мураттибон Ҳайдаралӣ Аюбов ва Меҳрони Абдуллоҳанд.

Китоб ба теъдоди 100 нусха дар нашриёти “Меҳроҷ-Граф” чоп шудааст.

Меҳрони Абдуллоҳ.