Муаррифӣ: Бузургон андар ситоиши забони тоҷикӣ
Муаррифӣ: Бузургон андар ситоиши забони тоҷикӣ
Дар ин китоб, ки С.Аминов ва Д.Нуриддинов таҳия кардаанд, чанде аз гуфтори арбобони ҷамъиятӣ, олимон, аҳли адиби кишварамон ва мамолики наздику дур дар бораи забони тоҷикӣ гирд оварда шудааст. Возеҳ аст, ки ин мушт аз хирвор мебошад. Дар онҳо қадимию ширин ва хушсадою хушоҳанг будани забони тоҷикӣ таъкид гаштааст. Хондани ин порчаҳо дар қалби ҳар як фарди тоҷик, бахусус, насли ҷавон шавқў завқ, муҳаббат ва забони модарӣ ва эҳсоси миллиро бедоу қавитар месозад ва дар тарбияи худшиносии миллии насли ҷавон нақши бузург мебозад.
Китоб барои мактаббачагон, донишҷўён, омўзгорон ва дўстдорони забони тоҷикӣ пешниҳод мегардад.
Чанд намуна:
Ҳамчун номи тоҷик забони тоҷик ҳам таърихи ғанӣ ва рангин дорад ва барои муҳофизати қаламрави ҳастии худ бо забонҳои бегона ҳамеша дар набард будааст.
Эмомалӣ Раҳмон
*****
Забони форсии дарӣ мақоми худро аз нав пайдо карда, дар даврони оли Сомон хамирмояи офаридаҳои бузурги илмиву адабӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон
*****
Бояд забони китобҳои мактабии тоҷикон забони форсии сода бошад. Ба иборати дигар, забони аксарияти тоҷикони кўҳистон бошад.
Садриддин Айнӣ
*****
Яке аз муваффақиятҳои соҳаи ҳаёти маданӣ, ки дар асри 10 насиби тоҷик ва дигар халқҳои Хуросон ва вилоятҳои шарқии Эрон гардида, ба аҳамиятҳои муҳимми сиёсӣ низ соҳиб буд, дар қатори забони ҳукмрони давлатӣ – забони арабӣ ҳамчун забони адабии давлатӣ ҷорӣ шудани забони порсии дарӣ – тоҷикӣ мебошад.
Абдулғанӣ Мирзоев
*****
Забони адабии тоҷикӣ- забони миллати тоҷик, шакли асосии маданияти милии он ҳисоб мешавад ва дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёту фаъолияти халқ хизмат мекунад.
Додоҷон Тоҷиев
*****
Маҳз форсии гуфтугўии ҳиндӣ чун миёнарави муҳимми иртиботи байнифарҳангии халқҳои Ҳиндустон ва Осиёи Миёна дар таъсири фарҳанги ҳамдигарӣ нақши барҷаста бозид.
В.А. Капранов
Таҳияи Исроил Иброҳимов, мутахассиси шӯъбаи
маркетинг ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ.