МУАРРИФӢ. Девони Шамси Табрезӣ

«Девони Шамси Табрезӣ» маҷмўаи ашъори Ҷалолуддини Балхӣ, ки аз ғазалиёт, тарҷеъбанд, маснавии хурд ва рубоиёт таркиб ёфта, бо номҳои «Девони Кабир», «Қуллиёти девони Шамси Табрезӣ» ё «Ғазалиёти Шамс» низ маъруф аст. Ҷалолуддини Балхӣ аксари ашъорашро, ки натиҷаи талқини Шамси Табрезӣ ва илҳом аз ишқи ў медонист, ба номи Шамси Табрезӣ номгузорӣ кардааст. Баъзе шеърҳои ў (ҳудуди сад ғазал) ба номи Салоҳуддини Заркўб ё Ҳусомуддини Чалабӣ (ҳарду аз ёрону муридони Ҷалолуддини Балхӣ) омадаанд. Аз ахбори маъхазҳои гуногуни адабӣ ва ишораҳои муҳаққиқони соҳа бармеояд, ки Шамси Табрезӣ – Шамсуддин Муҳаммад Алӣ ибни Маликдод аз пирони суфия ва марди ҷаҳонгарде буда, дар нахустин мулоқот ҳастиву вуҷуди Ҷалолуддини Балхиро тасхир менамояд ва Ҷалолуддини Балхӣ як умр муриди рўҳонии Шамси Табрезӣ мегардад.

 Сабаби чунин ном гирифтани девонро Ҷалолуддини Балхӣ аз муҳаббати зиёд доштанаш ба Шамси Табрезӣ  медонад. Ў дар мақтаи ғазалҳояш номи Шамси Табрезиро чун ҳусни тахаллус овардааст.

«Девони Шамси Табрезӣ» нусхаи зиёде дошта, дар кишварҳои Ҳинд, Эрон ва Тоҷикистон борҳо ба табъ расидааст. Ҳаҷми умумии ашъори девонро муаллифони маъхазҳои адабӣ аз 30 то 50 ҳазор байт баршумурдаанд. Аммо нусхаи таҳиянамудаи Бадеъуззамони Фурўзонфар, ки борҳо дар Эрон чоп шудааст, як нусхаи чопи сангии мукаммали «Қулиёти Шамси Табрезӣ», ки дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик А. Мирзоев таҳти рақами 566 маҳфуз аст, аз 42 ҳазор байт иборат мебошад.

Ғазалҳои Ҷалолуддини Балхӣ аз нигоҳи шакл, миқдори абёт, сабки нигориш, лаҳни баён бесобиқаанд. Ғазалҳои кўтоҳаш беш аз се байт набуда, ғазалҳои дарозаш то  40-50 байт доранд ва қасидагунаанд. Дар «Девони Шамси Табрезӣ» аз нигоҳи муҳтаво ҳама чиз ҳаст: ҳам Офаридгор, ҳам Инсон, ҳам Қуръон, ҳам тафсир, ҳам ҳадис, ҳам тасаввуф, ҳам ахлоқ, ҳам иҷтимоиёт, ҳам фалсафаи таъйиди муддао ва бештар аз ҳама таҷассуми ҳаёти фардии шоир ва таъсири он дар байни ҷомеаи замон. Ҳикоятҳои  тамсилии ин девон, ки дар шакли ғазал омаданд, беназиранд.

 Мавлоно дар «Девони Шамси Табрезӣ» пеш аз ҳама ошиқ ва хостори ба висол расидан аст. Ишқи ў ишқ ва офаридгор бо ҷузъитарин офаридаҳои худовандист, ки ду дунёро бо ҳам мепайвандад. Мазмунҳои фалсафию ҳаётӣ, тасвири манзараҳои табиат, бахусус ҷилваи назаррабои фасли баҳор низ дарунмояи ғазалиёти ин шоири ориф мебошанд.

Дар  «Девони Шамси Табрезӣ» ғазалу рубоиҳои ҳасбиҳолӣ низ ҷой доранд.

«Девони Шамси Табрезӣ» солҳои 2007-09 дар Тоҷикистон бо номи «Девони кабир» дар 4 ҷилд (шомили 3229 ғазал, 44 адад тарҷеъот, 1 мустадракот, 1 маснавии хурд ва 1983 рубоӣ) ба нашр расид. «Девони Шамси Табрезӣ» ба забонҳои олмонӣ, фронсавӣ, англисӣ, русӣ, итолёвӣ, туркӣ ва ғайра тарҷума шудааст.

 

Бозчоп аз Энсиклопедияи Милии тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 444.

Муаллиф: А.М. Хуросонӣ

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳам нусхаҳои хаттӣ ва чопии осори Мавлоно ба забонҳои гуногун мавҷуданд, ки хонандагон метавонанд аз онҳо пурра истифода намоянд.

Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.