МУАРРИФӢ: Файзулло Ансорӣ. Куллиёти ашъор. Ҷилди 1.

   Файзулло Ансорӣ яке аз шоирони достонсароест, ки тавсифи Ватан ва мардуми саодатманди он, ишқи поки инсонӣ, муҳаббату садоқат ба халқу ватан, ғояҳои олии давраи бунёдкориҳо, эҳтироми калонсолон, муборизаи зидди хурофот ва тантанаи оинҳои нав мавзўи марказии эҷодиёти ўро ташкил додаанд.

                Қаҳрамонони асосии достонҳояш ҷавонони деҳотии   рўзгордидаю аз марҳамату меҳрубониҳои волидайн бенасибмонда, ҷавонони ошиқу ташаббускор, муборизу зиндадилу зиндагидўсту навҷўй ва дар роҳи амалӣ гардонидани мақсадҳои наҷиби худ устуворанд ва дар ин ҷабҳа бисёр мубориза мебаранд.

                Шоир дар достон ҳам ба ҳастии ҷавонон, ба муҳимтарини масъалаҳои ишқу оила диққати махсус дода, хусусиятҳои тозаи дар шароити имрўза пайдокардаи оиларо тавсир мекунад.

                Файзулло Ансорӣ аз ҷумлаи шоиронест, ки дар инкишофи адабиёти навини тоҷик ҳиссаи сазовор гузоштааст ва бо ашъори рангину баландмазмуни худ ба дили ҳаводорони назм роҳ ёфтааст. Ӯ аз  ибтидои ба майдони адабиёт ворид шуданаш бо услуби хоси эҷодӣ, мавзўъ ва мундариҷаи асарҳояш аз дигар шоирони давраи худ фарқ мекунад. Файзулло Ансорӣ зиёда аз 30 соли ҳаёташро дар роҳи инкишофи адабиёти муосири тоҷик сарф карда, дар ин муддат ҳабдаҳ асараш ба чоп расидааст.

                Адабиётшинос Алии Муҳаммадии Хуросонӣ дуруст мегўяд, ки «Файзулло Ансорӣ агарчи бо достонҳои эпикӣ ва асарҳои саҳнавӣ шуҳрати адабӣ пайдо кард, табиатан шоири лирик буд ва эҳсоси шоиронаашро метавонад дар достону драмаҳояш низ рўшан мушоҳида намуд. Шеърҳои суханвар бо хушнавоиву дилбозии лирикии худ ба рӯи мо дареро во мекунанд, ки торҳои нозуки дилро ба навозиш оварда, касро ба фикру андеша водор месозанд….”.

Ҷилди аввали “Куллиёти ашъор”-и Файзулло Ансорӣ ба тозагӣ дар нашриёти “Маориф”-и шаҳри Душанбе чоп шудааст ва хонандагони азиз ҳоло имкон доранд онро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

 

Шарофат Мирзоева