МУАРРИФӢ: Хайрандеш. “Ҳамешабаҳор”. Китоби аввал.

Китоби шоири шинохта Хайрандеш бо номи “Ҳамешабаҳор” ҳоло барои кулли хонандагони толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дастрас шуд. Ҳар касе завқи шеъри баланд дорад, метавонад бо ин китоб ошно шавад, онро мутолиа намояд.

Хайрандеш шоири маъруф асту соҳиби чандин маҷмуаи ашъор. Ҳоло тасмим гирифтааст дар чанд ҷил кулли навиштаҳои худро гирд оварад.

Шоир 4 апрели соли 1961 дар деҳаи Чагами Болои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ ноҳияи Шўрообод) дар оилаи омўзгор таваллуд шудааст.

        Мактаби миёнаро то синфи нуҳум дар зодгоҳаш хонда, як соли охир дар мактаби миёнаи рақами 30-и ноҳияи Коммунистӣ (ҳоло Кўшониён) таҳсил намуда, онро соли 1977 хатм кардааст. Баъди хатми мактаби миёна як сол роҳбари маҳфили хониши адабии Хонаи пионерони шаҳри Қўрғонтеппа (ҳоло Бохтар) буд.

        Соли 1978 ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1983 хатм намуд ва то соли 1993 дар мактаби рақами 40-и ноҳияи Кўлоб омўзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик буд. Баъдан, то соли 1999 ба ҳайси нозири калони Маркази иттилоотии раёсати гумруки вилояти Хатлон кор кардааст.

         Ҳамзамон аз соли 1997 то соли 2006 вазифаи директори Гимназияи ибтидоии «Хайрандеш»-ро ба уҳда дошт, ки муассиси гимназия худи шоир Хайрандеш буд.

          Солҳои 2001-2006 котиби масъули шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  дар вилояти  Хатлон буд.

           Аз 1-уми июли соли 2006 то 31 майи соли 2007 вазифаи муовини сармуҳаррири нашрияи «Иқтисод ва ҳаёт»-ро ба уҳда дошт.

          Аз 10 июни соли 2007 то 2 феврали соли 2009 ба ҳайси роҳбари  маҳфили «Оламафрўз»-и Маркази ҷумҳуриявии корҳои тарбиявии беруназмактабии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард.

           Як муддат дар Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон ҳамчун мушовири кафедраи забонҳо адои вазифа кардааст.

           Аз соли 2009 то соли 2011 корманди китобхонаи  ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе буд.

         Солҳои 2011-2012 сармуҳарририи нашрияи «Шарқи озод»-ро ба уҳда дошт.

         Аз 2-уми  апрели соли 2012 то 1-уми августи  соли 2012 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи «Таҳрир ва интишорот»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

        Солҳои 2012-2014 сардори шуъбаи «Таҳрир ва интишорот»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд.

        Солҳои 2014-2016 сармутахассиси шуъбаи Тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон буда, аз соли 2016 то ин дам сармутахассиси шуъбаи Маркетинг ва менеҷменти Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад.

        Ҳамзамон аз 4-уми январи соли 2016 то ин дам сармуҳарририи нашрияи «Пайрав»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ба уҳда дорад.

         Аз 15-уми сентябри соли 1981 ҷамъияти адабиеро бо мақсади дастгирии навқаламон ва адибони ҷавон бо номи Маҳфили Хайрандеш таъсис додаст, ки он дар шаҳрҳои Кўлоб ва Бохтар  амал карда, фаъолияти ин маҳфил имрўзҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома дорад. Маҳфили Хайрандеш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба се қисмат ҷудо мешавад: маҳфили «Ҳамешабаҳор», маҳфили «Равшандилон» ва маҳфили «Дунёи китоб».

          Хайрандеш таъсисдиҳандаи Маркази Тоҷикшиносӣ дар собиқ Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҳаст, ки ин Марказ имрўз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ фаъолият дорад.

          Шоир ба кишварҳои зиёд, аз ҷумла ба Русия, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Чин ва Туркия сафар кардааст.

 Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Аълочии маорифи Ҷумҳурии Точикистон мебошад.

                   Аз соли 1977 узви Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон аст.

         Оиладор. Соҳиби се фарзанд: ду духтар, як писар ва набераҳо.

                   Ин як ғазал аз ҳамин китоб аст:  

 

Эй гирифторон, гирифторам, гирифтори сухан,

Пуди худро бофтам як умр бо тори сухан.

Олам аз бекор безор аст, то коре  кунам,

Корҳо душвор шуд, душвортар кори сухан.

Бо сухан дору мадори бешуморе кардаанд,

Куштаи бисёр мебинам сари дори сухан.

З-осмонҳо бар замин омад фурў наззораам,

Қоматам хам гашт охир дар таҳи бори сухан.

Навбаҳор омад гулафшон, чеҳрахандон, дафзанон,

Ҳар касе ёри касе бошад, манам ёри сухан.

Подшоҳи олами шеър аз нажоди ориёст,

Мавлавӣ то ҳасту Фирдавсию Аттори сухан.

Бо сухан дилбастагонро, эй Худо, тавфиқ деҳ,

То қиёмат бош, Хайрандеш ғамхори сухан.

 Хайрандеш. Ҳамешабаҳор, китоби аввал

    Хуҷанд « Ношир»,  2020. 208 саҳифа.

  ва  Барои хондан ва дастрас намудани китоби «Хамешабаҳор» Шумо,  дўстдорони китоб метавонед аз шуъбаи кўдакон ва наврасони «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дастрас намуда мутолеа намоед.

Таҳияи Шаҳноза ДОНИЁРОВА,

Муовини сардори шўъбаи кўдакон ва наврасони КМТ