Муаррифӣ: Иброҳим Пирназарзода. “Рамзҳои давлатии Тоҷикистон”
Таърих гувоҳ аст, ки аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ ва ташаккули давлату давлатдорӣ соҳиби рамзҳои давлатӣ парчам ва нишони миллӣ буданд. Барои аҳли башар ва махсусан, барои ҳар як миллати соҳибдавлату соҳибфарҳанг пос доштани арзишҳо ва муқаддасоти фарогир аз меъёрҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ зарур дониста мешавад. Зеро, миллат ва ҷомеа дар ин муқаддасоту арзишҳо ормонҳои гузаштагону имрӯзиён ва сарбаландиҳои наслҳои ояндаи худро таҷассум менамояд. Мардуми куҳанбунёди тоҷик дар пос доштани арзишҳои милливу фарҳангии худ собиқаи камназир дорад.
Дар замони истиқлоли давлатӣ Ҷумҷурии Тоҷикистон бо қабули рамзҳои давлатӣ – Парчаму Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба марҳилаи муосири давлатдории миллӣ ворид гардид.
Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аркони муҳимми пойдории давлати соҳибистиқлол буда, бо тартиби муайян намудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Дар рамзҳои давлатӣ асолати таърихӣ ормону умед, азму талоши гузаштагони бонанги номуси миллати мо ба хотири ифтихору сарфарозии ояндагон инъикос гардида, ба ҷаҳониён аз таъриху фарҳанги давлатдории тоҷикон башорат медиҳанд.
Воқеан, давлатдорӣ бидуни нишонаҳои сиёсиву давлатӣ асл ва моҳияти худро гум карда, дар баробари воқеияти рӯзмарраи башарӣ ҷавобгӯй буда наметавонад.
Миллати тоҷик муқаддасоти худро дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намои рамзҳои ҷудогона, ба монанди Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ муаррифӣ менамояд. Дар ин миён парчам таҷассумгари таърихи куҳан ва ормону орзуҳои мардуми тоҷик дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ буда, моро ба ҷаҳониён чун мардуми соҳибтамаддун ва сулҳдӯсту эҷодгари зиндагии сазовор нишон медиҳад.
Аз тарафи дигар, ҳар давлате, ки бар асоси иродаи сиёсии халқ зуҳур карда, манофеи милливу давлатиро амалӣ мегардонад, ба рамзҳо ва муқаддасоти дигари давлатӣ арҷ мегузарад. Ин арҷгузорӣ дар айни замон аломат ва нишонаи истиқлоли сиёсиву давлатӣ маҳсуб меёбад.
Давлати ҷавони Тоҷикистон ба арсаи байналмилалӣ бо рамзҳои давлатӣ ва низоми муосири давлатдории миллии худ ворид гардид.
Мо аз он ифтихор менамоеям, ки имрӯз тарҳи парчами мо нишонаву аломати парчамҳои аз аҳди бостон парафшоншударо то ба парчамҳои давраҳои минбаъдаи таърихи куҳан, ҳаёти бардавому ифтихорманд ва ояндаи дурахшони кишвари азизи мо ба мардуми некӯсиришту заковатманд ва фарҳангсолору тамаддунофараш инъикос мешаванд.
Рамзҳои давлатӣ дар ҳама давру замон рамзи иттиҳоду ҳамбастагии милливу мардумӣ ба ҳисоб рафта, дар густариши бедории миллӣ нақши калидӣ доштанд ва доранд.
Дар асоси омори дақиқ миллати сарбаланди тоҷик дар давраи аз 9 сентябри соли 1991 то 24 ноябри соли 2009, бо паси сар шудани беш аз 6000 шабонарӯз марҳалаи душвори давлатсозиву давлатдории миллии навини худро сарбаландона анҷом дода, парчами саодату иқбол ва рамзи ташаккули давлати тоҷиконро бо ҳидояту раҳнамоии Сарвари муаззаму беназири миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баландии 165 метр партавафшон намуд, ки он дар фазои ҷаҳон аз баландтарин парчам буда, тамаддун ва фарҳангу заковати баланди давлатдории тоҷиконро дар назди аҳли башар собит намуд.
Дар силки давлатсозиву қаҳрамониҳо чунин ибтикори бузурги Сарвари тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари фидокориву қаҳрамониҳои гузаштагони мо, ҳамрадифи ҷонфишониву аз худгузаштагонҳои Коваю Спитамен, Муқаннаъ ва Шерак аст, ки ин ҳама аз рисолати беназири ватандорӣ, мардумпарастиву инсондӯстӣ, озодагиву озодихоҳӣ худогоҳиву хештандории ин шахсияти маъруфи башарият далолат мекунад.
Аз ин лиҳоз, давлати муосири тоҷик ва мардуми Тоҷикистон бар мабнои ифтихороти давлатдорӣ солҳост санаи 24-уми ноябрро ба унвони Рӯзи Парчами давлатӣ ва тантанаи давлатдории навини тоҷикон таҷлил менамояд.
Дар баробари Парчами давлатӣ ба сифати муқаддасоти миллӣ Нишони давлатӣ яке аз рамзҳои муҳимми давлатдории муосири миллӣ мебошад. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар замони истиқлоли давлатӣ шоҳсутуни Нишони давлатии Тоҷикистон пеш аз пояи Парчами давлатӣ қомат афрохт ва ин дар қатори рамзҳои давлатӣ мақоми хоса доштани онро нишон медиҳад.
Дар охири садаи сипаригашта ва оғози асри XXI ба шарофати истиқлолу озодӣ тоҷикон имкон пайдо карданд, ки муқаддасоти давлатиро бо такя ба мероси гузаштаи миллӣ ва таҷрибаи давлатдории башарӣ тарҳрезӣ, таҳия ва қабул намоянд, Дар ин миён Нишони давлатӣ ба сифати яке аз рамзҳои давлатӣ дар таҳкими иқтидори сиёсӣ ва тақвияти раванди давлатсозии миллӣ таъсири муҳим гузошт.
Интихоби маҷмӯи тасвирҳое, ки дар Нишони давлатӣ таҷассум ёфтанд, ба муҳит ва фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ ва мафкуравию фарҳангии миллати тоҷик мутобиқ аст.
Суруди миллӣ низ яке аз рамзҳои давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки аз рӯзи қабули расмӣ ба сарвати бузурги маънавии халқ тадбил ёфта, онро тамоми қишрҳои ҷомеа бо муҳаббат ва садоқати бепоён нисбат ба Ватан ва давлатдории миллии худ якдилона тараннум мекунанд.
Мақоми ҳуқуқи рамзҳои давлатии Тоҷикистон баробар бо қабули Эъломияи истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда шудаанд. Тибқи банди 18 Эъломияи истиқлоли давлатии Тоҷикистон, моддаи 3 Конститутсия ва муқаддимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд.
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи қудрату ҳастӣ ва дорои тоҷу тахти давлатдорӣ будани тоҷикон ба ҳисоб рафта, унсуру аломатҳои он инъикосгари фарҳангу маданияти миллати давлатсолори тоҷик мебошад.
Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатдорӣ, озодӣ, пойдории истиқлоли давлатӣ ва иттиҳоди қавии шаҳрвандон, баёнгари дӯстӣ ва ягонагии тамоми мардуми кишвар ба шумор мераванд.
Дар баробари Парчами миллӣ ва Нишонӣ давлатӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунандаи оҳанги якдилӣ ва иттиҳоду дӯстии устувору бародаронаи ҳамаи сокинони мамлакат маҳсуб меёбад.
Ин сатрҳо аз пешгуфтори китоби Иброҳим Пирназарзода “Рамзҳои давлатии Тоҷикистон” иқтибос шуданд, ки ахиран дар нашриёти «Эр – граф» ба табъ расидааст.
Китоб таҳти назари номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ таҳия шудааст.
Хонандагони азиз метавонанд ин китобро дар ҳар толори хониши Китобхонаи миллӣ суроғ ва мутолиа намоянд.
Меҳрангез Муҳаббатова