МУАРРИФӢ. Китоби дуюми “Президент”

Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва Истиқлолияти миллӣ, солҳои 2007-2013). Китоб зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ аз ҷониби Абдуфаттоҳ Шарифзода ва Заробиддин Қосимӣ таҳия шудааст.

Дар ин китоб натиҷаҳои фаъолияти гуногунпаҳлуи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба бунёдкорию созандагӣ, тарғиби арзишҳои волои давлатдории миллии тоҷикон, тарбияи насли ҷавони кишвар дар руҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ ва омӯзиши амиқи илму техникаи муосир ва ҳамчунин дар самти ҳифзи шоистаи манфиатҳои давлати Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон инъикос ёфтаанд.

Дар сарсухани китоби дуюм мехонем:

Дар китоби “Президент” муҳимтарин паҳлуҳои фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз 6 уми ноябри соли 2006 то 16 уми ноябри соли 2013 дарҷ гардидааст ва дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо далелҳои муътамад, таҷассум гардидааст.

Ҳамаи монеаҳои бузург ва қуллаҳои баланде, ки мардуми Тоҷикистон минбаъд фатҳ намуда, ба сатҳу сифати нави рӯзгор, ба сатҳи зиндагии шоиста бояд бароянд, дар суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи савгандёдкунии тантанавии ӯ – 18 ноябри соли 2006 ба таври возеҳу равшан баён гардид.

Савганд ба номи поки Худо, савганд ба шири сафеди модарам, савганд ба дуои неки падарону модарон, савганд ба нону намаки дастурхони пиру ҷавон, савганд ба обу хоки муқаддаси Ватан, ки масъулияти тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллати тоҷикро бар дӯш мегирам.

Савганд ба чони ҳафт миллион фарзанди Тоҷикистони азиз, ки тамоми ҳастӣ, нерӯву ғайрат ва таҷрибаву иродаамро ба Тоҷикистони соҳибистиқлол мебахшам”.

Ин савганди бисёр самимӣ ва басо муассиру рӯҳбахш, ки он аз рӯз аз умқи дилу ҷони Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон садо дод, ба дилу хурду бузурги Тоҷикистон роҳ ёфт ва умеду эътимоди онҳо ба фардои дурахшони сарзамини мо тақвият бахшид.

Муаллифон ҳар як мақолаи китобро, ки ба як соли фаъолияти давлатдории Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, бо назардошти муҳимтарин рӯйдоди сол номгузорӣ кардаанд. Оғози марҳилаи нав шудани 2007, соли 2008 таҷлили 1150 солагии сардафтари адабиёти классики тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, соли 2009 бо ширкати меҳмонони баландмақоми кишварҳои исломӣ таҷлил гардидани “Соли бузургодошти Имоми Аъзам”, “ Соли маориф ва фарҳанги техникӣ” эълон шудани соли 2010, соли 2011 – “20 солагии Истиқлоли давлатӣ”- ро метавон соли барқароршавии рушди бонизоми кишвар, “Эмомалӣ Раҳмон ва Қасри арбоб”, дар таърихи муосири Тоҷикистон соҳибистиқлол чун соли таҷлили солгарди 20 – уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва Интихоби мардум номгузорӣ кардани соли 2013 бо назардошти рӯйдоди муҳиму назарраси соли 2013 дар Тоҷикистон баргузории интихоботи Президентӣ ва аз нав ба мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Сарвари арзандаи давлату миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо гузашти вақт таҷлили бошукӯҳи ҳамаи чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ далели равшани таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба адабиёту фарҳанги ҷаҳонгир ва рушди илму маориф дар марҳилаи нави бунёдкорию созандагии Тоҷикистони озоду дунявӣ мебошад.

Яке аз омилҳои асосии муваффақияти сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллати Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ӯ бо такя ба таъриху фарҳанги пурғановати мардуми тоҷик тавонист миллатро атрофи ғояи ваҳдати миллӣ муттаҳид созад. Маҳз арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги пурарзиши ниёгон намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба ҳам овард.

Ҳадаф аз сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат ва рӯй овардан ба ҳувияти миллӣ, зиракии сиёсӣ, худшиносию меҳанпарастӣ ва дар маҷмӯъ эҳтирому шукргузорӣ аз истиқлоли сиёсӣ мебошад.

Пас аз мутолиаи ин китоб хонандаи гиромӣ ба хубӣ огоҳ хоҳад шуд, ки дарвоқеъ марҳилаи баъдиҷангии Тоҷикистони навин хеле душвору мураккаб, вале ҳамзамон бо дастовардҳои назаррасу умедбахш ҷараён гирифтааст. Бешубҳа, заҳматҳо ва фидокориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 16 –умин иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 сарчашма мегирад, дар тӯли ин солҳо самараҳои нек ба бор оварда, симои кишвар ва сатҳи иҷтимоии аҳолиро дигаргун сохтааст.

Ин китоб яке аз манбаъҳои бисёр арзишманд барои муҳаққиқони бахши сиёсатшиносӣ, донишмандони риштаҳои гуногуни улуми иҷтимоӣ, донишҷӯёну аспирантон ва дигар алоқамандони илму адаб буда, хонандагони гиромӣ аз мутолиаи он бардоштҳои хуберо ба даст хоҳанд овард.

Китоби дуюми “Президент”-ро шумо хонандагони азиз, метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова.