МУАРРИФӢ. Китоби сеюми “Президент”
Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва Истиқлолияти миллӣ, солҳои 2014-2020). Китоб зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ аз ҷониби Абдуфаттоҳ Шарифзода, Заробиддин Қосимӣ, Самариддин Айниддин ва Субҳиддин Шамсиддинзода таҳия шудааст.
Муҳтавои китоб дар сарсухани муфассали он омадааст, ки онро айнан меорем:
Дар ин китоб, ки солҳои 2014-2020-ро дар бар мегирад, муҳимтарин паҳлуҳои фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ ва дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо далелҳои мӯътамад таҷассум гардидааст.
Бояд гуфт, ки ҳар соли фаъолияти серҷабҳаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боровар буда, баргузории сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, иштирок дар чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷумҳуриявию байналмилаллӣ ва ифтитоҳи иншооти наву замонавии таъйиноти гуногун, боздидҳои расмию давлатӣ ва корӣ ба давлатҳои дигар ва машваратҳои корию суҳбатҳои самимӣ бо намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли заҳмат ва сокинони шарафманди мамлакатро фаро мегирад, ки ҳамаи онҳо дар китоб гирд оварда шудаанд.
Давоми солҳои 2014-2020 низ бо роҳбарии хирадмандона ва иқдомҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон дар роҳи эъмори ҷомеаи мутамаддин ва аз ҳар ҷиҳат пешрафта иқдомҳои шоиста амалӣ гардид. Бо шарофати сиёсати бобарор ва интихоби самтҳои ояндадори стратегӣ, аз қабили баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноаткунонии босуръати кишвар, мардуми Тоҷикистон дар бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба пешравиҳои амиқ ноил гардиданд.
Дар китоб муаллифон ҳар як солро вобаста ба руйдоди муҳими он номгузорӣ кардаанд, чунончи соли 2014 дар робита ба истиқболи густурда аз 600- солагии Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ шартан “Соли Мавлоно Ҷомӣ”, соли 2015-ро “3000- солагии Ҳисор”, 2016 – 25 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, 2017 – “Соли ҷавонон”, 2018 – “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, 2019- “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва соли 2020 соли “5500-солагии Саразм” номида шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар як давраи кӯтоҳи таърих мардуми соҳибтамаддуни тоҷик таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо истифода аз пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва бо заҳмати софдилона корҳои ободониву созандагиро вусъат доданд.
Баъди барқарор кардани сохти конститутсионӣ солҳои минбаъда мардум аз сулҳу ваҳдати сарторсарӣ ва истиқлоли давлатӣ шаҳд мечашанд ва санаҳои таърихӣ, ҷашну идҳои миллӣ Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, Рӯзи модар, Рӯзи Парчами давлатӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо баргузор кардани тадбирҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ таҷлил менамоянд. Аз ҷумла, шаҳрвандони мамлакат соли 2016 – 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ, соли 2017 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 – солагии қабули Парчами давлатӣ, 25 – солагии узвияти Тоҷикистон дар СММ, соли 2018 – 25 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистонро бо ифтихори баланди ватандорӣ ҷашн гирифтанд.
Дар китоб як қатор тадбирҳои муҳиме, ки аз 2014- то 2020 дар кишвар амалӣ шуд ва омили асосии муаррифии давлату миллати тоҷик дар арсаи олам гардид, пурра инъикос ёфтааст. Оғози татбиқи Даҳсолаи нави байналмиллалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”–ташаббуси чоруми Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ ва ба фаъолият оғоз кардани агрегати аввали Неругоҳи барқи обии “Роғун”, Баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар давраи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории Симпозиуми байналмилалии “Саразм – оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон” ба ифтихори 5500 – солагии Саразм аз ҷумлаи чорабиниҳои назарраси ин солҳо мебошад.
Ин тадбирҳо бори дигар давлату миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари сулҳхоҳ, мардуми нексиришт, покизарӯзгор, ободгар, ботадбир ва соҳиби фарҳанги бою таърихи қадима муаррифӣ намуд.
Дар китоб омадааст, ки соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ омад. Пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хидматрасонии кишвари мо низ таъсири манфии худро расонида истодааст. Мардуми кишвар бо роҳбарии хирадмандона, кордонӣ бо тадбирҳои ояндасозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кард.
Китоб барои доираи васеъи хонандагон, донишҷӯён ва унвонҷуён пешкаш мегардад, тамоми талошҳову табирҳои созандаи Президенти мамлакат ва пуштибонии амиқу мардуми шарафманди тоҷик аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2014-2020 ҷамъ оварда шудааст.
Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова.