Муаррифӣ: Луғати англисӣ ба русиву тоҷикӣ ва русӣ ба ангилисиву тоҷикӣ

«Луғати англисӣ ба русиву тоҷикӣ ва русӣ ва ангилисиву тоҷикӣ» калима ва ибораҳои серистеъмоли забонҳои номбаршударо дар бар мегирад. Луғати номбурда барои хўдомузону донишҷўён ва умуман шахсоне, ки мехоҳанд забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русиро омўзанд, тартиб дода шудааст.

Луғати мазкур аз рўи алифбои забони англисӣ ва русӣ тартиб ёфтааст. Дар саҳифаи шашуми луғат ихтисорҳои шарти ҷой дода шудааст. Худомўзон ва донишҷўён баъди аз худ кардани ин ихтисорҳо ва луғатҳои дар китоб мавҷуда метавононд озод бигӯянд, ки калимаҳои азбаркардаи онҳо кадом ҳиссаи нутқ мебошанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар ин китоб транскрипсияи ҳама калима ва ибораҳои забони англисӣ оварда шудаанд. Инчунин қисми зиёди феълҳои нодурусти забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ дар луғат зикр ёфтаанд. Шаклҳои замони гузаштаю ояндаи феълҳои нодурусти забони англисӣ дар қавсайн оварда шудаанд. Дар луғат задаи калима ва ибораҳои забони тоҷикӣ низ гузошта шудаанд.

Дар охири луғат грамматикаи забони англисӣ ба тариқи мухтасар ҷой дода шудааст.

Гуфтан бамаврид аст, ки «Луғати англисӣ ба русиву тоҷикӣ ва русӣ ба ангилисиву тоҷикӣ» беҳтарин раҳнамо барои худомўзон ва донишҷўён мебошад ва онҳо метавонанд дар кутоҳтарин мўҳлат калимаҳои серистеъмоли забонҳои мазкурро ёд гиранд.

Абдуғаюр САЛОМОВ.