Муаррифӣ. Пешсухани шоири маъруф Ато Мирхоҷа ба китоби Абдуллоҳи Раҳнамо

“Дӯст дор зистан” китоби нави шоири тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо, ки ҳамакнун дар Китобхонаи миллӣ дастрас аст, сеюмин маҷмӯаи ашъори шоир аст. Аз ин пештар китобҳои ашъораш бо номҳои “Оғози дӯстдорӣ” ва “Ту ба гуфтан намеоӣ” чоп шуда буд. “Дӯст дор зистан” бо сарсухани шоири маъруф Ато Мирхоҷа интишор ёфтааст, ки онро ба ҷойи муаррифӣ меорем, то бо муҳтавои ашъори Абдуллоҳи Раҳнамо бештар шинос шавед.

Сухане дар бораи ин маҷмӯа

Китобе, ки дар даст доред, мунтахаби ашъори яке аз шоирони хуби муосири мо Абдуллоҳи Раҳнамо мебошад, ки ба муносибати 50-солагии муаллиф гулчин ва тадвин шудааст. Он яксилсила шеърҳои нави муаллиф ва ҳамчунин, баъзе намунаҳоро аз маҷмўаҳои пешина ў – «Оғози Дустдорӣ» (2003) ва «Ту дар гуфтан намеойӣ..» (2015) дар бар мегирад.

           Абдуллоҳи Раҳнамо барои хонандагони адабиёти муосири тоҷик номи ошно буда, навиштаҳои аввалини ўро ҳанўз дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта устод Бозор Собир дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ва маҷаллаи «Фарҳанг» бо сарсуханҳои дилнишин ба ҷомеа муаррифӣ намуда буданд. Ҳанўз дар ҳамон солҳо ў дар муҳити ҷавонону донишҷўён ҳамчун шоири ҷавони соҳибистеъдод шуҳрати зиёд ёфта буд ва навиштаҳояш дар матбуоти даврӣ пайиҳам чоп мешуданд. Аввалин маҷмўаи шеърҳои даврони ҷавонии ў бо номи «Оғози дўстдорӣ» соли 2003 бо сарсухани устод Низом Қосим дар нашриёти «Адиб» ба табъ расида буд.

     Солҳои баъдӣ низ эҷодиёти назмию насрии Абдуллоҳи  Раҳнамо ба таври пайваста дар матбуот ва расонаву шабакаҳои иттилоотӣ нашр мешуданд, ки аксари онҳо дар маҷмўаи дуюми шеърҳои ў бо номи «Ту дар гуфтан намеойӣ..»  соли 2015 бо пешгуфтори устоди назми муосири тоҷик Муъмин Қаноат гирдоварӣ гаштаанд.

       Дар солҳои охир Абдуллоҳи Раҳнамо бештар чун муҳаққиқи соҳаҳои илмию ҷамъиятӣ ба публитистикаи сиёсӣ ва таҳияи китобу мақолаҳои илмӣ дар ин самт машғул буд, ки маҳсули ин фаъолияти пурбори ў барои ҷомеа  ошност. Бо вуҷуди ин, аз маҷмўаи назару маводе, ки солҳои гузашта ва имрўз устодони шинохтаи илму сухани кишвар ва муҳаққиқони илми адабиётшиносӣ Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулрухсор, Раҳимӣ Мусалмониён, Низом Қосим, Рустами Ваҳҳоб, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Толиби Луқмон  ва дигарон дар бораи шеърҳои Раҳнамо навиштаанд, метавон гуфт, ки сурудаҳои ў ҳамоно таваҷҷуҳи ҷиддии аҳли завқу таҳлилу андешаро сўйи худ мекашад.

         Хусусан, истиқболи васеъ ёфтани ашъори имрўзи Раҳнамо аз тарафи корбарони расонаву шабакаҳои маҷозӣ, ки миёни онҳо аҳли илму адабиёт ва аҳли завқ кам нестанд, нишон медиҳад, ки имрўз ў яке аз шоирони пуркор ва матраҳ дар фазои адабии мо мебошад. Аз ин миён, бахусус силсилаи ашъори иҷтимоӣ ва ватандоронаи ў дар солҳои охир, ки мавзуъҳои муҳим ва мубрами рўзро дар бар гирифта, ба такмили маърифату таҳқими ҳисси ватандўстонаи ҷомеа равона шудаанд, боиси такони ҷиддие дар ин самт гаштаанд. Хусусияти асосии ашъори иҷтимоии ў дар он аст, ки худи муаллиф ҳамчун мутахассиси илмҳои ҷамъиятӣ ва собиқадори хизмати давлатӣ аз аксари арзишҳои бунёдии ҷомеа ва давлат, масъалаҳои мубрами сиёсию иҷтимоӣ ва таҳдиду чолишҳои мавҷуда дар раванди таърихии таҳкими давлатдорӣ ва истиқлолияти сиёсии кишвар ба хубӣ огоҳ буда, бо як салоҳияти хос дар шеъри худ онҳоро аз мавқеи баланди шаҳрвандӣ ва ватандорӣ  ба миён мегузорад.

           Аммо ба ин далел, ки дар китоб бахши асосии пешсухани бисёр арзишманди устод Муъмин Қаноат бар маҷмўаи «Ту дар гуфтан намеойӣ…»  ва пешгуфтори кўтоҳи устод Низом Қосим бар маҷмўаи «Оғози дўстдорӣ» – и  Раҳнамо оварда шудааанд, назари ин ду саррофи нақди суханро барои арзёбии шеъри ў кофӣ  дониста, ин ҷо таҳлилу баррасиву намунаоварии ҷузъии ашъори Раҳнаморо пас аз нашри китоб ба мунаққидону муҳаққиқони гиромии соҳаи адабиёт мегузорем.

           Танҳо бо иловаи ин нукта, ки чун маҷмўа хусусияти ҷашнӣ дошта, дар он шеърҳои  давраҳои гуногуни эҷодиёти муаллиф, аз ҷавонию донишҷўйӣ то ишқу андуҳ ва аз даврони тасвиргарии лирикӣ то марҳалаи ашъори муосири иҷтимоиву ватансароӣ интихоб гаштаанд, ҳар яки онҳо  рўҳия ва лаҳзаҳои бисёр мухталифи давраҳои гуногуни зиндагии муаллифро ифода мекунанд, ки бояд хонанда онро дар назар дошта бошад. Аммо дар як маҷмўаи ҷашнӣ аҳамияти чунин интихоб дар он аст, ки он на танҳо ҳунари эҷодӣ, олами тахайюл ва ҷаҳонии фикрии муаллиф, балки хатти таҳаввули эҷодиёти ў ва марҳалаҳои камолёбии шаклӣ ва мазмунии шеърашро ба хубӣ нишон дода метавонад.

           Бо табрики самимонаи панҷоҳумин баҳори умри Абдуллоҳи Раҳнамо, барои ў саломативу хушбахтӣ ва дар ҷодаи эҷодӣ комёбиҳои навинро орзу дорем. Бо ин таъкид, ки адабиёти муосир ва ҷомеаи адабпарвари мо аз ин чеҳраи соҳибистеъдоди худ, ки инак, ба синни камоли эҷодӣ мерасад, ҳам дар назми ғаноиву иҷтимоӣ ва ҳам дар насри бадеиву публитсистӣ осору қадамҳои ҷиддиву устуворро интизор аст

Ато Мирхоҷа

Таҳияи Шарофат Мирзоева